Вазири корҳои дохилӣ – «Мардумитарин Вазири тоҷик»

Имрӯз (14.03.с.2016), намояндаи ҳафтаномаи «СССР» Ҷамила Ҳусейнова ба Вазорати корҳои дохилӣ омада, ҷоизаи «Мардумитарин Вазири тоҷик»-ро бо тӯҳфаи рамзии «СССР» ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро супорид.

Ҷоизаро роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума қабул намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати таҳриррияи ҳафтаномаи «СССР», хусусан ба Сардабири он Сайёфи Мизроб ва кулли хонандагони ҳафтанома изҳори миннатдорӣ намуд.

Қайд гардид, ки ҳафтаномаи «СССР» яке аз маъруфтарин ҳафтаномаҳои кишвар буда, барои рушди фазои иттилоотӣ, ҳақиқатнигорона дарҷ намудани матолиб ва баррасии мушкилоти мардум саҳми назаррас дорад.

Бояд тазаккур дод, ки  Лоиҳа-озмуни «Мардумитарин Вазири тоҷик кист?» аз санаи 01.12.2015 роҳандозӣ гардида, ба шаҳрвандон имкон дода шуд, ки дар тӯли 3 моҳ аз байни 14 Вазир мардумитарин ва дастрастарин Вазири хешро интихоб намоянд.

Натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоб бошад дар тӯли ин 3 моҳ ҳар ҳафта дар саҳифаҳои рӯзномаи «СССР» дарҷ гардида, паёму навиштаҳои сокинони кишвар дар бораи фаъолияти ин ё он Вазир низ пайваста ба нашр мерасид. 

 
Кори илмӣ дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсия дар Помир”

Сол аз сол обурӯ, нуфуз ва эътибори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баланд гардида, мақоми шоёнро дар низоми тамоми муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷумҳурӣ ишғол карда истодааст ва дар ин ҷода ҳиссаи олимони Академия хеле калон мебошад.

17-уми декабри соли 2015, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ дар Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш барои дарёфти унвони номзади илмҳои таърих, сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Имомёрбеков Атобек дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсия дар Помир (солҳои 1917-1945)” бомуваффақият диссертатсияи номзадӣ ҳимоя намуд.

 
Оғози конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ

Нимаи дуюми рӯз (27.11.с.2015), дар толори калони Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ оғоз намуд.

 
Идомаи конференсияи байналмилалӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар идомаи конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр баромад намуда, қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ислоҳоти милитсия тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Аз он ҷумла, нерӯву имконоти назаррас ба ислоҳоти ин соҳа равона гардида, дар фаъолияти милитсия таҷдиди назар карда шудааст.

 
Самтҳои асосии Стратегияи ислоҳоти милитсия

(Идомаи конференсия) Дар идомаи конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳамоҳансози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Бобоназарзода А.Б. дар мавзӯи «Самтҳои асосии Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд кард, ки мақсади асосии ислоҳоти милитсия – ин беҳтар намудани симои корманди ҳифзи ҳуқуқ дар назари шаҳрвандон, мукаммалнамоии сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолияти ин мақомотро мутобиқи талаботҳои замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ гардонидан, инчунин робитаи наздики фаъолияти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад.

 
Анҷоми конференсияи байналмилалӣ оид ба ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ

Дар идомаи конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо хайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон оид ба амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар ин самт, масъалаҳои гендерӣ, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, низоми омоданамоии кадрҳо ва баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муфассал баромад намуд.

 
Дастоварди илмии муаллима

Полковники милитсия Азиза Давлатшоева, ки ба ҳайси сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД фаъолият дорад, рӯзи 28 ноябри соли равон рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои тайёр намудани кадрҳои тахассусӣ дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол» ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои педагогӣ гардид.

 
Конфронси илмӣ-амалӣ дар Академияи ВКД

Рӯзи 25 июни соли 2015 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мукаммалгардонии қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалияи татбиқи онҳо» гузаронида шуд.

Мақсади конфронси мазкур - ин ҳаматарафа таҳлил намудани масоилҳои мураккаби қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ иборат буд. Масоилҳои пешбинишудаи мавзӯъҳо ин ҳадафҳое мебошанд, ки дар дурнамои наздик бояд ҳалли худро ёбанд.

 
Конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Рӯзи 4-уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ»баргузор гардид.

 
Нақши криминалистика дар ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳо

25-уми сентябри соли 2015, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши криминалистика дар ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳо» баргузор гардид. 

Дар анҷумани илмӣ олимони донишгоҳҳо ва ташкилотҳои илмӣ, намояндагони мақомоти дахлдори ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти судӣ, ҳуқуқшиносон, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд.

 
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар Академияи ВКД

Имрӯз (21.05.с.2014), дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «20 соли амали Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: нақши ҷавонон ҳамчун пойдевори ҷомеа ва ҳуқуқи инсон дар он» бо иштироки намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, адвокатура, олимону мутахассисони варзида ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро  ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки «Ҳамоиши илмию назариявии имрӯза тақвиятбахши силсилачорабиниҳо  бахшида, ба 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.

 
Конференсия бахшида 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар РВКД ВМКБ

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар ВМКБ бо иштироки устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, профессор Элбон Ҳоҷибеков, роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсати зикргардида, конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур оғоз намуда, ҷамъомадагонро ба муносибати таҷлили иди дар пеш истода, Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Зикр гардид, ки маҳз бо кӯшишу заҳмати мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат таъмин, низоми конститутсионӣ барқарор ва ваҳдати миллӣ ба даст омад.

 
Оғози конференсия: Муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва коррупсия

Субҳи имрӯз (19.06с.2014), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» оғоз гардид.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуда, айни замон Раҳимзода Рамазон Ҳамро - Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» баромад намуда, истодааст.

 
Идомаи Конференсияи ҷумҳуриявӣ

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар баромади пурмӯҳтавои худ чунин иброз намуд, «Мавзӯе, ки дар конференсияи мазкур мавриди суханронӣ ва муҳокимаронӣ қарор мегирад, аз масъалаи доғи рӯз ба ҳисоб рафта, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳаёти инсонҳоро зери хатар мегузорад. Бо назардошти проблемаи муҳими рӯз будани мавзӯи баррасишаванда, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия  ва дигар намудҳои таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад».

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3865499
ИмрӯзИмрӯз696
МоҳМоҳ16003
ХамагиХамаги3865499

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.