Салом!

Дар лоиҳаи стратегияи ислоҳоти милитсия албатта як диди  нав ба яке аз соҳаҳои муҳими ҷамъияти мо, милитсия ба назар мерасад. Умуман ҳангоми хондани он маълум аст, ки он хуб ва бо назардошти таҷрибаи дигар давлатҳо, таҳлилҳо ва натиҷагириҳо аз таҷрибаи собиқаи ин соҳа навишта шудааст.

Дар ин лоиҳаи стратегия то андозае корҳои мушаххас оид ба амалисозии ислоҳот дар соҳаи милитсия оварда шудааст, аз ҷумла оид ба масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, одоби кормандони ин соҳа, баланд бардоштани малакаи касбӣ, ба даст овардани боварии мардум, ҳамкории шаҳрвандон бо кормандони милитсия ва ғайраҳо.

Оид ба таҳияи Кодекси одоби милитсия бояд ҳаминро қайд кард, ки қабули чунин Кодекс ҳатмӣ ва талаби замон мебошад, зеро ба касе пушида нест, ки сатҳи одоби бештари кормандони милитсияи имрӯзи мо дигаргунии ҷиддиро тақозо менамояд.  Дар он Кодекс ҳатман оид ба се масъалаи муҳими инсоният, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳо пеш ниёгонамон гуфтаанд аҳамияти ҷиддӣ додан даркор: гуфтори нек ва рафтори нек, ки сарчашмаи ин ҳар ду пиндори нек мебошад.

Ҳамчунин дар ин лоиҳа оид ба расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, кӯмаки таъҷилии тиббӣ, кӯмаки психологӣ ва дигар корҳо сухан меравад. Ин фикри олиҷаноб – ҳатман чунин корҳоро амалӣ гардонидан даркор, зеро милитсия набояд танҳо дар соҳаи ҷинояткорӣ, балки бояд дар соҳаҳои иҷтимоии низ ҷалб карда шавад.

Дар сурати амалӣ гардидани чунин корҳо боварии мардум ба милитсия бештар мегардад ва мардум дар симои кормандони милитсия мададгори худро мебинанд.

Инчунин ба фикри банда бояд дар ин лоиҳа баъзе дигаргуниҳои техникӣ ворид карда шавад, аз ҷумла:

- илова намудани мундариҷа ба лоиҳаи мазкур;

-  пас аз сарлавҳаҳо нуқта гузошта нашавад;

- шояд ба ҷои вожаи «каска» вожаи  «сарбон»-ро истифода барем хубтар мешуд;

- «бофтор» – вожаи нофаҳмо, шояд ягон хатои техникӣ бошад? (с.7).

Умуман он чизе ки дар ин стратегия навишта шудааст, агар амалӣ гардад,  пас мо шаҳрвандони кишвар бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин соҳа дар кишвари азизамон дар ҳақиқат ба як марҳилаи нави худ гузаштааст. Дар ин марҳила ҳар як корманди милитсияи мо аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун як “бародар”-и худ ҳис ва дарк карда мешавад, на ин ки ҳамчун “як корманди давлатӣ”.

Вагарна чуноне, ки Носири Хусрав гуфтааст: «Зи ки нолем, ки аз мост, ки бар мост». Хар чи, ки бар сари мо меояд мо худ кардаем ва карда истодаем, имрӯз мо бояд тақдири миллатро ба дасти худ бигирем.

 Хоҳони пешрафти шумо.

 Шаҳрванди ш.Душанбе, Шамс.

 

Бо арзи салом ва эхтиром, тамоми кормандонии милитсияи точикро бо Рузи касбияшон табрик намуда тансихати, хушбахтии оилави ва комёбихои касби орзу менамоям!

Баъд аз табрик ва изхори сипосу эхтиром, мехохам назари худро нисбати Лоихаи "Стратегияи ислоҳоти милитсия

дар солҳои 2013-2020" баён намоям. Албатта, ман, хамчун яке аз фаъолони чомеъаи шахрванди, хамагуна тасмимхои сохторхои расмиро бо чашми танкид менигарам то камбудие пайдо намоям ва диди назари худро баён созам.

Вале, баъди мутолиъаи Лоихаи пешниходшудаи ВКД Чумхурии Точикистон чизе чолиби танкид пайдо нашуд ва хатто мутаассир шудам, ки тахиягарони ин Лоиха "рахначае" барои эродхои мо намондаанд.

Шояд баъди мутолиъаи чандинбора ва тахлили амиктаре камбудие пайдо шавад, вале холо Лоиха бисёр чолиб, бамаврид, пурмухтаво, дархурди дарди мардум ва аз хама мухимаш амалишавнда ба назар мерасад!

