Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони «Big Media Group»

Нимаи дуввуми имрӯз (23.05.с.2012) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов намояндагони Агентии Иттилоотии «Big Media Group» Улрик Брюнинг ва Кейрон Мериро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои байналмиллалии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои дастрас намудани таҷҳизоти техникии муосир вобаста ба мубориза бо зуҳуроти номатлуби экстримизм, терроризми байналмиллалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқ ва лавозимоти ҷангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар баромади худ Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар ҳудуди қаламрави кишвар яке аз сохторҳои асосии мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷиноятӣ, таъминкунандаи асосии тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба шумор меравад ва дар навбати худ миқдори махсусан калони моддаҳои нашъадор, яроқу лавозимоти ҷангиро мусодира намуда, ба безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, террористӣ, экстримистӣ ва ба оромӣ ва амният дар минтақа низ таъсирии ҷиддии мусбии худро мерасонад. Намояндагони «Big Media Group» Улрик Брюнинг ва Кейрон Мери дар навбати худ қайд намуданд, ки бо дарҷи мақолаҳо дар маҷаллаи худ оиди фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ин сохтор дар таъмини амният дар минтақа ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои дастрас намудани муосиртарин таҷҳизот вобаста ба пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу лавозимоти ҷангӣ ва теророризму экстримизми динӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.

 
Муроҷиат

Муроҷиати

Вазири корҳои дохилӣ ба Парлумони Аврупо дар ҷаласаи дуввуми Кумита оид ба ҳамкориҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

4 майи соли 2012

Хонумон ва ҷанобон!

Меҳмонони гиромӣ!

 

Байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо нуқтаҳои зиёди ҳамоиш вуҷуд дорад, махсусан дар самти ҳамкориҳои дуҷониба, бисёрҷониба ва шарикӣ, ки бояд рушду такомул дода шаванд. Чӣ тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: «Мо тоҷикон аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки ҷанг ба чӣ оқибати даҳшатнок оварда мерасонад. Барои он, ки ягон инсони рӯи замин ин даҳшатро ҳис накунад, мо бояд аз қувваҳои террористӣ ва иртиҷоӣ халос шавем ва мамлакати худро аз таъсири марговари онҳо эмин нигоҳ дорем».

 
10-умин Конференсияи вазирон оид ба масъалаҳои идораи сарҳад ва бехатарӣ


Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дар 10-умин Конференсияи вазирон оид ба масъалаҳои идораи сарҳад ва бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аз 14 то 19 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Венаи давлати Австрия шуда гузашт, ба ҳайси Роҳбари гурӯҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, суханронӣ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст инчунин Сардори Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарипов Г.Ш., муовини Вазири корҳои хориҷӣ Зоҳидов Н., муовини аввали Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азаматов В.А., муовини аввали сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-майор Файзуллоев Ш. намояндагӣ карданд.

 
Ташрифи Котиби генералии «Интерпол» ба ВКД

Имрӯз (10.06.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо, аз он ҷумла дар самти рабурдани воситаҳои нақлиёт ва ташхиси автомашинаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири корҳои дохилӣ меҳмонро хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо натиҷаҳои хуб ба даст овардааст.

 
30 март

30 марти соли равон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи шиносоӣ бо мақсади кушодани бинои нави дармонгоҳи Раёсати тиббӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ба нақша гирифта шуда буд. Барои иштирок дар чорабиниҳои мазкур намояндагони воҳидҳои Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба сафоратхонаҳои Олмон, ШМА, Хитой, Ҷопон ва САҲА даъват шуда буданд. Аз меҳмонони даъватшуда дар чорабинии мазкур танҳо намояндагони сафоратхонаи Олмон ва САҲА иштирок намуда, ҳамин тавр омодагии худро ба идома додани ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ намуданд.

 
Ҳамкориҳо густариш меёбанд

Санаи 28-уми марти соли равон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Заннер ва як гурўҳ намояндагони созмони мазкурро ба ҳузур пазируфт. Мақсади вохурӣ аз баррасии мавзўҳои ҳамкорӣ дар ислоҳоти мақомоти милитсия, фаъолияти муштарак оид ба бехатарии минтақа ва Афғонистон мебошад. Гузаронидани ислоҳоти милитсия ва тағйиротҳои нави мақомоти политсяи Тоҷикистон баҳри бехатарии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои баррасигардида барои суботи ду кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ басо муассир арзёбӣ гардиданд. Инчунин масъалаҳои дигаре, ки баҳри таҳкими густариши ҳамкориҳои сохторҳои марбутаи кишварҳои Осиёи Мрказӣ зарурият пайдо карда метавонанд мавриди зикр қарор дода шуданд. Дар фарҷоми нишаст ҷонибҳо бори дигар аз вохурии судманд изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судбахши таъмини бехатарӣ ва пешгириву мубориза ба муқобили ҷинояткориҳои глобалиро густариш медиҳанд.

