Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими Истиқлолияти Тоҷикистон

Дирӯз (26.08.с.2016), дар маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди Истиқлолияти Тоҷикистон»баргузор гардид. Ҳамомиши мазкур бо ташаббуси РВКД дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо профессорону олимони факултети 4-уми Академияи ВКД, бо иштироки ҳайати шахсии шуъбаҳои дастгоҳи Раёсат, роҳбарияти ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд, устодон ва шунавандагони факултети 4-уми Академияи ВКД ва собиқадорони милитсия гузаронида шуд.

Баъди ворид намудани Парчами миллӣ ба толор ва зинда сароидани Суруди миллӣ, нахуст бо сухани ифтитоҳӣ оиди мақсаду мароми конференсия генерал - майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ҳозирин маълумот дода риштаи суханро барои бурдани кори конференсия ба Назарзода Носир Ҷобир доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ супорид.

 
Конференсияи ҷумҳуриявӣ хотирмон гузашт

Дар конференсияи мазкур мубоҳиса ва мубодилаи афкор сурат гирифта, Ҳикматулло Сайфуллозода – сармуҳаррир оид ба Васоити ахбори оммаи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои конференсия назари худро изҳор намуд.

Ҳамчунин, иштирокчии конференсия Каримов Абдураҳим дар баромади хеш оид ба рукнҳои дини ислом суханронӣ намуда, оятҳои «Қуръон»-ро тафсир карда, иброз дошт, ки «Нафароне, ки терроризм ва экстремизмро ба дини мубини Ислом рабт медиҳанд, мутлақо хато мекунанд, зеро дини Ислом, дини некӣ, накӯкорӣ ва покию озодагист». Мавсуф дар идомаи суханрониаш қайд кард, ки «Агар сухан дар бораи ягонагии миллату Ватан равад, бояд гуфт, ки ягонагии миллат волотарин муқаддасот аст ва Ватан беҳтарин неъмати Худованд аст, ки ба он бояд арҷ гузошт». 

 

 
Мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир

Дар рафти конфренсия Сюзан Эллиотт – Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар мубориза бо терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар хатару таҳдиҳои ҷаҳони муосир бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ягона дорад.

Ҳамчунин, Маркус Мюллер – Роҳбари Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Милопар Бандишоев – муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

 
Мубориза дар ҳамбастагӣ

Дар идомаи конференсияи ҷумҳуриявӣ роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Перспектива-плюс» Ойниҳол Бобоназарова баромад намуда, сараввал ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ташкил намудани чунин як конференсияи муҳим изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки «Боиси таҳсин аст, ки Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз се мавзӯи доғи рӯз-терроризм, экстремизм ва коррупсияро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин проблемаҳо мушкилоти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва бояд дар хамбастагӣ ва ҳамкорӣ бар зидди онҳо мубориза бурд. Ман боварии комил дорам, ки Вазорати корҳои дохилӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ин самт ҳамкорӣ намуда, бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза мебаранд».

Ойниҳол Бобоназарова дар идомаи суханрониаш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки қабули қонуни мазкур саривақтӣ ва зарур буд.

Ҳамчунин, оид ба масъалаи дигари доғи рӯз – фоҳишагарии занону духтарон ибрози андеша намуда, зикр кард, ки бо шарофати ҳуқуқшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд, то пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад.

 
Эълон!!!

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қабули ҳуҷҷатҳоро ба адъюнктура дар соли 2014 аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

   12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат;

  • 12.00.02 – ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунитсипалӣ;
  • 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ;
  • 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
  • 12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ;
  • 12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ;
  • 12.00.12 – криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ.

Шартҳои қабул: ба таҳсили рӯзона дар адъюнктура дар асоси озмун шахсони синнашон то 35-сола ва ба таҳсили ғоибона шахсони синнашон то 45-сола, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи кории на камтар аз 2-сола мебошанд, қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон баробари хатми муассисаҳои олии касбӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои озмунӣ ба адъюнктура бо тавсияи Комиссияи аттестатсионии давлатӣ ва қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олӣ иҷозат дода мешаванд.

 
Тақриз ба нашри Дастури амалӣ «Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор»

Тақриз

 ба нашри Дастури амалӣ

«Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор»-и Вазири корҳои дохилӣ,

номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.

Дар қатори дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ки имрӯзҳо миллионҳо нафар аз он ҷабру ситам кашида истодааст ва боиси нигаронии давлатҳои абарқудрати дунё гаштааст ва тақозои онро мекунад, ки тарзу усули роҳҳои нави мубориза бо ин вабои асрро барасӣ намоем. Ин ҷо дар бораи Дастури амалӣ «Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор», ки ба қалами Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тааллуқ дорад ва намуди чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ харидории санҷишии оперативии  воситаҳои нашъадорро дар бар мегирад гуфтаниям, ки оиди дар амал татбиқ намудани ин чорабинӣ айни замон баҳсу мунозираҳои мухталиф ба миён меомад ва дар аксари ҳолатҳо садди роҳи кормандони оперативии дар ин самт фаъолият намуда мегардид.

