Мулоқот бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин

Дирӯз (17.03.с.2016), муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии вазорати зикргардида ҷаноби Сюй Найган вохӯрӣ баргузор намуд.

 
Баррасии масоили баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила бо намояндагони «СММ оиди кор бо занон»

Дирӯз (03.03.с.2016), муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо намояндагони ташкилоти байналмилалии «СММ оиди кор бо занон»: Гуннар Олесен – роҳбари дастаи баҳодиҳии ташкилоти мазкур ва Элеонора Файзуллоева – мутахассиси минтақавӣ оид ба баҳодиҳии «СММ оиди кор бо занон» вобаста ба давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оиларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

 
Вохӯрӣ бо Гузоришгари вежаи СММ оид ба татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии андеша ва баён

Имрӯз (04.03.с.2016), дар Вазорати корҳои дохилӣ миёни намояндагони Вазорат ва Гузоришгари вежаи СММ оид ба татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии андеша ва баён Дэвид Кайе ва дигар ҳамроҳони ӯ вохӯрӣ доир гардид. Меҳмононро намояндагони Вазорат таҳти роҳбарии сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад қабул намуданд.

 
Мулоқоти судманд бо Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Имрӯз (29.02.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Чэн Гопин мулоқот доир намуд. 

 
Ҳамкориҳои дуҷониба тақвият дода шуд

Дар доираи ҳакориҳои байналмилаливу минтақавӣ ва бисёрҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои корҳои дохилии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваста байни намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масоили тақвият бахшидани ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ вохӯриву гуфтушунидҳои судманд баргузор мегардад. Дар ин раванд ҳафтаи сипаришуда ҳамингуна  вохӯрӣ бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

 
Баррасии масъалаҳои мубориза бо терроризм бо директори Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ

Имрӯз (17.02.с.2016) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Сисоев Евгений Сергеевич вохӯрӣ доир намуд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода меҳмонро ба муносибати таъин гаштанаш ба вазифаи масъулиятнок табрик намуда, ба ӯ дар корҳояш бурдборию комёбиҳо таманно намуд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Британияи Кабир

Имрӯз (29.01.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт мулоқот доир намуд.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Ҳю Стенли Филпоттро хайра мақдам гуфта, барои ба ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ таъин шуданаш табрику муборакбод намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон табодули афкор намуданд.

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Ҳиндустон

Имрӯз (18.01.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Бираҷа Прасад мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки «Тоҷикистон ва Ҳиндустон мардумони дорои фарҳанг ва маданияти кӯҳан буда, байни ду давлат робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба хуб ба роҳ монда шудаанд. Ҳамкориҳо дар доираи шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи баимзорасида, сол аз сол инкишоф меёбанд.

 
Вохӯрии намояндагони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ҷопон

Имрӯз (11.01.с.2016), намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Департаменти корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҷопон вохӯрӣ доир намуданд.

Намояндагони Ҷопон, ҷаноби Ёшиюки Ватанабе ва Сатоши Итабаширо  сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Азизуллозода Сафиало Азизулло самимона пазируфта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

 

 

 

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Аҳмад Осим Арар

Имрӯз (07.01.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо кордори муваққатии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Аҳмад Осим Арар вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои васеъи дуҷониба дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, тиҷоратӣ ва ҷиноӣ аз 6-уми майи соли 1996 амалӣ карда мешаванд.

 
Баимзорасии Аҳднома аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ва Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой

Имрӯз (18.12.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири навтаъиншудаи Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин мулоқот доир намуд.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Юе Бинро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъул таъин шуданаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ барору комёбиҳо таманно намуд.

 
Вохӯрӣ бо намояндагони Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот (БОМКА)

Имрӯз (23.10.с.2015), дар бинои ВКД миёни намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) вохӯрӣ баргузор гардид.

 
Ташрифи намояндагони Хитой ба Академияи ВКД

Рӯзи 03.11.с.2015, дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Академияи (Донишгоҳи) Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ба ин даргоҳи илм ташриф оварда буданд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ бо меҳмонон роҳбарият, ҳайати омўзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

 

 

 
Баимзорасии Созишнома байни Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди Ҳаннс Зайдели Олмон

Имрӯз (21.10.с.2015), дар бинои ВКД, миёни намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Фонди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон вохӯрӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Академияи ВКД полковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмиллали ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва роҳбари лоиҳаи Фонди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер иштирок доштанд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3826546
ИмрӯзИмрӯз1112
МоҳМоҳ26051
ХамагиХамаги3826546

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.