|
Ҳамчунин дар конференсияи мазкур китоби тозаэҷоди таълимии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи ТоҷикистонРаҳимов Рамазон Ҳамроевич ба ҳозирин муаррифӣ карда шуда, қайд гардид, ки он беҳтарин дастури амалӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷӯёни бахши ҳуқуқшиносӣ ва бевосита кормандони бахши оперативӣ мебошад.
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
А К А Д Е М И Я
Конференсияи байналмилалии илмӢ-назариявии ректорӢ
«Ташаккули механизмҳои таъсирбахш ҷиҳати таъмин намудани амнияти глобалӣ дар шароитҳои таҳдидҳои муосир ва татбиқи онҳо бо назардошти риояи ҳуқуқи инсон. Мувофиқкунии низоми омодасозии кадрҳои политсия ба шароитҳои муосир»
Рӯзи 15марти соли равон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазиргенерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои умумии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва нақши он дар таҳкими ҳуқуқи инсон»баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ онро ифтитоҳнамуда дар бораи моҳият ва аҳамиятнок будани мавзӯи конференсия суханронӣ карда таъкид намуданд, ки имрӯз дар наздикормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бисёр проблемаву масъалаҳое мавҷуданд, ки ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сахт алоқаманданд.
Имрӯз (22.11.с.2016), дар ШВКД дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Омӯзиши арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Нахуст сардори ШВКД, полковники милитсия Табарзода Валиҷон Саид бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки бо мақсади иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», вобаста ба супоришоти Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД дар шуъбаи милитсияи ноҳияи Варзоб доир ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳайати шахсӣ ва додани корҳои ободонӣ бомаром ҷараён дорад. Ҳамчунин, атрофи шуъба ва бахшҳову ҳуҷраҳои кории кормандон бо ин муқаддасоти миллӣ оро дода шудааст.
Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳомидов Бароталӣ Партовович дар баромади худ ба кормандони ғайриштатии милитсия муроҷиат намуда, қайд кард, ки «Вазифаи асосии Шумо ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи сифатҳои шахсӣ ва амалии худ қобилият ва хоҳиши ба милитсия дар ҳифзи тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва роҳ надодани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ошкор намудани ҷиноятҳо кӯмак кардан ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад».
Айни замон, мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ Раҳматов Ҷуманазар оид ба ҳамкории милитсия ва ҷомеа баромад намуда истодааст.
Имрӯз (22.11.с.2016), бахшида ба «Рӯзи Парчами миллӣ» дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ, устодони Академияи ВКД полковники милитсия Раҷаббой Ҷӯраев, майори милитсия Акмал Юсуфзода ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии вазорат конференсияи илмӣ –амалӣ баргузор гардид.
Конференсияро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд. Қайд гардид, ки ҳар як фарди бонангу баномуси ин давлату сарзамин бояд парчами кишвари худро муқаддасу азиз дошта, бо амалҳои неку созандаи худ парчамбардори миллату давлат гардад.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и пешниҳодгардида аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич таҳия гардида, яке аз аввалин кори хусусияти кушодадошта оид ба асосҳои қонунгузории оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад, ки ба забони давлатӣ ба табъ расидааст. Дар китоб бештар моҳияти ҳолатҳои назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба таври возеҳ кушода шуда, маъно ва ҷой дар низоми чораҳои давлатӣ-ҳуқуқии мубориза бо ҷинояткорӣ муайян шудаанд.
Дар идомаи Конференсияи кормандони ғайриштатии милитсия намояндаи Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алстер Лингвистон баромад намуда, изҳор кард, ки ин иқдоми пешгирифтаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ қобили қабул аст.
Ҳамчунин мавсуф оид ба ҳамкориҳои САҲА ва Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти милитсия ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти корҳои дохилӣ ибрози андеша намуд. Ӯ изҳор кард, ки мо ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рафти ислоҳоти милитсия аҳамияти хоса зоҳир менамоем. Бо ин мақсад САҲА ва Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтаанд, ки дар чоряки чоруми соли 2013 Мизи мудаввар оид ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рафти ислоҳоти милитсия баргузор намоянд.
Конференсияи кормандони ғайришататии милитсия идома дошта, аз ҷараёни он пайваста маълумот хоҳем дод.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов муфассал баромад намуда, ҳадаф ва баргузории конфренсияи мазкурро шарҳ дод. Мавсуф зимни суханрониаш нақши кормандони ғайриштатии милитсияро дар таъмини бехатарии ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон таъкид намуда, барои боз ҳам беҳтар ва хубтар намудани фаъолияти онҳо як қатор пешниҳодҳои муфид иброз намуд.
Айни замон, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов баромад намуда, истодааст.
Конференсияи кормандони ғайриштатии милитсия таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов идома дорад.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич ифтитоҳ бахшида, пеш аз баромадаш ба хотири шаҳидони амали террористии дар шаҳри Бостони Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба вуқӯъ пайваста, дақиқаи хомӯшӣ эълон намуд.
Субҳи имрӯз (16.04.с.2013) бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Кохи Ҷомӣ Конференсияи умумиҷумҳуриявии «Кормандони ғайриштатии милитсия» бо иштироки роҳбарияти Вазорат, намояндагони Сафоратхонаҳо, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия ба кори худ оғоз мебахшад. Мақсад аз баргузории конференсияи мазкур ҳамкорӣ бо ҷомеа ва ҷалби шаҳрвандон дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.
Аз рафти баргузории конференсия пайваста иттило хоҳем дод.
Бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори РВКД дар вилояти Суғд конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан» баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилоят, омӯзгорони факултаи 4-и Академияи ВКД ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров иштирок намуданд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳии сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон оғоз бахшида, мавсуф дар маърӯзаи хеш доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти корӣ ва мавқеи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳарф зад.
Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, муқовимат бо корупсия ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои мутташакили трансмиллӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат, фаъолияти мақомати ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба хусусу мубориза бо терроризму экстремизм, ки ба ҷомеаи имрӯз таҳдид мекунад, аз тамоми мақомотҳои дахлдор фаъолияти якҷояро тақозо мекунад.
Дар толори РВКД дар ВМКБ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назарявӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ, устодони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ, раиси ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибек Қозибеков, ходими илмии институти илмҳои гуманитарӣ Умед Мамадшерзодшоев, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ профессор Элбон Ҳоҷибеков, номзади илмҳои филологӣ Лаълҷуба Мирзоҳасанов, инчунин толибилмони мактаби Президентии шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.