Мушкилоти гурезаҳо ҳалли худро меёбанд

25 сентябри соли 2012 вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҷурахонов С.Қ. бо ҳамоҳангсози минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон дар Осиёи Марказӣ Сабер Аъзам доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷаноби Сабер Азамро роҳбари Намояндагии Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ҷаноби Хосе Эуседа ҳамроҳӣ намуд. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои вобаста ба Декларатсияи Алмато оид ба мушкилиҳое, ки метавонад ҳангоми муҳоҷирати танзимнашаванда ба вуҷуд оянд, баррасӣ гардиданд. Инчунин дар рафти сӯҳбат масъалаҳои вобаста ба таъмини барномаи нави маълумот дар бораи гурезагон, вазъи ҳуқуқии ҳозираи гурезаҳо ва паноҳандагон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли мушкилиҳои гурезагони Афғонистон, аз ҷумла дастрасии онҳо ба ёрии иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
Сафари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Робитаю ҳамкориҳои беғаразона ва дӯстона дар сатҳи  давлатҳо  на танҳо ба пешрафти муносибатҳои дипломатии ҷонибҳо асос мегузорад, балки барои  рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни давлатҳои  бо ҳам дӯст заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз беҳтарин шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба роҳ мондани муносибатҳои хуби сиёсӣ бо ин кишвар боис ба он гардид, ки дар ҷумҳурии мо як қатор навгониҳои коммуникатсионию технологӣ  ба вуҷуд ояд. Сарони ин ду кишвари бо ҳам дӯст Тоҷикистону Чин тавонистанд бо муколамаи олии сиёсӣ ба робитаи вазорату кумита ва сохторҳои давлатии ду ҷониб роҳ кушоянд.

 
Баррасии масъалаҳои мубориза алайҳи маводи мухаддир

26 сентябри соли 2012 вохӯрии муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Орипов Нурилло Марифхонович бо Вазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба мубориза алайҳи маводи нашъаовар ҷаноби Зарор Аҳмадӣ Муқбил баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҷаноби Зарор Аҳмадӣ Муқбилро Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Доктор Абдулғафур Орзу ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза алайҳи маводи мухаддир баррасӣ гардид. Инчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истирдод намудани шаҳрвандони Афғонистон, ки дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноят таҳти адои ҷазо қарор доранд, муҳокима гардида, тарафҳо оиди масъалаи мазкур изҳори нагаронӣ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои оянда баргузор гардид.

 
Баимзорасии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой

Имрӯз (26.11.2012) дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Мэн Сянчжу ва муовини аввалаш Ян Хуанмин баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов оид ба таҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сухан ронда, як қатор таклифҳои муфид оид ба таҳкими ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой пешниҳод намуд. Дар рафти вохӯрӣ Вазирони ҳарду ҷониб иброз намуданд, ки дар мубориза бар зидди ҳама намуди ҷиноятҳо омодаанд ба ҳамдигар кӯмак ва мусоидат намоянд.

 
Баррасии масоили мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ дар вохӯрӣ бо Роҷер Кангас

18 сентябри соли 2012 намояндагони Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба кишварҳои Ховари дур ва наздики Вазорати мудофиаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо роҳбарии декани Марказ Роҷер Кангас ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони мазкур муовини Сардори раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакилли ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Коров Шоҳусайн Шонадирович вохӯрӣ доир намуд.

 
Вохӯрии Ҳамоҳангсозони миллӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳоҷирати омехта дар Осиёи Марказӣ

7 сентябри соли 2012 дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии аввалини ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба муҳоҷирати омехта дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳисоботи мушовирони миллии давлатҳои минтақа оид ба пешбурди раванди Эъломияи Алма-ато шунида шуд, инчунин пешниҳодҳо роҷеъ ба беҳтар намудани идораи ҷараёни мураккаби муҳоҷирати омехта, ки на танҳо ба минтақа балки ба давлатҳои ҳамсоя таъсиррасон аст, коркард гардиданд.

 
Вохӯрӣ бо ноиби Президенти Парлумони Норвегия

Имрӯз (31 августи соли 2012) вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо гурӯҳи вакилони Парлумони Норвегия, ки бо роҳбарии ноиби Президенти Парлумон Ахтар Чаудри, ба Тоҷикистон ташриф оварданд, баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҷаноби Ахтар Чаудриро сафири Бюрои САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Ивар Викки ҳамроҳӣ намуд.

