Ҷаласаи Шӯрои ВКД дар шаҳри Минск

Рӯзҳои 2-юм ва 3-юми соли 2015, дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад ва сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло иштирок доштанд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Муовини ёвари Котиби давлатии ИМА

Имрӯз (02.09.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Дэниел Розенблум вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ҳузур дошт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстеремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ибрози андеша намуданд.

 
Вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти «Кӯмак ҳангоми сӯхтор»

Имрӯз (06.11.с.2015), вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти байналмилалии британягии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» доир гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, роҳбари ташкилоти байналмилалии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» Алфред Вилсон, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» Мирзораҳимов Ҳабибулло ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

 
Имзои Тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Академияи ВКД ва Донишгоҳи улуми интизомии «Амин»

Имрӯз (05.08.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати фармондеҳи Донишгоҳи улуми интизомии «Амин» генерал-майори посдор Лутфалӣ Бахтиёрӣ вохӯрӣ баргузор намуд.

 
Баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи «Интерпол»-и Тоҷикистону Эрон

Имрӯз (05.08.с.2015) намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии полковник Самади Аббосӣ аз хадамоти «Интерпол»-и ин кишвар, полковник Алиризо Манучеҳри Ободӣ - сардори бахши омӯзиши байналмиллалии Донишгоҳи улуми  Эрон ва полковник  Муҳаммадсодиқи Маҷидӣ - муовини вобастаи низомии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Бюрои Марказии Миллии  «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуданд.

 
Тақвият ёфтани ҳамкориҳо дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ

Имрӯз (08.07.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири  Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эм Эллиотт вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои расонидани кӯмаки техникӣ, воситаҳои нақлиёт ва микроавтобусҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Сафири  Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт изҳори миннатдорӣ намуд.

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони Ширкати ZTE

Имрӯз (03.07.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Директори ҶДММ «ЗТИ Тоҷикистон» Жанг Жи ва Роҳбари намояндагии Ширкати ZTE дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадов Саадӣ вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ Роҳбари намояндагии Ширкати ZTE дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадов Саадӣ, Директори навтаъиншудаи ҶДММ «ЗТИ Тоҷикистон» Жанг Жиро ба Вазири корҳои дохилӣ муаррифӣ намуд.

Ҳадаф аз вохӯрии мазкур мулоқоти шиносоӣ ва баррасии  иқдомоти минбаъда дар самти ҳамкориҳои дуҷониба иборат буд.

М.Гулова.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони Ассамблеяи Парламенти СААШ

Имрӯз (23.06.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ассамблеяи Парламенти Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи арзёбии шаҳрвандӣ оид ба амният дар созмони мазкур Виталино Канас вохӯрӣ доир намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грэн ва намояндагони давлатҳои Британияи Кабир, Фаронса, Лаҳистон, Руминия, Латвия, Юнон ва Италия иштирок доштанд. 

 
Вусъат ёфтани ҳамкориҳо бо Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз (06.06.с.2015), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ мулоқот баргузор намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, муовини Вазири кишвар дар умури Маҷлис ва ҳамоҳангии вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон Бобак Динпараст, муовини муҳтарами фармондеҳии нерӯи интизомии ин кишвар Сардор Рафиъниё, Раиси идораи дуюми муштаракулманофеи Вазорати умури хориҷӣ Муҳсин Муҳаммадӣ ва коршиноси ташрифотӣ Солеҳшод ширкат варзиданд.

 
Баимзорасии Ёддошти тафоҳум ва Шартнома оид ба расонидани кӯмаки беғаразона

Имрӯз(05.06.с.2015), вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Го Шенкун доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили  терроризм, экстремизм ва сепаратизм табодули афкор намуданд.

Қайд гардид, ки бо чунин хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳамкории судманди дутарафа метавонад баҳри мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб натиҷабахш бошад.

Дар ин вохӯрӣ Вазирони корҳои дохилии ду кишвар  Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Шартнома оид ба расонидани кӯмаки техникии беғаразона ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Вохӯрии Вазирони ҳарду мақомотҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дӯстона ба анҷом расид. 

Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.

 
Баррасии масоили пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротгаро

Имрӯз (06.06.с.2015), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколсев Владимир Александрович вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрии дуҷониба масъалаҳои пешгирии ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гуна равия ва гурӯҳҳои ифротгаро дар Федератсияи Россия ва зиёд намудани шумораи курсантон дар Донишгоҳҳои олии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколсев Владимир Александрович изҳор намуд, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия тадбирҳои мушаххас андешида хоҳад шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, мубодилаи иттилоот ва  омода намудани кадрҳои баландихтисос ҳамеша омодаанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.

Маҳбуба Гулова, Нилуфари Сарбоз.

 
Ба имзо расидани Фармони якҷоя оид ба таъсис додани Мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз (03.06.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович вохӯрӣ доир намуд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Турганбаев Мелис Токтомамбетовичро барои ташриф овардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар рӯз аз рӯз рушду нумӯъ ёфта истодаанд. Ҳарду кишвар дар доираи фаъолияти ИДМ, Созмони иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини сулҳу субот дар минтақа нақши муҳим доранд.

 
Вохӯрии Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Афғонистон

Имрӯз (03.06.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар ҷаноби Нурулҳақ Улумӣ ба ҳузур пазируфт.

Сараввал Рамазон Раҳимзода, Вазири умури дохилӣ ва ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба сарзамини офтобии Тоҷикистон хушомадед гуфта, зикр кард, ки робитаи байни ду вазорат бар асари саъю кӯшиш ва талошҳои муштарак рӯ ба густариш ниҳодааст.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз (01.06.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Фармондеҳи марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон генерал-майор Қосим Ризоӣ вохӯрӣ баргузор намуд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои тарафайн дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намуданд.

Қайд гардид, ки ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои судманди байни мақомотҳои ду кишвари бо ҳам дӯсту наздик манфиатдор ҳастанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстию якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Солиҳов Х.М.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779137
ИмрӯзИмрӯз88
МоҳМоҳ24152
ХамагиХамаги3779137

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.