Рушди ҳамкориҳои судманд

Имрӯз (09.02.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағониро ба ҳузур пазируфт.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ Беҳзоди Рафеъӣ – вобастаи низомии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Саидмӯҳсин Рашид-ул-Исломӣ – мушовири Сафир ширкат варзиданд. 

Ҷонибҳо зимни мулоқот дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм ва хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ табодули афкор намуданд.

Қайд гардид, ки масъалаҳои зикргардида на танҳо Тоҷикистону Эрон, балки тамоми давлатҳои минтақаро ба ташвиш овардааст. Дар ин масоил Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити зичи ҳамкориҳоро роҳандозӣ намудаанд.  

Дар хотимаи мулоқот тарафайн аз рушду нумӯъ ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия.  

 
Баимзорасонии Шартнома байни мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Хитой

Имрӯз (30.01.с.2015), вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо Шартномаи байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитойро оид ба расонидани кӯмаки бебозгашт ба имзо расониданд.

Ин кӯмак аз сару либоси махсуси низомӣ (тобистонаю зимистона) иборат буда, барои кормандони милитсия пешбинӣ гардидааст ва маблағи он 940 ҳазор юани хитоиро ташкил медиҳад.     

 
Ташрифи намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин ба ВКД

Имрӯз (10.12.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин таҳти роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати мазкур ҷаноби Ан Вейсинро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байни ду вазорат дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Солиҳов Х.М.

 
Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Эрон дар Тоҷикистон

Имрӯз (08.12.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, ки ба ин вазифа ба наздикӣ таъин гардидааст, вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ инчунин мушовири Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Саидмуҳсин Рашид-ул-Исломӣ ва вобастаи низомии ҳамин Сафорат Беҳзод Рафеъӣ ширкат доштанд. 

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо муовини сардори Раёсати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии халқии Чин

Имрӯз (04.12.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муовини сардори Раёсати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии халқии Чинҷаноби Ма Вэйяро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байни ду вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон

Имрӯз (04.12.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии (парлумон) Ҷумҳурии исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу ва дигар намояндагони парлумони ин кишвар иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини амният, тайёр намудани кадрҳо ва дигар мавзӯҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ»

Имрӯз (28.11.с.2014), Вазири корҳои  дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Чин хонум Эми Лин вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо раванди амалигардонии лоиҳаи  «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунии  ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати «Хуавей технолоҷӣ» омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд гардид, ки қисматҳои зиёди лоиҳаи мазкур амалӣ шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Аммо дар баробари ин, баъзе камбудиҳои ҷойдоштаро низ бояд бартараф сохт. Аз ҷумла, омода намудан ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи мазкур, бартараф намудани баъзе нуқсонҳои техникӣ аз мавзӯҳои асосӣ ба ҳисоб рафтанд.

 
Мусоҳибаи Вазири корҳои дохилӣ бо хабарнигорони нашрияи амрикоии «United world-USA»

Имрӯз, (22.11.с.2014) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро хабарнигорони нашрияи амрикоии «United world-USA» Маркус Ранкович ва Лукис Спитро ба ҳузур пазируфта, ба саволҳои онҳо муфассал ҷавоб гардонид.

Аз ҷониби хабарнигорон дар мавзӯҳои ислоҳоти милитсия, барномаҳои таълимии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо дигар мақомотҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саволҳо дода шуданд, ки онҳо посухи худро гирифтанд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Кевин Аллен

Имрӯз (15.11.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, ашхоси бетабаа ва ба паноҳгоҳ эҳтиёҷдошта мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо муовини Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой

Имрӯз (31.10.с.2014) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой Мэн Хунвей вохӯрии ғайрирасмӣ баргузор намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои кибернетикӣ, омӯзиш ва муқовимат бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуданд.  

 
Ташрифи намояндагони САҲА ба ВКД

Имрӯз (29.10с.2014) ҳайати Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон бо роҳбарии Ричард Лаппин, мушовири калони интихоботии САҲА ба Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварданд. Ҳангоми ташриф роҳбари ҳайатро Алексей Громов, мушовири интихоботии САҲА ва Мария Чепурина, масъули Барномаи Анҷумани парлумонии САҲА ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳайати мазкурро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ба ҳузур пазируфт.

Сараввал муовини Вазири корҳои дохилӣ ҳайати меҳмононро ба Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки Вазорати корҳои дохилӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ҳамкории судманд, аз ҷумла дар самти ислоҳоти милитсияро ба роҳ мондааст.

 
Пазироии Рамазон Раҳимзода аз Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Абдулризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфт.

Рамазон Раҳимзода аз имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ», ки дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷанобӣ Ҳасани Рӯҳонӣ ба вуқуъ пайваст, изҳори қанотмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Эрон сол аз сол рушду инкишоф ёфта, робитаҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-маданӣ беш аз пеш тақвият меёбанд.

 

 
Тавсеаи ҳамкориҳо байни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Хитой

Имрӯз (20.09.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Вэй вохӯрӣ доир намуд.

Дар оғози мулоқот ҷонибҳо оид ба баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ – ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки чанде қабл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

 

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой

 

Рӯзи 9-уми сентябри соли 2014, ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо роҳбарии муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии ин кишвар ҷаноби Лю Янпин ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳузур пазируфт.

 

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739296
ИмрӯзИмрӯз1301
МоҳМоҳ18998
ХамагиХамаги3739296

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.