 
Ҳамкориҳои судманд

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва густариш додани фаъолияти мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа саъю кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад.
Вобаста ба ин Вазорати корҳои дохилӣ бо Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Эмерҷенс груп ҳамкории қавиро ба роҳ монда, то имрўз баҳри ба мақсад расидан корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Аз ҷумла, аз 16 то 20-уми июли соли ҷорӣ курси кӯтоҳмуддати омӯзиширо ба мӯҳлати панҷ рӯз барои 19 занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз мақомоти роҳбонӣ, дастаи таъиноти махсуси милитсия, Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РБДА, вилояти Суғд, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону вилояти Хатлон ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ташкил намуд, ки он аз тарафи мутахассисони соҳаи мазкур ба анҷом расонида шуд.

 
Ҳамкориҳои ВКД рушд меёбанд

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо намояндагони Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Шӯрои Даниягӣ доир ба гурезаҳо вохӯрӣ доир намуд. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин баррасии масъалаи таъсис додани Марказ барои паноҳҷӯяндагон, инчунин ҳамкории минбаъда дар самти қабули гурезаҳо дар сурати воридшавии оммавии онҳо мебошад. Инчунин тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки то охири соли 2012 бинои Марказ барои паноҳҷӯяндагонро баъд аз таъмиру тармим барои истифодабарӣ супоранд. Ҳангоми баргузории вохӯрӣ тарафҳо миннадории худро ба ҳамдигар баён намуданд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои оянда баргузор гардид.

 
Вохӯрӣ бо намояндагони Парламенти (Верховная Рада)-и Ҷумҳурии Украина

Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Парламенти (Верховная Рада)-и Ҷумҳурии Украина гурӯҳи корӣ, таҳти роҳбарии Унгурян Павло Якимович бо муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҷурахонов Саидхон Қаюмович ва сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои хамкорӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ бо таҷҳизоти техникии муосири оташнишонӣ, омӯзонидан ва омода намудани мутахассисон дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вохӯрӣ дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҷаноби Робин Орд Смит

Имрӯз (21.06.с.2012) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд Смит мулоқот доир намуд. Дар мулоқоти мазкур муовини Сафир ҷаноби Марк Вудхам низ иштирок намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Робин Орд Смитро ба муносибати ба вазифаи пурмаҳсули дипломатӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш табрик намуд. Инчунин Вазири корҳои дохилӣ доир ба фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва рафти ислоҳоти милитсия суханронӣ намуд. Дар хотима тарафайн аз вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда қайд карданд, ки дар оянда ҳамкориҳоро вусъат хоҳанд дод.

 
Вохӯрӣ

7 июни соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сардори Департементи хадамоти давлатӣ ва кадрҳои ВКД Федератсияи Россия генерал-лейтенанти хизмати дохилӣ Кубышко В.Л. ва сардори Академияи роҳбарикунандаи ВКД Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Гордиенко В.В. баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо дар соҳаи тайёр намудан ва баланд бардоштани сатҳи тахассус ва бозомӯзии кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳо бо Ассотсиатсияи Макотиби олии Вазоратҳои корҳои дохилӣ, политсия вусъат дода шаванд. Диққати асосӣ ба тайёр намудани кадрҳо оиди мубориза бо хариду фурӯши одамон, технологияи нав ва баланд бардоштани тахассуси кормандон дар заминаи Донишкадаи умумироссиягии тайёр намудани кадрҳои ВКД Федератисияи Россия дода шуд. Вохӯрӣ дар фазои якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.

 
Намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомотҳои муҳоҷиратӣ (СРМО) иштирок намуданд

Рӯзҳои 13-14 июни соли равон дар ш.Троитски вилояти Москва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомотҳои муҳоҷиратии давлатҳо–иштирокчиёни ИДМ, Шӯро оид ба сиёсати муҳоҷирати Кумитаи интегратсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭс) ва Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони салоҳиятдори мақомоти давлатҳо-аъзои СААД (ОДКБ) доир ба масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аз Вазорати корҳои дохилӣ муовини Вазир генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Солиева Зумрад иштирок намуданд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Юрий Федотов

31 майи соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Юрий Федотов – муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баргузор гардид.Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо мақомотҳои қудратии Вазорат дар ин самт баррасӣ гардида буданд. Инчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаи расонидани кӯмаки башардӯстона ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос баррасӣ гардида буданд. Ҳамчунин аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод гардид, ки Вазорат омода аст дар базаи Академия ва Маркази кинологӣ барои баланд бардоштани тахассуси омӯзгорӣ ва сатҳи маҳорати касбии кормандони политсияи Афғонистон вобаста ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир курсҳои махсуси таълимӣ ташкил намояд. Ҳангоми баргузории вохӯриҳои мазкур Тарафҳо миннадории худро ба ҳамдигар баён намуданд. Вохӯрӣ дар фазои дӯсти, якдигарфаҳмӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои оянда баргузор гардиданд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3954219
ИмрӯзИмрӯз552
МоҳМоҳ47494
ХамагиХамаги3954219

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.