Баррасии ҳуқуқҳои инсон ва ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар вохӯрӣ бо Хуан Мендез

Имрӯз (10.02.с.2014), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷаи Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендезро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Стефан Селг – котиботи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, Мария Ноэл Леони – ҳамоҳангсози Ташаббус оиди пешгирии шиканҷа, Лилия Захариева – мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Раёсати СММ дар Тоҷикистон ва Суҳроб Шоев – корманди Барномаҳои миллии Раёсати СММ дар Тоҷикистон иштирок доштанд.  

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов оид ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт суханронӣ намуда, қайд кард, ки «Моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳидаи 143 прим,илова карда шуд, ки дар он мафҳуми «шиканҷа» ба талаботи меъёри моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқат менамояд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷаро нисбати иштирокчиёни мурофиа манъ намуда, далелҳои бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори берахмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашударо беэътибор эълон менамояд».

Дар ин нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2012 Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои солҳои 2013-2016 тасдиқ гардид. Барномаи мазкур бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», ки барои ташкили низоми ҳимояи шоҳидон, аз ҷумла, ҷабрдидагони шиканҷа равона гардидааст, қабул гардид. Мақсади Барнома амалӣ гардонидани чораҳои ҳифзи давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад.

Дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтааст, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, чун яке аз унсурҳои асосии таъмини ҳуқуқи инсон»-ро барпо намояд.

Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов иброз намуд, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ аз болои фаъолияти кормандон назорати мунтазами пурзӯр ва санҷиши иҷроиши фармону дастурамалҳо, риояи қонуният ва интизом ба роҳ монда шудааст.

Дар натиҷа дар соли 2013 сатҳи қонунвайронкунӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 33% паст гардид.

Ҳамчунин дар муассисаҳои нигаҳдории муваққатӣ ва қисмҳои навбатдории шӯъбаҳои милитсия камераҳои мушоҳидавӣ барои назорати доимӣ таҷҳизонида шудаанд.

Донишандӯзӣ ва иттилоотонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ тибқи Барнома, бо роҳи ташкил ва гузаронидани семинар, курсҳои кӯтоҳмуддат, тренинг, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо бо мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ фанни махсуси «Риояи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни мубориза бо терроризм» ворид карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ёддошти «Озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф» ба табъ расида, ба кормандон дастрас гардонида шуд.

Дар ҷараёни нишаст, ҳамчунин зикр гардид, ки роҳбарияти сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам бо аҳли ҷомеа, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадахои олӣ, хонандаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва махсус вохӯриҳо гузаронида, дар рафти он масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Мавриди тазаккур аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шуд. Дар доираи ин ислоҳот лоиҳаи Барномаи ислоҳоти милитсия таҳия гардид, ки айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Бо мақсади ҳамкории зич бо аҳолӣ, бохабар будан аз вазъи кору рӯзгор, инчунин сари вақт дида баромадани арзу муроҷиати онҳо ва иштироки бевосита дар маъракаю чорабиниҳои оммавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба тасвиб расид.

Дар раёсатҳо ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ воҳиди кории ёрдамчии сардор оиди кор бо ҷомеа таъсис дода шудааст, ки онҳо бо мардум вохӯрда, мушкилоти шаҳрвандонро ҳаллу фасл менамоянд. Дар идомаи суханрониаш Вазири корҳои дохилӣ афзуд, ки «ин самти хизматӣ яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ гардида, баҳри боз ҳам равобити наздик доштани кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд».

Мавсуф қайд намуд, ки дар баробари пешравиҳо дар фаъолияти хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ камбудиҳо низ ҷой доранд, ки баҳри бартараф намудани онҳо мунтазам аз ҷониби роҳбарияти Вазорат чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Дар навбати худ маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷаи Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез изҳор дошт, ки «Ман мушоҳида кардам, ки баъд аз дусоли вохӯрии мо як қатор дигаргуниҳо дар самти андешидани чораҳо ва пешгирии шиканҷа дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст ва ман боварӣ дорам, ин чорабиниҳо бо ташаббуси бевоситаи Шумо роҳандозӣ гардидаанд».  

Ҷаноби Хуан Мендез зимни суханрониаш вобаста ба мафҳуми шиканҷа ва тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин намуди ҷиноят чи гуна ҷазо пешбинӣ гардидааст, мароқ зоҳир намуд.

Ҳамчунин мавсуф оид ба ташрифҳои эълоннашуда ба маҳкамаҳои нигоҳдории муваққатӣ (ИВС) аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таклиф пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов пазируфта шуд.

Рамазон Раҳимов, дар навбати худ зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун масъули асосии таъмини пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бо иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масоили ҷилавгирӣ аз шиканҷа муносибати ҷиддӣ зоҳир намуда, ҳар як далели вайроншавии ҳуқуқҳои инсонро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, барои дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон чораҳои муассир меандешад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба ҳамдигар аз баргузории чунин як мулоқоти пурмӯҳтаво изҳори миннатдорӣ намуданд.

Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3954104
ИмрӯзИмрӯз437
МоҳМоҳ47379
ХамагиХамаги3954104

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.