Ба гумони банда, барои шарвандони кишвар бисёр мухим аст, милитсияи точик тасмим гирифтааст то "маданияти кушода будани милитсия барои воситаҳои ахбори омма бояд таъмин карда шуда, бо ин мақсад тренингҳо оид ба кор бо ВАО барои кормандон гузаронида шавад, ва нақши намояндаи милитсия оид ба ҳамкории мутақобила бо аҳли ҷомеа аниқ муайян карда шавад" ва "Вазорат эътироф мекунад, ки шахсони барои содир кардани ҷиноят маҳкумшуда ба тариқи автоматикӣ аз кор барканор карда шаванд, ё ин ки ба хизмат дар милитсия роҳ дода нашаванд.". Чунин тасмимхои милитсияи точик боварии ВАО ва мардумро ба мухофизони чону саломативу молу мулки худ, яъне милитсия зиёд хохад кард.

Хамчунин, бисёр хуб аст, ки дар баробари "Баланд бардоштани аҳамияти кори профилактикӣ дар фаъолияти милитсия набояд боиси истиснои нақши он дар эътино намудан ба ҷиноятҳои содиршуда гардад. Дар ин робита, ин кор бояд ба баланд бардоштани сатҳи ҳимоя ва барқарорсозии ҳуқуқҳои шахсоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятӣ ҷабр дидаанд, нигаронида шуда бошад.".

Умуман, ба акидаи ман, хама он 8 вазифахои стратегии асосие, ки милитсияи точик барои худ дар ин лоиха муайян кардааст, кобили кабул ва дастгирии чомеаъаи шарванди, ВАО ва шахрвандони кишвар бояд бошад.

 Бо арзи эхтиром ва сипос,

раиси Иттиходияи точикони Русия, раиси Анчумани чамъиятхои точиктабор "Самандар"

Абдулло Давлатов, ш. Маскав, ФР

 

Фикру ақидаҳо ба лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия

Лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҳуҷҷате мебошад, ки сиёсати давлатро дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсияи Тоҷикистон анҷом медиҳад, инъикос менамояд.

 Баъди мутолиаи стратегияи мазкур бояд қайд кард, ки стратегия мазкур хело ҳам бомаврид ва дигаргуниҳои хуберо пеш меорад, ки маҳз ба пешрафти рушди милитсия, кормандони милитсия, рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд ва хуқуқҳои онҳоро инъикос мегардонад.

 Милитсия яке аз шохаҳои асосӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Тағйироте, ки дар фаъолияти шохаҳои дахлдор ворид карда мешавад, ҳатман ба хусусияти фаъолияти қисмҳои дигари системаи мақомотҳои дохилӣ таъсири хуб ва бомаврид хоҳад расонд.

 Алалхусус ба ислоҳоти милитсия, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои он, ҳамкории милитсия бо аҳолӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ваколатҳои милитсия, муқаррарсозии салоҳияти он дар системаи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, маҳорати касбӣ, ҷавобгарии милитсия ва яке аз рукунхои асоси ин ҳамкории байналмиллалӣ мебошад.

 Дар фарҷом бояд хаминро қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ ва дигаргуниҳое ки ба пешрафти он мусоидат мекунад, ин кафили оромии ҳар як шаҳрванди ватани азизамон мебошад.

Улуғбек Салимзода, ТВТ «Шабакаи аввал»

Ulugbek Salimbekzoda

Tajikistan, Dushanbe

Tel: +992918484214(Mob)

Email: Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.

Салом

Лоиҳаи «Стратегияи ислоҳоти милитсия дар солҳои 2013-2020» ташаббус ва иқдоми хубе барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ буда, баъди амалишавии он фоидаи калон ҳам ба ҷамъият ва ҳам ба давлат мерасонад. Бояд дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ баъди қабулшавии ин лоиҳа тағйироти ҷиддӣ ба амал ояд.

 Бо эҳтиром,

 Шарипов Т.   

 Фикру ақидаҳо ба лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия

Лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, иқдоми саривақтӣ буда, қобили дастгирист.

Дар лоиҳаи мазкур ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо халқ мубориза бурдан бар зидди ҷинояткорӣ махсусан дарҷ гардидааст, ки айни замон ин раванд дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ кам ба мушоҳида мерасад. Ба ақидае боварӣ ба мақомот костааст. Вале, баъди қабул шудан ва татбиқ гардидани лоиҳаи Стратегияи мазкур политсия бо халқ ва халқ бо политсия ҳамкории зич барқарор намуда, барои ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо (чи тавре, ки дар давлатҳои мутараққӣ амал мекунанд), мусоидат хоҳанд кард.

Бинобар ин, ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ шудани Стратегияи ислоҳоти милитсия тарафдор  буда, боварӣ дорам, ки милитсия баъди ислоҳот ҳомию мададгори халқ мешавад.

