Нақши занони милитсионер дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муҳим аст

Масъалаҳои вобаста ба иҷрои барномаи «Баланд бардоштани нақши занон-кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъба оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва созмони «Эмерҷенс-групп»-и Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо ҳайати меҳмонон аз Сафорати ШМА баррасӣ карда шуданд.

 

Роҳбари аввали ВКД бо изҳори миннатдорӣ ба ҳайати Сафорати ШМА ҷиҳати таҳкими равобити судманд иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ бо созмони «Эмерҷенс-групп» танҳо давоми соли равон дар шаҳру навоҳии кишвар 19 нуқтаи робита бо ҷомеа бунёд гардидааст. Дар маҷмӯъ имрӯз дар мамлакат 27 нуқтаи робита бо ҷомеа амал мекунад, ки дар самти наздиксозии мақомоти милитсия бо аҳолӣ нақши муҳим доранд.

Вазири корҳои дохилӣ аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар самти омодасозии кадрҳо ёдовар шуда, ба ҳайати «Эмерҷенс-групп» барои баргузории семинар бо иштироки занон-кормандони милитсия дар вилояти Суғд, ки имрӯзҳо идома дорад, изҳори миннатдорӣ намуд.

- Баланд бардоштани нақши занон дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба хотири баробарҳуқуқии занону мардон, пешгирии зӯроварӣ нисбати занону кӯдакон ва торафт беҳтар намудани шароити кору зиндагии намояндагони ҷинси латиф ва ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо тайи солҳои охир дар кишвар қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Бо ин мақсад заминаи муҳими ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада, ба як қатор кодексу қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар ин замина роҳбарияти ВКД низ аз худ ташаббус нишон дода, дар масъалаи бештар ҷалб намудани занон ба вазифаҳои масъулиятнок чораҳои зиёд андешида истодааст.

Имрӯз 11 фоизи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро намояндагони ҷинси латиф ташкил медиҳанд, ки 87 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ин шумора 9 нафар занон-кормандони милитсия дорои рутбаи полковник ва 71 нафари дигар подполковники милитсия мебошанд, - изҳори назар намуд Р.Раҳимов.

Роҳбари аввали ВКД нақши занон-кормандони милитсияро дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ карда, иброз намуд, ки бо мақсади ҳавасманд намудан ва боз ҳам бештар дилгарм сохтани онҳо ба пешаи интихобнамудаашон танҳо давоми соли равон бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 118 нафар милитсионерзанҳо бо тӯҳфаву мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар навбати худ роҳбари ҳайати меҳмонон, муовини Сафири ШМА дар Тоҷикистон Роберт Бургесс бо қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои ВКД бо Cафорати ШМА изҳор намуд, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо ин мақомоти бонуфузи давлатӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ карда мешаванд.

- Имрӯз Сафорати ШМА, хусусан созмони «Эмерҷенс-групп» бо ВКД дар самти омодасозии кадрҳо, баргузории конфронсу семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ дар байни кормандони милитсияи тоҷик ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла, баъди анҷом ёфтани он машғулиятҳое, ки имрӯз дар вилояти Суғд бо иштироки занон-кормандони милитсия ҷараён доранд, иштирокчиёни онҳо бо либоси махсус ва дучархасавор дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд. Албатта, ин охирин лоиҳаи муштараки мо дар самти ҳамкориҳои дуҷониба набуда, минбаъд низ ба хотири боз ҳам наздик сохтани мақомоти милитсия бо ҷомеа, баланд бардоштани нақши занон-кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бештар ҷалб намудани намояндагони ҷинси латиф ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ робитаҳоро мустаҳкам менамоем, - изҳори андеша намуд Р. Бургесс.

Дар ин вохӯрии судманд, ки мушовири Сафорати ШМА оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ Дэннис Косгров, роҳбари шӯъба оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ШМА ва сарвари «Эмерҷенс-групп» дар Тоҷикистон Ҷеймс Кейли низ иштирок доштанд, оид ба пахлӯҳои дигари ҳамкориҳои дуҷониба миёни Сафорати ШМА ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карданд.

Мулоқоти мазкур дар фазои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Умед Очилов,

Маҳбуба Гулова.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4458755
ИмрӯзИмрӯз840
МоҳМоҳ32684
ХамагиХамаги4458755

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.