Баррасии лоиҳаи Созишнома бо Сафири Қатар


Имрӯз (19.08.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва мухтори давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибн Муборак ал-Муҳаннадӣ вохӯрӣ доир намуд.

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Алӣ ибн Муборак ал-Муҳаннадиро хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки ҳамкориҳои ду давлати дӯсту бародар аз муносибатҳои дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амири давлати Қатар маншаъ гирифта, дар ҳама соҳаҳо, аз он ҷумла бо Вазорати корҳои дохилӣ густариш ёфтаанд.

 

 

 
Вохӯрӣ бо Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Имрӯз (10.08.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмарро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Мушовири Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба корҳои Россия, Қафқоз ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Муҳаммад Шокир Коргар, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе Абдулғафур Орзу, муовини аввали Вазири дифои ҶИА генерал Абдулхолиқ Сарварӣ ва муовини сиёсӣ ва тарҳрезии Раёсати умумии амнияти миллии ҶИА Аҷмал Убайд Обидӣ иштирок доштанд.

 

 

 
Тренингҳо дар доираи лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила»

26-27 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии филиали Геселшафт фюр Организатсион Планунг унд Аусбилдинг (GOPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки нозирони минтақавии милитсияи ШВКД ноҳияҳои пойтахт ва 28-29 июл дар шаҳри Қурғонтеппа барои муовинони сардор оиди самти хизмати ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» (PDV) тренинги омӯзишӣ таҳти унвони «Таҷрибаҳои беҳтарин оиди эътино намудани коргарони милитсия ба воқеаҳои зӯроварии хонаводагӣ» баргузор гардид.

 
Вохӯрӣ бо намояндагони ЮНИСЕФ

Имрӯз (29.07.с.2016), муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, бо ҳайати Намояндагии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) таҳти сарварии роҳбари Дафтари ин созмон дар Тоҷикистон хонум Лучия Элми вохӯрӣ доир намуд.

Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо меҳмононро ба Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки мулоқоти имрӯза бо намояндагони ин созмони бонуфӯзи байналмилалӣ барои ҳамкориҳои судманд дар оянда боз ҳам мусоидат хоҳад намуд. Дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон фаъолият дорад, ки бевосита ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғонро амалӣ месозад. Кормандони ин Хадамот дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонон, бурдани корҳои фаҳмондадиҳию тарбиявӣ саҳми босазо доранд. Сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, одоби ҳамида ва ба андӯхтани илму дониш, азхудкунии технологияи муосир равона карда шудааст.   

 
Тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм

Имрӯз (20.07.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Ториқ Иқбол Сумро мулоқот баргузор намуд.

Дар рафти мулоқот Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба муносибатҳои дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ёдовар шуда, зикр кард, ки соли гузашта дар ҷараёни сафар ба ин кишвар Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдор ба имзо расида, мавриди амал қарор дорад.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон

Имрӯз (20.07.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Иванов Олег Николаевич вохӯрӣ баргузор намуд.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро Иванов Олег Николаевичро ба муносибати таъин гаштанаш ба ин вазифаи масъулиятнок табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус аз қадимулаём муносибатҳои дӯстона дошта, дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили густариш додани ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткориҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мубрам табодули афкор намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, тарафҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори умедворӣ намуданд.

Гул Маҳбуба.  

 
Баррасии масъалаҳои омодакунии кадрҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ

Имрӯз (07.07.с.2016), муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо ҳайати Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Хитойи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии муовини декани факултети мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори донишгоҳи мазкур ҷаноби Гуан Чунфей вохӯрӣ доир намуд.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи санадҳои баимзорасида байнидавлатию байниидоравӣ тақвият меёбанд.

 
Вохӯрӣ бо намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятӣ

Имрӯз (04.07.с.2016), муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, бо ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии ноҳияи мухтори Муғулистони дохилии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Азизулозода Сафиало, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад ва аз ҷониби Департаменти бехатарии ҷамъиятии ноҳияи мухтори Муғулистони дохилӣ сардори департаменти мазкур ҷаноби Ма Мин ва дигар кормандони масъули ин департамент иштирок доштанд.

 
Вохӯрӣ бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират

Имрӯз (24.06.с.2016), муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшобо намояндагони шӯъбаи мониторинг ва муқовимат ба савдои одамони Департаменти давлатии ИМА Саманта Новак ва Коннор Гари, Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Вашингтон  Силвия Канедо, роҳбари барномаи муқовимат ба савдои одамони намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон Баҳром Раҳматҷонов ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Эстер Петруашвили вохӯрӣ анҷом дод.

 
Мулоқоти судманд бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон

Имрӯз (17.06.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқуллода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори шӯъба оид ба ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА ҷаноби Кевин Стил иштирок дошт.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо командири Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия

Имрӯз (17.06.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо командири Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Лямин Денис Игоревич вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр кард, ки вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки дар ҳамоҳангсозӣ бо дигар мақомотҳо муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир иборат мебошад.

 
Диплом ва нишони Хадамоти федералӣ оид ба назорати маводи нашъаовар (ФСКН) ба Вазири корҳои дохилӣ

Имрӯз (20.04.с.2016), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо фармони директори Хадамоти федералии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи нашъаовар  Иванов Виктор Петрович барои мусоидати ҳамаҷониба дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Диплом ва нишони «Барои хизматҳои арзанда»-и Хадамоти мазкур (ФСКН) сарфароз гардонида шуд.

 
Ҷаласа бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи ВКД кишварҳои аъзои СААД


26 майи соли ҷорӣ, дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон, шаҳри Ереван ҷаласаи ҳайати роҳбарикунандаи Вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъона (СААД) баргузор гардид, ки дар он котиби генералии СААД Николай Бордюжа, сардори Политсияи Ҷумҳурии Арманистон, генерал-лейтенант Владимир Гаспарян, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус, фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ, генерал-лейтенант Юрий Караев, статс-котиб - муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, маслиҳатчии ҳақиқии давлатии Федератсияи Россия дараҷаи 1 Игор Зубов, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майори политсия Ерлан Тургумбаев, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майори милитсия Курсан Асанов иштирок доштанд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин

Имрӯз (20.03.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии вазорати зикргардида ҷаноби Сюй Найганро қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи созишномаҳои баимзорасида вобаста ба мубориза зидди таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот масъалаи расонидани кӯмак дар сохтмони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди миёни мақомоти корҳои дохилии ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.

Х. Солиҳов 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3788357
ИмрӯзИмрӯз219
МоҳМоҳ33372
ХамагиХамаги3788357

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.