 
Конфронс дар РВКД вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои азобу шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила

Масъалаи пешгирӣ намудани азобу шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила, яке аз масъалаҳои асосии рӯзмарраи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба шумор рафта, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро таъмин менамояд.

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон имрӯз конфронс бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рӯзноманигорон бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон  шуда гузашт.

 
Дарси кушоди Вазири корҳои дохилӣ

Дар таърихи рӯзи 29-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар раванди амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби  Олӣ,  Эмомали Раҳмон, ки 23-юми апрели соли равон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат баргузор гардид, бармеояд  вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии донишҷуёни ДМТ дарси кушоди Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Точикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба зиёда аз 400-нафар донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи мазкур дар бинои асосии Донишгоҳ баргузор гардид, ки онро бо сухани ифтитоҳи Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич кушода дар бораи муаллифи китоби дарсии ФОҶ Раҳимзода Рамазон  Ҳамро ва инчунин фаъолияти чандинсолаи  ӯ ҳамчун олими шинохтаи  соҳаи ҳуқуқшиносӣ чанд сухан гуфта сипас  риштаи  суханро ба худи муаллиф доданд.

 
Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи муқовимат бо коррупсия

Рӯзи 17 апрели соли равон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия» бо иштироки намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон  ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар конференсия сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович, Сарвари идора ва Мушовири минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Сарияздӣ иштирок намуданд.

 
Тақриз ба нашри дуюми китоби дарсии Вазири корҳои дохилӣ

Тақриз

 ба   нашри дуюми китоби дарсии Вазири корҳои дохилӣ,

номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои соҳибистиқлоли дунё ба ҷиноятҳои глобалии ҷаҳонӣ аз қабили терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, яроқ ва инчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ гаштааст. Аз ин лиҳоз ба кормандони мақомотҳои кудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ҷиҳати мубориза ба зидди ҷинояткорӣ аз усулҳои пешрафтаи муосир истифода баранд ва фикр мекунам, ки барои ин бояд заминаи хуби назариявӣ ва амалӣ  барои кормандони ин соҳа фароҳам овард, чунки бе доштани дониши назариявӣ мукаммал ва таҷрибаи амалӣ ноил шудан ба натиҷаҳои хуби корӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ душвор аст.

 
Рамазон Раҳимов: «Ислоҳот танҳо дар иваз кардани номи милитсия ба политсия нест!»

 Дар давоми 20 соли истиқлолияти давлатӣ мақомоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар қатори дигар сохторҳои давлатӣ дар раванди ташаккулёбии ҷомеаи навини демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузошта тамоми сайъу кӯшиши худро барои таъмини волоияти қонун, амнияти шахсият, ҷомеа ва давлат равона кардааст.

 Дар баробари ҳамин зарурияти ворид кардани ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун талаботи замони муосир ба миён омад, зеро тақвияти қонуну қонунгузорӣ, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро бе ворид кардани ислоҳоти саривақтӣ наметавон ба даст овард.

 
Семинар-машғулияти амалӣ оид ба ҳуқуқи инсон

Рӯзҳои 16-18 октябри соли ҷорӣ Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Каён» семинар-машғулияти амалӣ дар мавзӯи «Стандартҳои байналмилалии ҳуқуқҳои инсон»-ро  баргузор намуд. Дар семинар Вакили Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх доир ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар  Осиёи Марказӣ  Даниел Агоб иштирок намуд.

 
Салом!

Дар лоиҳаи стратегияи ислоҳоти милитсия албатта як диди  нав ба яке аз соҳаҳои муҳими ҷамъияти мо, милитсия ба назар мерасад. Умуман ҳангоми хондани он маълум аст, ки он хуб ва бо назардошти таҷрибаи дигар давлатҳо, таҳлилҳо ва натиҷагириҳо аз таҷрибаи собиқаи ин соҳа навишта шудааст.

Дар ин лоиҳаи стратегия то андозае корҳои мушаххас оид ба амалисозии ислоҳот дар соҳаи милитсия оварда шудааст, аз ҷумла оид ба масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, одоби кормандони ин соҳа, баланд бардоштани малакаи касбӣ, ба даст овардани боварии мардум, ҳамкории шаҳрвандон бо кормандони милитсия ва ғайраҳо.

 
Кушодашавии «Маркази ташхиси психофизиологӣ»

Бо иқдоми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ боз як маркази нав, яъне «Маркази ташхиси психофизиологӣ» дар назди Комисияи марказии ҳарбӣ тиббӣ ба кор шурӯъ кард. Бахшида ба кушодашавии марказ дар раёсати мазкур Мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Вазорат, меҳмонон аз хориҷу дохили кишвар ва кормандони раёсати мазкур иштирок варзиданд.

 

 

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3861514
ИмрӯзИмрӯз74
МоҳМоҳ12018
ХамагиХамаги3861514

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.