Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"


(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод. 352; соли 2006, №3, мод.148; соли 2007, №7, мод.663, соли 2008, №6, мод.450; соли 2009, №12, мод; Қ онуни ҶТ аз 25.03.11с №689; Қонуни ҶТ аз 28.06.11г., №725 Қонуни ҶТ аз 26.12.11с., №770; аз 16.04.2012с., №801).)


Маҷлиси намояндагон 7-уми апрели соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 3-юми майи соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

Қонуни мазкур мафҳуми милитсия, самтҳои асосии фаъолияти он, салоҳият, принсипҳои фаъолият, мавқеи милитсия дар системаи мақомоти давлатӣ, вазифаю ҳуқуқҳо, тартиби ба хизмати милитсия қабул намудан, масъулият, кафолати давлатии таъминоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва назорати фаъолияти милитсияро муайян менамояд.

 
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №4, мод.134; соли 2007, №7, мод.655; Қонуни ҶТ аз 25.03.11с. №690)

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки вобаста ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ, махфӣ доштан, ошкор кардан ва ҳифзи онҳо ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад, инчунин асосҳои ҳуқуқӣ ва системаи ягонаи ҳифзи сирри давлатиро дар тамоми намудҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он муайян менамояд.

 

 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, № 23-24, мод.462;
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, №4, мод.62; с.1998, №10, мод.119; с.2002, №4, қ.1, мод.161; с.2003, №4, мод.142; с.2008, № 6, мод.452; с.2009, №3, мод.92; с.2014, №11, мод.660;
Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 с., №1264)

БОБИ 1.
ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Шахсоне, ки амали Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ мегардад

Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мешаванд: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1151)
а) сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
шахсоне, ки ҳамчун афсар ва прапоршик ё аз рӯи қарордод ба сифати сарбоз, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қӯшуни cарҳадӣ ва дохилӣ, қӯшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро адо кардаанд ва оилаҳои онҳо;

 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки бо амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ алоқаманд мебошанд, ба танзим дароварда, системаи кафолатҳои қонуният, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муқаррар менамояд.

 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №7, мод. 454; соли 2007, №7, мод. 658; соли 2008, №1қисми 1, мод. 2)

Маҷлиси намояндагон 30-юми июни соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод.312; соли 2002, № 4, қ.1, мод.266; соли 2006, №4, мод. 192; соли 2007, №7, мод. 661)

БОБИ I.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур бо назардошти ҳифзи саломатии аҳолӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандию токсикомандӣ ва расонидани ёрии наркологи ба шахсони гирифтори нашъамандӣ ва токсикомандӣ мебошад.

 
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №12, мод. 697; соли 2007, № 3, мод.158)

Маҷлиси намояндагон 5 ноябри соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 21 ноябри соли 2003 ҷонибдорӣ кардааcт

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №7, мод. 459; Қонун ҶТ аз 28.06.11г., №716)

Маҷлиси намояндагон 9-уми июни соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад.(ҚҶТ аз 28.06.11г., №716)

 

 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №11, мод. 275; соли 2005, № 3, мод. 116; соли 2007, №5, мод.355; соли 2008, №10, мод.802)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Фасли I. Муқаррароти умумӣ

Моддаи1. Мақсади қонуни мазкур

Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

тадбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

ошкор, ва пешгирӣ ва қатъ намудани фаьолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм. 

 
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №7, мод. 402; соли 2007, №7, мод. 660; соли 2008, №10, мод.800; Қонуни ҶТ аз 26.12.11г., №772)

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2005, № 53 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 4, моддаи 284) қабул гардидааст

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли 2005, № 94 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 7, моддаи 415)ҷонибдорӣ гардидааст

Ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.

 

 
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қисми 1, мод. 305; соли 2010, №1, мод. )

Қонуни мазкур асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, инчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳоро муайян намуда, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳоро муқаррар мекунад.

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, № 9, мод. 234)

Моддаи 1. Мақсадҳои қонун

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл ҷорӣ карда мешавад:

- тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими истиқомат мекунанд ва ё панноҳгоҳ, меҷӯянд;

 
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ"

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №7, мод. 404; соли 2007, Қонуни ҶТ аз 16.04.2012с., №804

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2005, № 60 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 5, моддаи 339) қабул гардидааст

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли 2005, № 97 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 6, моддаи 418)ҷонибдорӣ гардидааст

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3708176
ИмрӯзИмрӯз374
МоҳМоҳ16370
ХамагиХамаги3708176

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.