Ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва бехатарӣ

Имрӯз (05.03.с.2013) Вазири корҳои дохилии генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитерористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (РАТС ШОС) ҷаноби Чжан Синфэнро ба ҳузур пазируфт. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов меҳмононро барои ташрифашон хайрамақдам намуда, аз муносибатҳои имрӯзаи ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя изҳори минатдорӣ намуд.

 

 

 
Вохӯрӣ бо Валдемар Ковалски

Рӯзи 26 феврали соли 2013 вохӯрии сардори Шӯъбаи Консулии Сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон дар ш.Тошканд ҷаноби Валдемар Ковалски бо сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ генерал-майори милитсия Норматов Т.А. ва сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳомидов Б.П. доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи мавсими сайёҳӣ ва тартиби бақайдгирӣ ва  будубоши  сайёҳони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҷаноби Валдемар Ковалски ҳангоми вохӯрӣ иброз намуд, ки солҳои охир рафтуомади сайёҳони Ҷумҳурии Лаҳистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда истодааст ва ҳамзамон қайд намуд, ки сайёҳони Лаҳистоние, ки  ба Тоҷикистон ташриф овардаанд дар сомонаҳои интернетӣ тақризҳои  хуб мемонанд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

 Назаров Р., нозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД

 
Муҳокимаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ

Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал -лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Урмат Саралаев вохӯрӣ доир намуд.

Мақсад аз вохӯрии ҷонибҳо қавӣ намудани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва мусоидат намудани мақомотҳои дахлдор оид ба ҳамкориҳои марзии ду давлати баҳам дӯсту ҳамсоя иборат буд. Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ омӯзиши самтҳои кории кормандони мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва масъалаҳои дар ҳамбастагӣ пешгирӣ ва мубориза бурдан бар зидди ҷиноятҳое, ки дар марзи ин ду давлат  содир мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ин вохӯрии судманд ҷонибҳо ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, бо тақдими тӯҳфаҳоии хотиравӣ мулоқоти худро хотима бахшиданд.

 
Муҳокимаи масъалаҳои озодии дин ва виҷдон

Имрӯз дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии ҳайати Комиссияи байналмилалии Штатҳои Муттаҳидаи Амрико оид ба озодии дин таҳти роҳбарии ҷаноби Сем Геҷденсон бо муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Нурулло Орипов ва роҳбарони раёсатхои дахлдори ВКД ҶТ баргузор гардид.   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили озодии дин, виҷдон, эътикод ва пешгирии ҳамагуна амалҳои дорои хусусияти терроризм, экстремизм ва сепаратизм дошта, сӯҳбати судманд ба анҷом расониданд.

Дар суханронии худ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Нурулло Орипов қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, муколамаи давлат ва динро дуруст ба роҳ мондааст, ки ин барои пешрафти ҷомеа ва таҳкими симои байналмилалии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Инчунин дар даҳсолаи охир  масъалаҳои терроризм, экстремизм ва сепаратизм ба худ шаклҳои гуногуни фаъолиятро касб намудаанд, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкору пешгирӣ карда мешаванд.

Дар хотима,  ҷонибҳо аз ин ҳамоиши судманд ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раҷаббек Илёсов, майори милитсия

 
Баррасии усулҳои самаранок ва шаклҳои амалисозии ислоҳоти милитсия

Ҳафтаи равон дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, Сафири САҲА дар Тоҷикистон Ивар Викки ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов оғоз намуда, барои мусоидат намудан ба Вазорати корҳои дохилӣ  дар масъалаҳои ислоҳот ва рушди милитсия ба Бюрои САҲА дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

 

 

 
Рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо ВКД Ҷумҳурии Туркия

Рӯзи 29-уми ноябри соли равон муовини сардори Сарраёсати бехатарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Исмаил Баш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз як қатор мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дидан намуд. Имрӯз низ ҷаноби Исмаил Баш аз як қатор Раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия, БММ «Интерпол» ва Маркази тестии ВКД дидан намуда, нимаи дуввуми рӯз мавсуфро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба ҳузур пазируфт. Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилу амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин дар баромади худ муовини сардори Сарраёсати бехатарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Исмаил Баш доир ба масъалаҳои табодули таҷриба, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос  ва ёрии техникӣ низ ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки ҷониби онҳо омодаанд барои таҳсили кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар академияҳои ВКД Ҷумҳурии Туркия мусоидат намоянд. Сафари кории муовини сардори Сарраёсати бехатарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Исмаил Баш дар Тоҷикистон идома дошта, зимни ин сафар масъалаҳои дигар низ мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд. Дар ин раванд аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия таклиф пешниҳод карда шуд, ки доир ба ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои мазкур Ёддошти тафоҳум ва Созишнома байни вазоратҳо ба имзо расонида шавад. 

Рӯзи дигар ташрифи ин меҳмони олиқадр ба Академияи ВКД дар назар аст.

Асадуллоев М.

 
Таҳкими ҳамкориҳо байни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Хитой

Рӯзи 13 ноябри соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.

Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин баррасии масъалаи сафари дарпешистодаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. ба Ҷумҳурии Халқии Хитой иборат буд. Инчунин дар рафти вохӯри масъалаи коркарди механизми ҳамкории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Департаменти Вазорати амнияти ҷамъиятии Ноҳияи Мухтори Синҷиан-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти таъмини амният ва субот дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Хитой баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо аз баргузории вохӯрии мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

 
Баррасии ҳамкориҳо бо ширкати «Хуавей Технологияи Тоҷикистон»

7 ноябри соли 2012  вохӯрии Вазири корҳои  дохилӣ  генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ бо директори генералии ҶДММ «Хуавей Технологияи Тоҷикистон» ҷаноби Лю Цзянвей  баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҷаноби  Лю Цзянвейро менеджери ширкати мазкур Чжан Цзин ҳамроҳӣ намуд. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин баррасии лоиҳаи  «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунии  нақлиёт дар шаҳри Душанбе- фазаи 1» «Шаҳри бехатар» мебошад. Инчунин дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ташкилоти мазкур лоиҳа дар 2-намуд пешниҳод гардид, ки дар он тамоми шарту шароитҳо барои татбиқи ин лоиҳа  дарҷ гардидаанд.

Тарафҳо пешниҳод намуданд, ки лоиҳаи мазкур  барои дар амал татбиқ гардиданаш ҳарчи тезтар баррасӣ карда шавад.

Ҳангоми  баргузории вохӯриҳои мазкур тарафҳо миннатдории худро ба ҳамдигар баён намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои оянда  баргузор гардид.

 
Ҳамкориҳои дуҷониба вусъат меёбанд

Cанаи (3.10.с.2012) муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҷурахонов С.Қ. бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Дания хонум Карэн Нилсон ва ҷаноби Ҷулиан Брэт вохӯрӣ доир намуд. Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Дания, ки аз ҷониби Шӯрои Даниягӣ оид ба гурезаҳо амалӣ карда мешаванд, таъсис додан ва ба роҳ мондани Маркази нигоҳдории муваққатии шахсони паноҳҷӯянда дар шаҳраки Алмосӣ, расонидани кӯмак дар таъсиси инфраструктураи ҷойи кӯчонидашуда дар ноҳияи Қумсангир, инчунин кӯмаки техникӣ ба дигар ташаббусҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ инчунин муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Рамазонов Суҳроб Кароматович ва сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Раҳмонов Сайнахш Ҳайдарович иштирок намуданд. Дар хотимаи сӯҳбат тарафҳо аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои судманди дуҷониба қаноатмандии худро изҳор намуданд.

 
Рушди ҳамкориҳои судманд

Нимаи аввали рӯз (03.10с.2012) муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Орипов Нурилло Марифхонович, директори Бюрои Департаменти Давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба назорат аз болои маводи мухаддир дар Аврупо ва Авруосиё Ҷорҷ Кентро ба ҳузур пазируфт. Инчунин, дар вохӯрии мазкур сардори шӯъбаи назорат аз болои маводи мухаддири Сафорати ШМА хонума Линда Рехт ва мушовири калони Сафорати ШМА оид ба тартиботи ҳуқуқӣ Денис Косгров иштирок намуданд. Дар мулоқот масоили алоқадошта бар зидди маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ислоҳоти милитсия ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, тарафҳо зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво аз ҳамкориҳои судманди Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Исобобев Ҷ., лейтенанти калони милитсия

 
Сафари Вазири корҳои дохилӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

Рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар намуд.

Дар ҷараёни сафар масъалаҳои ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, омӯзиши кадрҳо ва ҳамкориҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Зимни сафар баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба  ҳамкории наздисарҳадӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин сафар Вазири корҳои дохилиро Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Раҳимов Абдураҳим Абдураҳмонович, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ генерал-майори милитсия Саидов Маҳмадсаид Боронович, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна ва сардори ББМ «Интерпол» Машрабов Ҷамшед ҳамроҳӣ менамоянд.

 
Созишномаи «Шаҳри бехатар» ба имзо расид

Нимаи дуввуми имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳу кӯчаҳои шаҳр, қоидавайронкунӣ, садамаҳо, идораи самараноки ҷараёни нақлиётӣ ва чароғакҳо дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO., «Оид ба таҳвили  таҳҷизот доир ба низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт - Шаҳри бехатар ва хизматрасонии «Таҳти калид» ба имзо расид.

 

 

 
Масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ислоҳоти милитсия дар Вена баррасӣ гардиданд

Аз 19 то 22 сентябри соли 2012 дар ш.Вена (Австрия) вохӯрии коршиносони политсия оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ҷаласаи коршиносони политсия оид ба ислоҳоти милитсия шуда гузашт. Дар кори ҷаласа намояндагони САҲА дар давлатҳои гуногун ва коршиносони политсия аз Албания, Косово, Босния ва Герсоговиня, Черногория, Македония, Хорватия, Норвегия, Дания Шветсария, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Тоҷикистон, Россия, Украина ва Беларус иштирок намуданд.

 

 

 
Масъалаҳои «Ҳамкории ҷамъиятӣ бо милитсия» мавриди таваҷҷӯҳ қарор доранд

Рӯз 28 сентябри соли 2012 муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҷурахонов Саидхон, сардори шӯъбаи назорат аз болои маводи мухаддири Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка хонума Линда Рехт ва мушовири Сафорат оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ хонума Тамара Даффи-Янсерро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбати пурмуҳтаво аз рушди бемайлони муносибати Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дар мулоқот масоили алоқадошта бо иҷрои лоиҳаи «Ҳамкории ҷамъиятӣ бо милитсия» баррасӣ гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779199
ИмрӯзИмрӯз150
МоҳМоҳ24214
ХамагиХамаги3779199

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.