Бо этҳиром,  

Раҷабов Довудҷон аз шаҳри Хуҷанд.

Салом ҳомиёни Ватан!

Ман мехоҳам каме мулоҳизаҳоямро ба лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия иброз намоям. Дар ҳақиқат лоиҳаи Стратегия бисёр бомаврид таҳия шуда, дар он ҳама ҷабҳаҳо ва самтҳои муҳими фаъолияти милитсия оварда шудаанд.

Барои ман ду чиз дар лоиҳаи мазкур бисёр хурсандиовар буд, ки якум: ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум, аз он ҷумла, бо журналистон ва рӯзноманигорон ва додани ҳисобот дар назди халқ аз натиҷаи фаъолияти онҳо ва дуюм ин тағйир додани сару либоси кормандони милитсия. Ин нукта бениҳоят муҳим аст, чунки ба ҳамагон маълум аст, ки сару либос ё ба истилоҳ формаи онҳо аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Ман пешниҳод менамоям, ки формаи онҳо ба талаботи замони муосир мутобиқ духта шавад ва дар онҳо рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ ҷой дода шавад.

 Қурбоналии Эмомалӣ аз н.Ёвон.       

Таклифу пешниҳодҳо ба лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия

 Ман ҳамчун фарзанди корманди милитсия мехоҳам ба лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ибрози андеша намоям.  Падари ман зиёда аз 30-сол дар бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, бо сари баланд ба нафақа баромад ва моҳи сентябри соли равон аз дунё гузашт. Ман нони милитсияро хӯрда калон шудаам ва аз ҳама беҳтар хизмати шабонарӯзӣ ва заҳматҳои онҳоро медонам. Ман бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва оилаи онҳоро хонда, як пешниҳод дорам. Пешниҳоди ман ин аст, ки баъди фавти корманди милитсия  новобаста аз он, ки ӯ дар нафақа буд, ба оилаи онҳо, яъне ҳамсар ва фарзандонаш кӯмаки иҷтимоӣ расонида шавад.

 Бо эҳтиром М.Хусаинова, корманди Дармонгоҳ.     

Муҳтарам кормандони ВКД!

Лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 айни замон актуалӣ ва рӯзмарра буда, ҳатман бояд амалӣ карда шавад. Зеро сохтори мақомоти корҳои дохилӣ новобаста аз он, ки дар солҳои душвори муборизаҳо аз ӯҳдаи вазифаҳои худ бо сарбаландӣ баромад, вале ба ислоҳоти ҷиддӣ  ниёз дорад.

Аввалан бояд шумораи онҳо кам карда шавад ва танҳо кормандони босавод, бомаърифат ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта дар сафи мақомот хизмат намоянд. Яъне таваҷҷӯҳ ба сифат дода шавад на ба шумора. Ва аз ин ҳисоб маоши онҳо баланд бардошта шавад. Баъди чунин тағйиротҳо милитсияи тоҷик яке аз беҳтаринҳо дар байни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ мегардад.

 Рузимати Хайриддин, сокини ш.Душанбе. 

Салом,

 Лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 дар маҷмӯъ бисёр хуб таҳия гардидааст ва барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти пурсамари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ман як таклиф дорам.  

Бояд ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз Донишгоҳҳои бонуфуз устодони пуртаҷрибаро даъват намуда, ба онҳо дарсҳои психологӣ ва бо шаҳрвандон муомила ва муошират карданро омӯзонанд. Чунки кори ҳаррӯзаи онҳо бо мардум аст ва дар байни мардум ҳама намуди хислат ва хулқу атвор ба мушоҳида мерасад.

 Отахонов Д., омўзгор.

Салом кормандони ВКД!

 Ман истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошам. Ман дар сайти ВКД лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсияро хондам. ва ба лоиҳаи Стратегия як пешниҳод дорам. Гоҳ вақт мешавад, ки мо шоҳиди содиршавии ҷиноят мегардем ва ё ягон кори дигар. Ё қоидавайронкуниҳо дар роҳҳо, ё садамаҳо. Ба отдел рафта арз кардан вақти зиёдро талаб мекунад, аз ин рӯ шаҳрвандон аз бо милисаҳо кор кардан даст мекашанд. Дар ин ҳолат мо шаҳрвандон намедонем фавран ба куҷо муроҷиат намоем. Агар бемалол бошад, дар тамоми ҷойҳои намоён (хонаҳо, афишаҳо, подъездҳо)  телефонҳои нозирони минтақавӣ ё ягон службаи зудамалро, ки ба доди шаҳрвандон расад, насб кунед.

Мансур.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3819930
ИмрӯзИмрӯз463
МоҳМоҳ19435
ХамагиХамаги3819930

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.