Лоиҳа

Стратегияи

ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2013-2020

Муқаддима

Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат анҷом медиҳад, инъикос менамояд.

Стратегия аз ҷониби коршиносони миллӣ дар ҳамкории мутақобила бо Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (минбаъд - САҲА) дар Тоҷикистон, дар асоси баҳодиҳии муштараки эҳтиёҷоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тољикистон (минбаъд - ВКД), ки аз ҷониби гурӯҳи баҳодиҳии САҲА дар соли 2008 гузаронида шуда буд, инчунин Ёддошти Тафоҳуми байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА таҳия шудааст.

 
Барномаҳо

Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон

Конференсияи илмї-амалии љумњуриявї

«Проблемањои муњими фаъолияти оперативї-љустуљўї ва

наќши он дар тањкими њуќуќи инсон»

Дар толор барои инъикоси конференсия намояндагони воситањои ахбори омма иштирок менамоянд (то хўроки нисфирўзї)

 

 
Конференсияи илмӣ-назариявӣ оид ба аҳамияти мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»

Тавре ба ҳамагон маълум аст бо фарорасии фасли тобистон ва гарм шудани боду ҳаво ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои сӯхтор, хусусан дар майдонҳои ғалла, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо, ки дар қаламрави ҷумҳуриамон кам нестанд, зиёд мегардад. Аз ҷумла, мамнӯъгоҳи табии давлатии «Бешаи палангон»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамнӯъгоҳҳои қадимтарини биёбони туғайзор дар системаи мамнӯъгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ дар ҳудуди заминҳои ноҳияҳои Ҷиликул, Қумсангир ва Қабодиён тӯл кашидааст. Масоҳати умумиаш 49 ҳазору 800 гектар буда, 45 намуди ҳайвонот, 214 намуди парандаҳо, 20 намуди моҳӣ, 30 намуди хазандагон ва зиёда аз 480 намуди растаниҳо парвариш меёбанд.

 
Намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомотҳои муҳоҷиратӣ (СРМО) иштирок намуданд

Рӯзҳои 13-14 июни соли равон дар ш.Троитски вилояти Москва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомотҳои муҳоҷиратии давлатҳо–иштирокчиёни ИДМ, Шӯро оид ба сиёсати муҳоҷирати Кумитаи интегратсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭс) ва Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони салоҳиятдори мақомоти давлатҳо-аъзои СААД (ОДКБ) доир ба масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аз Вазорати корҳои дохилӣ муовини Вазир генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Солиева Зумрад иштирок намуданд.

 
Иҷроиши Паём муносибати ҷиддиро тақозо дорад

Розиқзода А.Ш.

Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия

 Дар замони истиқлолияти кишварамон баъзе рукнҳои нави давлатдорӣ шакл гирифта, ба ҳукми анъана даромаданд. Яке аз ин анъанаҳо Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ мебошад, ки ҳамасола ироа карда мешавад. Дар паёми ҳамасолааш Президенти кишвар бурду бохти асосии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро ҷамъбаст намуда, роҳҳои стратегии пешрафти давлатро барои соли оянда муайян мекунад. Дар Паёми имсолаи хеш Ҷаноби Олӣ ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар хеле мулоҳизакоронаю дурандешона назар карда, хатарҳои глобалии замони муосирро таъкид намуда, ҳадафҳои стратегияи миллии кишварро мушаххас муайян намудааст.

 
ТАҚРИЗ

ТАҚРИЗ

ба китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимов Рамазон Ҳамроевич - Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия

 


Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», ки бо қалами Раҳимов Рамазон Ҳамроевич ба тозагӣ ба нашр расидааст, дастраси доираи васеи хонандагону толибилмон, олимону коршиносон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии кишвар гардид. Ман низ, ки зиёда аз 32 сол дар вазифаҳои гуногуни воҳидҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудаам, бо завқи беандозаи зиёд тадқиқоти илмии мазкурро мавриди омӯзишу таҳлил қарор додам ва бо шарафмандӣ метавон изҳор намуд, ки китоби мазкур ҳамчун адабиёти махсуси юридикӣ дар омӯзиш, таҳқиқ, гузоришу пешниҳоди мавзӯъ ва таҳлилу баёни масъалаҳои марбут ба паҳлӯҳои гуногунҷабҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба як гардиши куллӣ асос гузоштааст.

 
Т А Қ Р И З

Ба китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ»

Душанбе: «ЭР-граф», 2012, -596 с.

Васоити таълимии мавриди тақриз маҳсули меҳнати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал - лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич буда, зери таҳрири номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Солиев К.Ҳ. интишор гардидааст. Муқарризони он доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Шарипов Т. ва номзадони илмҳои ҳуқуқ Шарипов Ф.Р., Бобоҷонов И.Ҳ. ва Ғозиев М. мебошанд.

