|
Имрӯз (10.08.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмарро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Мушовири Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба корҳои Россия, Қафқоз ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Муҳаммад Шокир Коргар, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе Абдулғафур Орзу, муовини аввали Вазири дифои ҶИА генерал Абдулхолиқ Сарварӣ ва муовини сиёсӣ ва тарҳрезии Раёсати умумии амнияти миллии ҶИА Аҷмал Убайд Обидӣ иштирок доштанд.
Сараввал Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва кулли ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, афзуд, ки «Мо аз дидор бо мардуми дӯсту бародари ҳамфарҳанг хушнуд буда, умедворем, ки робитаҳои байни мақомотҳои қудратӣ бар асари саъю кӯшишҳои муштараки ояндаи мо дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бомайлон хоҳанд ниҳод».
Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминаи ҳамкориҳоро муҳайё намуда, дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро ба имзо расонидаанд.
Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар аз пазироии гарму самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори сипос намуда, қайд кард, ки мардуми Афғонистон ва Тоҷикистон на танҳо ҳамсоя, ҳамфарҳанг, ҳамҷавор, балки ҳамнажод ҳастанд. Мо итминони комил дорем, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ тақвият ёфта, дар ин замина як саҳифаи ҷадиди ҳамкориҳоро шурӯъ менамоем.
Тарафайн дар ҷараёни вохӯрӣ масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, силоҳ, инчунин мубодилаи иттилоот, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва омӯзиши таҷрибаи якдигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои амниятӣ дар арсаҳои муштарак бо ҷиноятҳои мансуб ба маводи мухаддир ва созмонёфта, як қатор пешниҳодҳо ироа гардид.
Дар интиҳои мулоқот Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз вохӯрии мутақобилан судманд бо Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои байналмилалӣ вусъат хоҳанд ёфт, зеро хатари терроризм ва экстремизм ба тамоми минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамояд. Мо ҳамеша омода ҳастем, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои афзалиятнок пурзӯр намоем.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова
![]() | Имрӯз | 336 |
![]() | Моҳ | 21570 |
![]() | Хамаги | 3871066 |
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.