Мулоқот бо намояндагони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Имрӯз (02.10.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо ҷаноби Михаил Глос - аъзои Кумитаи корҳои хориҷии Бундестаги Олмон, доктор Александр Блумхардт – намояндаи ҷамъияти саҳҳомии «Knauf», ҷаноби Волфган Айхорн – атташе оид ба масъалаҳои иқтисод ва фарҳанги Сафорати Ҷумҳурии Олмон дар Тоҷикистон ва ҷаноби Макс Георг Майер – намояндаи Бунёди Ҳанс Зайдел мулоқоти корӣ доир намуд.

 

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон

Имрӯз (20.09.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хольгер Грэн вохӯрӣ доир намуд.

Нахуст ҷаноби Хольгер Грэн аз пазироии гарму дӯстонаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки мо ҳамеша омодаем дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоем.

 

 

 
Терроризм – душмани қаттоли инсоният

Имрӯз (11.09.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эм Эллиотт дар масоили ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобила бар зидди таҳдидҳои муосир, ки характери глобалӣ пайдо кардаанд, вохӯрии корӣ доир намуд.

 

 

 

 

 
Нақши занони милитсионер дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муҳим аст

Масъалаҳои вобаста ба иҷрои барномаи «Баланд бардоштани нақши занон-кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъба оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва созмони «Эмерҷенс-групп»-и Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо ҳайати меҳмонон аз Сафорати ШМА баррасӣ карда шуданд.

 

 
Рамазон Раҳимов муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз (22.07.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Асанов Курсан Сатарович мулоқот доир намуд.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои баимзорасонии лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, рафти ислоҳоти милитсия, ҷобаҷогузории кадрҳо, мубодилаи иттилоот, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мубориза бурдан бар зидди ҷинояткориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 

 
Ташрифи ҳайати намояндагони ВКД Қирғизистон

Имрӯз (20.07.с.2013) муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Орипов Нурилло Маърифхонович бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо роҳбарии муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Асанов Курсан Сатарович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрӣ доир намуд.

 

 

 
Вусъат ёфтани ҳамкориҳои наздисарҳадӣ

Имрӯз (11.07.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич ҳайати намояндагони Департаменти амнияти ҷамъиятии Ноҳияи Мухтори Синсзяни Уйғури (СУАР) Ҷумҳурии Халқии Хитойро бо роҳбарии муовини сардори Департаменти мазкур ҷаноби Дилимулати ба ҳузур пазируфт.

 

 

 

 
Ислоҳоти милитсия ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ

Имрӯз (03.07.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Марко Кубни – роҳбари шӯъба оид ба масъалаҳои стратегии фаъолияти политсияи  департамент оид ба муқовимат бар зидди таҳдидҳои фаромарзии Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Улф Биллвинг - мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи САҲА мулоқот доир намуд.

 

 

 
Мулоқоти Вазирӣ корҳои дохилӣ бо муовини Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон

Имрӯз (22.05.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо муовини Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Иван Шимонович, намояндаи минтақавии Идораи Комиссари Олӣ барои Осиёи Марказӣ Армен Арутунян, Сардори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Идораи Комиссари Олӣ Хулан Тседев ва муовини сардори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Идораи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид Фиона Фрайзер вохӯрӣ доир намуд.

 

 

 
Вохӯрӣ бо ҳайати меҳмонони Германия

Имрӯз (13.05.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо доктор Хегемер Кристиан - роҳбари Институти хамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел, Зоммер Волфганг - Президенти политсияи Бавария,  Энклинг Герд – директори политсия, роҳбари Раёсати тайёрӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси политсияи Бавария вохӯрии корӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ инчунин, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Орипов Нурилло Маърифхонович, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич ва роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Раҳимов Абдураҳим Абдураҳмонович  иштирок намуданд.

 

 

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Алиасғари Шеърдӯст

Имрӯз (19.04.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғои Алиасғари Шеърдӯст, мушовири бахши сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон оғои Хурромӣ ва мустақимоти вазоифи марбут ба Вазоратҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Сафорати мазкур оғои Интизорӣ вохӯрӣ доир намуд.

 

 

 

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғои Алиасғари Шеърдӯстро хайрамакдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кишвари Эрон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, сохтмон ва хусусан дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, бар зидди терроризм ва экстремизм изҳори андеша намуда, қайд кард, ки «Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамаи заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак фароҳам оварда шудааст. Аз он ҷумла, байни ин ду кишвар зиёда аз 90 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст».  

Оғои Алиасғари Шеърдӯст дар навбати худ аз пазироии гарму самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуд, ки «Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ҳеҷ заминае нест, ки мо дар он ҳамдигарфаҳмӣ надошта бошем. Дар чаҳорчӯби манофеи муштарак, таърих фарҳанг ва забон, кишварҳоямон рушду тараққӣ хоҳанд ёфт. Дар Тоҷикистон зиёда аз 300-ширкати эронӣ номнавис шудааст, ки дар самтҳои гуногун фаъолият менамоянд».

Мавсуф зимни табодули афкор аз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов даъват ба амал овард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Донишкадаҳои тахассусии Вазорати умури дохилаи Эрон оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир барои таҳсил фиристонад.  

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои мутақобила байни Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду давлат ва боз ҳам густардатар намудани онҳо баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафайн ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ҷиҳати ҳарчи бештари ҳамкориҳои  муштарак дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ изҳори умедворӣ намуданд.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия

 
Ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Хитой қавитар мегарданд

19 марти соли 2013 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.

Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин баррасии лоиҳаи «Барнома оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ байни Вазорати  бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013» буд.

 

 
Таҳкими ҳамкориҳо

Масъалаҳои вобаста ба муборизаи дастҷамъона бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо мудири Маркази маълумоти ҷиноятӣ оид ба мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Шурои ҳамкориҳои мамолики Халиҷи Форс майор Иброҳим Ҳасан Ал-Ромаиҳӣ, ки имрӯз  доир гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Рамазон Раҳимов ташрифи меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки масъалаи маводи нашъаовар доғи рӯз буда, Роҳбари давлати Тоҷикистон низ дар тамоми мулоқотҳояш доир ба он изҳори назар менамояд.

Ҳайати меҳмонон, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси марбута дар мавзуи «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллии нашъаҷаллобӣ», ки пагоҳ, 10 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ташриф овардаанд, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳои марбутаро дар самти муборизаи дастҷамъона бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг сохта, ҳамкориҳои судмандро дар ин самт боз ҳам тақвият мебахшанд.

У. ОЧИЛОВ

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири ШМА Эллиот Сюзан

Имрӯз (14.03.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эллиот Сюзан ва мушовири калон оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати мазкур Денис Костроу вохӯрии корӣ доир намуд.

 

 

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3860799
ИмрӯзИмрӯз1082
МоҳМоҳ11303
ХамагиХамаги3860799

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.