|
Рӯзи 17 апрели соли равон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия» бо иштироки намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар конференсия сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович, Сарвари идора ва Мушовири минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Сарияздӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни конференсия ба ҳайси модератор муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм полковники милитсия Солиев Каримҷон Ҳоҷиевичро интихоб намуданд.
Дар ҷараёни конференсия маърӯзачиён-профессорони кафедраи ташкили идоракунии факултети №1-и Академияи ВКД: Шарипов Тақдиршо Шарипович дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои Конвенсияи зидди коррупсия дар қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон: проблемаҳо ва мулоҳиза», Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович дар мавзӯи «Оид ба масоили омилҳои коррупсионӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон», Умаров Хайём Амиршоевич дар мавзӯи «Баъзе масоили муқовимати коррупсионӣ», Судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мирзоҳомидзода Диловар дар мавзӯи «Ҷараёни амалигардонии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия», дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии ДМТ Сафаров Анвар Исломович дар мавзӯи «Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ» ва дигар иштирокдорон баромад карданд.
Дар идомаи конференисия миёни ширкаткунандагон мубоҳисаҳои илмӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ сурат гирифта, олимон ва мутахассисони соҳа атрофи чунин зуҳуроти номатлуб фикру андешаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар хотимаи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия» доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович ба ҳозирин барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, қайд кард, ки нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия назаррас буда, танҳо дар ҳамбастагию якҷоягӣ метавон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд.
Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.