 
Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ дар масъалаҳои ҷавонон ва ноболиғон

Дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба таъкиду эродҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ дар хусуси пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон Мушовараи махсус доир карда шуд, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, аъзоёни мушовараи Вазорат, роҳбарони раёсатҳо ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.Дар мушовараи мазкур омилҳои сар задани ҷинояту қонуншиканӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, маърифати пасти ҳуқуқии онҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар миёни онҳо, пешгирии гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу равияҳои ғайриқонунӣ, ташкилу ба роҳ мондани сӯҳбату вохӯриҳои судманд бо падару модарони ноболиғоне, ки сустиродаву моил ба содир намудани қонуншиканӣ ҳастанд ва инчунин назорати доимии марказҳои дилхушиву бозиҳои кампютерӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
Муроҷиат

Муроҷиати

Вазири корҳои дохилӣ ба Парлумони Аврупо дар ҷаласаи дуввуми Кумита оид ба ҳамкориҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

4 майи соли 2012

Хонумон ва ҷанобон!

Меҳмонони гиромӣ!

Байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо нуқтаҳои зиёди ҳамоиш вуҷуд дорад, махсусан дар самти ҳамкориҳои дуҷониба, бисёрҷониба ва шарикӣ, ки бояд рушду такомул дода шаванд. Чӣ тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: «Мо тоҷикон аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки ҷанг ба чӣ оқибати даҳшатнок оварда мерасонад. Барои он, ки ягон инсони рӯи замин ин даҳшатро ҳис накунад, мо бояд аз қувваҳои террористӣ ва иртиҷоӣ халос шавем ва мамлакати худро аз таъсири марговари онҳо эмин нигоҳ дорем».

 
Ҷаласаи Мушовараи ВКД

Субҳи имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба ҷамъбасти пурраи фаъолияти мақомот дар се моҳи соли ҷорӣ оғоз гардид. Пеш аз шурӯъ шудани ҷаласаи Мушовара вобаста ба самтҳои нави фаъолияти Вазорат роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Раҳимов А.А., сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Ҳамидов Б.П., сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Раҷабов И.С. муфассал баромад намуда, оиди натиҷаҳои бадастомада дар ин самтҳо маълумот доданд.

 

 

 

 

 
Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ

Дар баробари рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа олами ҷиноӣ низ ташаккул ёфта, инкишофи муосиртарин шаклҳои ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва яроқи оташфишон, махфинигаҳдории ҳаракатҳои гурӯҳҳои ҷинояткор, дараҷаи баланди таҳҷизоти техникии онҳо ба мушоҳида расида, водор месозад, ки роҳҳои нави ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кашф карда шуда, воситаҳои мавҷуда ва усулҳои ҷамъоварии далелҳо, ба даст овардани иттилои саривақтӣ пурзур карда шаванд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои беҳтарини ба даст овардани натиҷаҳои мазкур ин ҳолати пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мебошад. Ин талабот омӯзиши ҳаматарафаи назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба миён оварда, тақозои боз ҳам инкишоф ёфтани онро дорад.

 

 

 

 
Шарҳи мухтасар

 Шарҳи мухтасар

ба рисолаи Раҳимов Р.Ҳ. «Стратегияи сиёсати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор ва воситаҳои психотропӣ» Душанбе. ҶДММ ЭР-граф». 2013.288 с.

Рисолаи ба тозагӣ ба табърасидаи «Стратегияи сиёсати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии моддааҳои нашъадор ва воситаҳои психотропӣ», ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, аъзо-корреспонденти Академияи умумиҷаҳонии илмҳои амнияти дастаҷамъӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич омода гардидааст, яке аз нашрҳое мебошад, ки дар он натиҷаҳои таҳқиқоти бисёрсолаи мушкил ва проблемаҳои нозуки муосир дарҷ ёфта, хусусиятҳои муҳимро дар шароити муосир дар бар мегиранд, ки пайваста омӯхтани масъалаҳои баррасишаванда шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

 

 

 
Қадршиносӣ

Дар хотимаи конференсияи кормандони ғайриштатии милитсия Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич оиди ҳавасманд гардонидани кормандони ғайриштатии милитсия ва роҳбарони муассисаҳои олӣ ва идораю корхонаҳои давлатӣ қироат карда шуд.

Мувофиқи Фармони мазкур бо соати дастӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд:

 

 

 
Қарорҳои конференсияи илмӣ-амалии «Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷиноятҳои трансмиллӣ ва нашъаҷаллобӣ»

Рӯзи 10 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Конференсияи байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷиноятҳои трансмиллӣ ва нашъаҷаллобӣ» шуда гузашт.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3869803
ИмрӯзИмрӯз566
МоҳМоҳ20307
ХамагиХамаги3869803

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.