|
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабули ҳуҷҷатҳоро ба адъюнктура дар соли 2014 аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:
12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат;
Шартҳои қабул: ба таҳсили рӯзона дар адъюнктура дар асоси озмун шахсони синнашон то 35-сола ва ба таҳсили ғоибона шахсони синнашон то 45-сола, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи кории на камтар аз 2-сола мебошанд, қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон баробари хатми муассисаҳои олии касбӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои озмунӣ ба адъюнктура бо тавсияи Комиссияи аттестатсионии давлатӣ ва қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олӣ иҷозат дода мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд: ариза (гузориш) ба номи сардори Академия бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда ва шакли таҳсил; варақаи шахсии довталаб бо ду дона расми 4x6 см; тарҷумаи ҳол; тавсифнома аз ҷойи кор; рӯйхати асарҳои чопшуда ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ (шахсоне, ки асарҳои илмии чопшуда надоранд, аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон реферат (бо забони русӣ дар ҳаҷми то 28 саҳифаи чопӣ) пешниҳод менамоянд); нусха аз протоколи ҷаласаи Шӯрои олимон барои шахсоне, ки ба адъюнктура аз тарафи шӯроҳои олимони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бевосита пас аз хатми ин муассисаҳо тавсия шудаанд; нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд, шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот); шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (агар супорида бошанд); нусха аз дафтарчаи санҷишӣ (ё ин ки замима ба диплом); маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ; нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
Ҳуҷҷатҳои мазкур бо шиноснома ва дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби довталабон шахсан пешниҳод карда мешаванд.
Дохилшавандагон аз ихтисос, фалсафа ва забони хориҷӣ (русӣ) дар ҳаҷми доираи барномаҳои амалкунандаи мактаби олӣ ба таври озмун имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.
Шахсоне, ки имтиҳонҳои минимумии номзадиро пурра ё қисман супоридаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба адъюнктура аз имтињонҳои дахлдори дохилшавӣ озод карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тайёр карда мешаванд.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 декабри соли 2014
Маълумоти иловагиро оид ба тартиби қабул ва таҳсил дар адъюнктура аз сомонаи интернетии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.avkd.tj) метавонед пайдо кунед ё бевосита ба Шуъбаи адъюнктураи Академия муроҷиат намоед: тел.: 226-60-48; 93-116-14-24 (Юсуфов А.Ҳ.); e-mail: Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. .
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.