Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Арабистони Саудӣ

 

Имрӯз (02.12.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқуллода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Абдул-Азиз Муҳаммад Ал-Бодӣ вохӯрӣ доир намуд.

Вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Абдул-Азиз Муҳаммад Ал-Бодиро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ таъин гардидан табрик намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳои миёни ду кишвари дӯсту бародар дар заминаи созишномаҳои баимзорасида сол аз сол тақвият меёбанд.

 

 

 

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири давлати Ҷопон

Имрӯз (17.11.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва мухтори давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хаҷиме Китаока вохӯрӣ доир намуд.

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Сафири давлати Ҷопонро хайра мақдам гуфта, барои таъин гардидан ба ин вазифаи баланди дипломатӣ табрику муборакбод намуд.

 
Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар вохӯрӣ бо намояндаи Франсия

4 ноябри соли 2016, дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии судманд бо атташеи ҳарбии Политсияи Франсия дар назди Сафорати ин кишвар дар шаҳри Кобул (оид ба ҷумҳуриҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон) ҷаноби Бреар-де-Буазанж Антуан доир гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Зумрад Абдуллозода ва муовинони сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД иштирок доштанд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой

Имрӯз (28.10.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии Ваколатдори махсус оид ба масъалаҳои амният ва мубориза бо терроризми ин кишвар ҷаноби Чэн Гопин вохӯрӣ доир намуд.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмононро ба кишвари офтобии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз қадимулаём муносибатҳои дӯстона дошта, дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст.

 
Вохӯрӣ бо намояндаи минтақавии СММ оид ба умури паноҳандагон

Имрӯз (26.10.с.2016), дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ бо намояндаи минтақавии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) дар Осиёи Марказӣ хонум Ясуко Ода ва роҳбари Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани доир гардид.

Меҳмононро сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Зумрад Абдуллозода хайрамақдам гуфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо, ашхоси бешаҳрвандӣ, шахсони паноҳҷӯянда, ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кӯмак ба ин қишри одамонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ҳамеша омода аст, дар доираи созишномаҳои байналмилалии баимзорасонидашуда ба шахсони паноҳҷӯянда кӯмаки худро расонад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт  боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

Солиҳов Х.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз (25.10.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнатх Гош вохӯрӣ анҷом дод.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳамчунин сафирро ба муносибати таъиноташ ба ин вазифаи масъулиятнок табрик намуд. Қайд гардид, ки мардуми Тоҷикистону Ҳиндустонро дар ҳақиқат муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои бисёрасра бо ҳам мепайвандад.  

 

 

 

 
Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба

Имрӯз (25.10.с.2016), муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии сардори Раёсати молияву иқтисодии вазорати мазкур ҷаноби Лю Юйтсин вохӯрии судманд анҷом дод.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, сардори Раёсати молияву иқтисодии ВКД полковники милитсия Маҳмадшозода Шералӣ Аъзам ва дигар кормандони масъули ҷонибҳо ширкат доштанд.

 

 

 
Вохӯрӣ бо намояндагони Фонди Ҳанс Зайдели Олмон

Имрӯз (25.10.с.2016), муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо роҳбари  Фонди Ҳанс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Хеннинг Зенгер вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин, сардори Академияи ВКД полковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад ва аз ҷониби Фонди Ҳанс Зайдел, роҳбари лоиҳаи фонди мазкур дар кишварҳои Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер ва дигар шахсони масъули ҷонибҳо иштирок доштанд.

 

 

 
Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар мулоқот бо Вазири умури дохилии Афғонистон

Имрӯз (13.10.с.2016), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири фавқуллода ва мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро сараввал ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба сарзамини Тоҷикистон ва махсусан ба Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин, Вазири умури дохилии Афғонистон ҷаноби Тоҷмуҳаммад Ҷоҳидро барои таъин шудан ба ин вазифаи масъулиятнок табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти хизматӣ бурдборию пешравиҳо таманно кард.

 
Вохӯрӣ бо намояндагони Дидбони ҳуқуқи башар

Имрӯз (13.09.с.2016), дар Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони  Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch) вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҷониби Созмони байналмилалии зикргардидаро ҷаноби Стив Свердлов ва хонум Виктория Ким намояндагӣ карда, ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ аз Раёсати  ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намуданд.  

 

 

 
Ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилӣ дар шаҳри Санкт-Петербург

6 сентябри соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзоёни Иттиҳоди Давлати Мустақил баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Политсияи Арманистон, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ (БКБОП), Маркази зиддитеррористии ИДМ ва дигарон иштирок намуданд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад намояндагӣ намуданд.

 
Семинар оид ба масъалаҳои бехатарӣ

Аз 22-юм то 26-уми августи соли 2016 дар пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаҳри Вашингтон семинар дар масъалаҳои бехатарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон доир гардид, ки дар кори он сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Зумрад Абдуллозода иштирок намуд.

Дар ҷараёни семинар мутахассисони соҳа мавзӯъҳои рушди ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти бехатарӣ, амалиётҳои низомии ин кишвар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, нақши ИМА дар рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, масъалаҳои вобаста ба воситаҳои ахбори омма ва дигар мавзӯъҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.      

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи миллии мудофиаи Вашингтон, Округи Колумбияи Маркази тадқиқоти стратегии ИМА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ташкил карда шудааст.

Солиҳов Х. 

 
Вохӯрӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитой

Имрӯз (02.09.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии сардори Департаменти молияи Вазорати тиҷоратии ин кишвар ҷаноби Тсзен Хуачен вохӯрӣ доир намуд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, афзуд, ки ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самтҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот ва дигар зуҳуроти номатлуб густариш ёфта, ин ҳамкориҳо бо шарофати дӯстӣ ва муносибати самимонаи Сарони ду давлат рӯз аз рӯз тақвият меёбанд.

 

 
Тавсеаи ҳамкориҳо бо Созмони байналмилалии муҳоҷират

Имрӯз (23.08.с.2016), муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо роҳбари минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Аврупои Шарқӣ хонум Аргентина Сзабадос вохӯрӣ доир намуд.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Драган Алексоски, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Азизулозода С. ва муовини сардори Раёсати Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковник Сафаров Н. иштирок доштанд.  

 

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3816705
ИмрӯзИмрӯз54
МоҳМоҳ16210
ХамагиХамаги3816705

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.