Ислоҳоти милитсия ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ

Имрӯз (03.07.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Марко Кубни – роҳбари шӯъба оид ба масъалаҳои стратегии фаъолияти политсияи  департамент оид ба муқовимат бар зидди таҳдидҳои фаромарзии Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Улф Биллвинг - мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи САҲА мулоқот доир намуд.

 

 

Дар рафти мулоқот Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилӣ бо САҲА,  рафти ислоҳоти милитсия ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, сухан ронда, изҳор намуд, ки «Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 таҳти №1438 Стратегияи ислоҳоти милитсия тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур роҳҳои навро дар таъмини рушди милитсияи Тоҷикистон, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ дар коркард ва амалисозии чунин ҳуҷҷатҳо дар бар мегирад.  Албатта, ислоҳот бе ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, яке аз афзалиятҳои асосии ислоҳоти милитсия ин пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ, сазоворӣ боварӣ будан ва ҷалби шаҳрвандон ба кори милитсия мебошад. Яке аз афзалиятҳои дигари фаъолияти милитсия ин пешгирӣ ва профилактикаи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.»

Марко Кубни дар навбати худ ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ҷиҳати баргузории конференсияи минтақавӣ оид ба киберҷиноятҳо ва ҳамкории судманди  мақомоти корҳои дохилӣ бо САҲА изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки «Дар шаҳри Вена (Австрия) оид ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр нағз огоҳ ҳастанд. Ҳар он иқдоме, ки Шумо дар ин самт анҷом додаед, қадамҳои устувор ба сӯи ислоҳоти милитсия мебошанд. Вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти милитсия орому мусоид ва кушода аст. Ман боварӣ дорам, ки баъди ислоҳоти милитсия ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибат ва назари худро нисбати милитсия ба кулли тағйир медиҳад. САҲА ҳамеша омода аст, дар раванди ислоҳоти милитсия ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак намояд».

Ҳамзамон, Марко Кубни Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимовро ба вохӯрии Вазирони Вазоратҳои корҳои дохилӣ, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Бухарест (Руминия) баргузор мегардад, даъват намуд. Марко Кубни изҳор кард, ки дар вохӯрии мазкур вазирон аз давлатҳои Украина, Шветсария, Канада, Руминия ва ғайра даъват шудаанд ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ҳамчун намоянда аз минтақаи Осиёи Миёна даъват шудааст.       

Дар ҷараёни мулоқот Улф Биллвинг - мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи САҲА, оид ба ҳамкориҳои муфиди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки САҲА мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар омода намудани мутахассисон оид ба технологияи интерентӣ ва терроризм, гузаронидани тренинги омӯзишӣ ва таъсис додани Марказ оид ба киберҷиноятҳо дастгирӣ менамояд.

Дар хотимаи мулоқот Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба намояндагони САҲА барои баҳои баланд додан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки муносибатҳо боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт.

Мулоқот дар фазои якдилӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия        

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4367040
ИмрӯзИмрӯз674
МоҳМоҳ40348
ХамагиХамаги4367040

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.