Баррасии муносибатҳои дуҷониба бо Сафири Эрон дар Тоҷикистон

Имрӯз (27.05.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар самти муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ, ҳамчунин омода намудани кадрҳо, робитаҳои омӯзишӣ-пажуҳишӣ ва дигар самтҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор доданд.

 
Омодагӣ барои гузаронидани машқҳои тактикӣ-низомӣ

Имрӯз (16.05.с.2015) дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии гурӯҳи кории созмондодашудаи байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оиди гузаронидани машқҳои тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ доир гардид.

Гурӯҳи кории зикргардида паҳлӯҳои гуногуни омодагӣ барои гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсорро, ки дар маркази таълимии «Мағов»-и ВКД воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат пешбинӣ шудааст, омӯхта баромада, аз натиҷаи он протокол тартиб доданд.

 
Баррасии ҳифзи ҳуқуқҳои гурезаҳо

Имрӯз (16.05.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, ашхоси бешаҳрвандӣ ва шахсони паноҳҷӯянда мавриди баррасӣ қарор доданд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой

Имрӯз (14.05.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ма Вэйя вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ байни мақомотҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шароити кӯҳсор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
Сулҳу суботи комил дар Тоҷикистон дастоварди бузург аст, - чунин изҳор намуд, Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Соомро

Имрӯз (05.05.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Тариқ Иқбол Соомро, ки ба ин вазифа ба наздикӣ таъин гардидааст, вохӯрӣ доир намуд.

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Тариқ Иқбол Соомроро хайра мақдам гуфта, табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро оиди таъин гардиданашон ба вазифаи пурмаҳсули дипломатӣ изҳор намуд.

 
Муборизаи дастаҷамъона бо зуҳуроти номатлуб

Имрӯз (20.04.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии  Вазорати мазкур Лю Шаоу вохӯрӣ доир намуд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Лю Шаоу ва ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитойро хайра мақдам гуфта, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва расонидани кӯмаки моддию техникӣ ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

 
Вохӯрии намояндагони ВКД Россия ва Тоҷикистон

Имрӯз (14.04.с.2015) дар Вазорати корҳои дохилӣ байни намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ баргузор гардид. Меҳмононро муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ба ҳузур пазируфт. Аз ҷониби ВКД Россия сардори Маркази ташхисӣ-криминалистӣ генерал-майори политсия Гришин Петр Лвович, сардорони раёсатҳои Маркази мазкур полковникҳои политсия Николай Мартынников ва Игор  Богданов намояндагӣ доштанд.

 
Ҳамкориҳои судманди ВКД бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Имрӯз (02.04.с.2015), вохӯрии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода бо мушовири калон, сардори шӯъбаи назорати маводи нашъадор ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Марк Вуд, вобаста ба анҷом пазируфтани фаъолияти хизматиаш дар Тоҷикистон доир гардид.

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, тайи солҳои охир ин муносибатҳои дӯстона боз ҳам тақвият ёфта истодаанд.

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Директори БҲМЗҶМ дар ҳудуди ИДМ

Имрӯз, (26.03.с.2015) дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) генерал-майори политсия Коновалов Олег Федорович баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки бо назардошти равандҳои охири олами ҷиноятҳои муташаккил дар ҷаҳони имрӯз, инчунин зарурати мувофиқасозии ҷонибҳо дар самтҳои алоҳидаи ҳамкориҳо, яке аз масъалаҳои асосӣ ин ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои ҷиноӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита бо ин нақши ҳамоҳангсозии БҲМЗҶМ (БКБОП) муҳим буда, зарурати ташаккул додани усулҳои эҷодкорона ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва амалисозии маълумотҳои оперативӣ, инчунин гузаронидани амалиётҳои махсуси муштарак ба миён омадааст.

 
Густариши ҳамкориҳои дуҷониба

Имрӯз (19.03.с.2015) вохӯрии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҷониби Сафорати Туркия: вобастаи низомии Сафорат ҷаноби Унал Байхан ва ёрдамчии вобастаи низомӣ ҷаноби Суат Каратопрак иштирок доштанд.

Ҳадаф аз вохӯрӣ ин баррасӣ ва густариши масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, тайёр намудани кадрҳо дар доираи созишномаҳои баимзорасида мебошад.

Солиҳов Х.М., майори милитсия  

 
Вусъат ёфтани ҳамкориҳо

Рӯзи 18.03.с.2015, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Директори Филиали «GOPA» ҷаноби Огниан Друмев вохӯрӣ доир намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оиларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Директори филиали «GOPA» ҷаноби Огниан Друмев бо муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода иқдомҳои минбаъдаро мавриди муҳокима қарор дода, аз рушди ҳамкориҳо дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо «Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали «GOPA» - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд оид ба ташкилкунӣ, банақшагирӣ ва омӯзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.

Наргис Сангинова, лейтенанти калони милитсия 

 
Таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ

Имрӯз (24.02.с.2015), мулоқоти муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо вобастаи низомии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон оғои Беҳзоди Рафеъӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
Ҳамкориҳои судманд бо СААД

Имрӯз (12.03 с. 2015), Муовини Вазири корҳои дохилӣ  генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бо Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷаноби Бордюжа Николай Николаевич вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрӣ хамчунин муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Суҳроб Талбак ва роҳбарони ҷузъу томҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таъмир ва нигоҳдории воситаҳои нақлиётии Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис додани марказҳои хизматрасонӣ ва устохонаҳо барои таъмири техника ва воситаҳои махсуси самти кори милитсия, инчунин воситаҳои алоқа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо муовинони Котиби давлатии ИМА

Имрӯз (07.02.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовинони Котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум ва  Стивен Фелдштейн ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт вохӯрӣ доир намуд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода меҳмононро хайра мақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779156
ИмрӯзИмрӯз107
МоҳМоҳ24171
ХамагиХамаги3779156

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.