 
ВКД бехатарии муҳоҷиронро таъмин мекунад

Имрўз бештари мардум барои беҳбудӣ бахшидани шароити оилавиашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Онҳо дар шаҳрҳои бегона бар ҳар гуна ҳодисаҳо ва амалҳои нохуш гирифтор мешаванд. Бештаре аз муҳоҷирон бо дарки пасти савод ва бемаърифатӣ ба ҳар гуна гуруҳои номатлуб аз қабили гурўҳи экстремистӣ ва террористӣ шомил мешаванд. Барои назорат бурдани ваъзи зисту зиндагонии муҳоҷирон саҳми Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилӣ хеле созгор аст. Ҳамин аст. ки 29 марти соли равон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Зайнал Гаджиевро ба ҳузур пазируфт.

 

 
Вохӯри

Вазири корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии исломии Покистон Алӣ Раҳмон Маликро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ тарафҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллӣ дошта ибрози назар намуда, таъкид бар он доштанд, ки дар оянда ҳамкориро бобати пешгирӣ ва муборизаи дастҷамъона бо ин ҷиноятҳои ба сулҳу суботи минтақа таҳдидкунанда тақвият бахшанд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии исломии Покистон Алӣ Раҳмон Малик аз Вазири корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки барои боздиди расмӣ ба ин кишвар ташриф орад.

 
Вохӯри

12 марти соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон хонума Дорис Хертрампф баргузор гардид. Хадаф аз вохӯрии мазкур ин мулоқоти шиносоӣ, табрикот бо таъин гардидан мебошад. Инчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо Идораи федералии политсияи криминалии Олмон (БКА), лоиҳа "Созмон додани гурӯҳ дар самти баҳодиҳии шабакаи Интернет", рафти ислоҳоти милитсия ва инчунин ба имзорасонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният баррасӣ гардидаанд.

 
Вохӯри

2 марти соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Амҷад Ҳусейн Сйал баргузор гардид.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин мулоқоти шиносоӣ, табрикот бо таъин гардидан мебошад. Инчунин дар рафти ин вохӯри масъалаи ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Покистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардидаанд. Ҳангоми баргузории вохӯриҳои мазкур Тарафҳо миннадории худро ба ҳамдигар баён намуданд. Вохӯриҳо дар фазои дӯсти, якдигарфаҳмӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои оянда баргузор гардиданд.

 

 
Вохӯри

1 марти соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулғафур Орзу баргузор гардидааст. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин мулоқоти шиносоӣ ва табрикот барои таъин гардидан мебошад. Ҳамчунин дар рафти ин вохӯрӣ масъалаи вазъи гурезагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардидаанд. Ҳангоми баргузории вохӯриҳои мазкур Тарафҳо миннадории худро ба ҳамдигар баён намуданд. Вохӯриҳо дар фазои дӯсти, якдигарфаҳмӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои оянда баргузор гардиданд.

 

 
Вохӯри

15 феврали соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Фан Сяньжун баргузор гардидааст. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин мулоқоти шиносоӣ, табрикот барои таъин гардидан мебошад. Инчунин дар рафти ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой баррасӣ гардидаанд.

 

 

 
Вохӯри

23 феврали соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. бо Директори Маркази пешгирии низоҳои Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, сафир Адам Кобиераки баргузор гардидааст. Дар вохӯрии мазкур ҷаноби Адам Кобиеракиро сафири Бюрои САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Ивар Викки ҳамроҳӣ намудааст. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушд ва ислоҳоти милитсия, фаъолият вобаста ба Афғонистон ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

 

 

 

 
Вохӯри

14 феврали соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. бо Сафири Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (Бюрои САҲА дар Тоҷикистон) ҷаноби Ивар Викки баргузор гардидааст.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин мулоқоти шиносоӣ, табрикот барои таъин гардидан мебошад. Инчунин дар рафти ин вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (Бюрои САҲА дар Тоҷикистон), инчунин Стратегияи доир ба рушд ва ислоҳоти милитсия баррасӣ гардиданд.

 

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3954206
ИмрӯзИмрӯз539
МоҳМоҳ47481
ХамагиХамаги3954206

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.