Ҷазираи дуртарин

Тристан да Куня аз ҷумлаи ҷазираҳоест, ки аз хушкӣ дар масофаи хеле дур ҷойгир аст. Он дар қисмати ҷанубии уқёнуси Атлантик воқеъ гардида, аз соҳилҳои Африқо 2800 километр ва аз соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ дар масофаи 3360 километр дурӣ ҷойгир шудааст. Ҷазираи Еленаи Муқаддас, ки хушкии аз ҳама наздиктарин ба Тристан да Куня маҳсуб меёбад, дар масофаи 2160 километр дур аз ин ҷазира воқеъ аст. Ҷазираи Тристан да Куня ба хотири баҳрнаварди португалӣ номгузорӣ шудааст. Масоҳати ин ҷазираи дурдаст 100 километри квадратиро ташкил медиҳад.

 
23 феврал дар таърих

Таърихи Рӯзи Артиш эълон гардидани 23 феврал аз соли 1918 шурӯъ мешавад. Дар он рӯзҳои мушкил давлати ҷавони сотсиалистӣ ба қӯшунҳои ҳарбӣ ниёз дошт ва он вақт Армияи Сурх тавонист нахустин ғалабаҳоро ба даст орад.

Аввалин маротиба дар давлати Шӯравӣ солгарди Армияи Сурхро ҷашн гирифтанд. Пас аз он ин идро ҳамчун Рӯзи Армияи Сурх номгузорӣ карданд ва соли 1946 бо фармони Иосиф Сталин 23 феврал ба Рӯзи Армияи Сурхи Шӯравӣ ва Флоти ҳарбии баҳрӣ табдил ёфт. Дар Федератсияи Россия соли 1995 қарор оид ба 23 феврал ҳамчун ҷашн бо номи нав қабул карда шуд. Расман он чунин буд: "Рӯзи ғалабаи Армияи Сурх бар қӯшунҳои кайзерии Олмон дар соли 1918" ва баъдан ба Рӯзи муҳофизати Ватан табдили ном кард.

 
Дар мактабҳои вилояти Пенза бо пешниҳоди политсия вазифаи муовини директор оид ба бехатарӣ ворид карда шуд

Бо пешниҳоди РВКД Россия оид ба вилояти Пенза Вазорати маориф дар минтақа вазифаҳои шахсонеро ворид намуд, ки барои амният ва бехатарии мактаббачагон вазифадор мебошанд. Муовинони директор оид ба бехатарӣ, ҳаёт ва саломатии хонандагонро дар мактабҳои миёна таъмин менамоянд ва дар муассисаҳои таълимӣ асосҳои бехатарии ҳаёт ва фаъолиятро  меомӯзонанд. Вазифаҳои муовини директор оид ба бехатарӣ аллакай дар як қатор мактабҳои Пенза, Заречний ва Кузнетск ҷорӣ карда шудаанд.

Аз саршавии соли хониш политсияи Пенза ба мониторинги иштироки хонандагон дар дарсҳо шурӯъ намуд. Дар ҳолати набудани хонанда дар синфхона дар вақти дарс, корманди политсия муайян менамояд, ки бо кадом сабабҳо мактаббача дар машғулиятҳо нест. Дар ҳолати зарурӣ нозир оид ба корҳои ноболиғон ба хонаи кӯдакон рафта, мефаҳмад, ки дар кадом шароит онҳо кор мекунанд.

 Хадамоти матбуотии РВКД Россия оид ба вилояти Пенза

 
Маводҳои ҷолиб дар бораи политсия

Дар Россия политсия дар асри 16 ба вуҷуд омадааст. Дар он вақт политсия аз ҳисоби сокинони шаҳр нигоҳдорӣ мешуд, на аз ҳисоби давлат. Ходимони политсияро дар шаҳрҳои калонтарин хизматгори халқ меномиданд. Онҳо дар шаҳри Москва либосҳои ранги сурх ва сабз дошта мепӯшиданд. Дар асри 18 кормандони политсия дар Россия на танҳо тартиботи шаҳрро назорат мекарданд, балки як қатор вазифаҳои хоҷагидориро низ иҷро мекарданд: ба беҳтар намудани шароити шаҳр машғул мешуданд – сохтани кӯчаҳо, хушк кардани ҷойҳои ботлоқзор, бурдани партовгоҳҳо ва ғайраҳо назорат мекарданд. Бо кӯшиши кормандони политсия соли 1721 дар шаҳри Санкт-Петербург аввалин фонусҳо ва курсиҳо дар кӯчаҳои шаҳр барои дам гирифтани шаҳрвандон гузошта шуд.   

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3822137
ИмрӯзИмрӯз1371
МоҳМоҳ21642
ХамагиХамаги3822137

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.