Тақриз ба нашри дуюми китоби дарсии Вазири корҳои дохилӣ

Тақриз

 ба   нашри дуюми китоби дарсии Вазири корҳои дохилӣ,

номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои соҳибистиқлоли дунё ба ҷиноятҳои глобалии ҷаҳонӣ аз қабили терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, яроқ ва инчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ гаштааст. Аз ин лиҳоз ба кормандони мақомотҳои кудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ҷиҳати мубориза ба зидди ҷинояткорӣ аз усулҳои пешрафтаи муосир истифода баранд ва фикр мекунам, ки барои ин бояд заминаи хуби назариявӣ ва амалӣ  барои кормандони ин соҳа фароҳам овард, чунки бе доштани дониши назариявӣ мукаммал ва таҷрибаи амалӣ ноил шудан ба натиҷаҳои хуби корӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ душвор аст.

Мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамоянд.

Аз ин рӯ ба чоп расидани китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» нашри дуюм аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро боз як дастоварди илмӣ дар ин соҳа ба шумор рафта, чӣ барои донишҷӯён ва чӣ барои кормандони оперативӣ дастурамали хуби корӣ ба ҳисоб меравад.

 Қайд намудан зарур аст, ки муаллиф  дар нашри қаблии китоби дарсӣ оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳама паҳлуҳои масъалаи мазкурро дақиқ таҳлил намуда бошад ҳам, тағйироти ҳамарӯзае, ки дар самти қонунгузорӣ дар кишвар ба амал омада истодаанд, тақозо менамоянд, ки фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони мақомоти қудратӣ маҳз дар асоси қонунгузорӣ амалӣ карда шавад. Махсусан масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар нашри дуюми китоб пурра дарҷ  гаштаанд.

Масъалаи мазкур дар нашри дуюм пурра ба инобат гирифта шуда, муаллиф кӯшиш намудааст, ки тағйиру иловаҳои ба қонунҳои амалкунанда воридкардашуда дар баррасӣ ва таҳлили масоили гуногуни фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ  истифода бурда шаванд.

Китоби мазкур аз чор қисми таркибӣ иборат буда, аз нигоҳи услубӣ ва мантиқӣ дар дараҷаи хуби илмию таълимӣ таҳия гардидааст.

Мантиқи омӯзиши ҳамагуна илм тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама, аҳамият ва муҳимияти омӯзиши он асоснок карда шуда, вазифа ва принсипҳои он  муайян карда шаванд. Аз ин рӯ, муаллиф бо риояи ин қоидаи муҳими таҳқиқоти илмӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, онро чуқуру ҳаматарафа таҳлилу асоснок намудааст.

Таҳлили манбаҳои таърихии фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ, разведкавӣ ва зиддиразведкавӣ, инчунин таърихи ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ дар Тоҷикистон имконияти васеи омӯзиши масъаларо барои хонандагон фароҳам оварда, доираи дониши  онҳоро оид ба масъалаи мазкур васеъ менамояд.

Дар баробари ин муаллиф кўшиш намудааст, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва субъектони фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҳаматарафа таҳлил карда,  ҳар як мафҳуми дар ин самт истифодашавандаро соддаю фаҳмо ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Таҳлили самтҳои муҳимтарини фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, омӯзиши намудҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ дар дастури мазкур ба кормандони дар ин самт фаъолияткунанда, имконият медиҳад, ки  оид ба масъалаҳои мазкур дониши ҳаматарафа азхуд кунанд.

Маълум аст, ки сол то сол ҷинояту ҷинояткорӣ ба худ хусусияти хос касб намуда истодааст, ки ин аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дониши амиқу малакаи хуби кориро талаб менамояд.

Чуноне, ки Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи милитсия қайд намуда буд, «Таҳлили таҷрибаи баъзе давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет васеъ истифода менамоянд. Дар бисёр мавридҳо шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад». Бо назардошти гуфтаҳои боло таҳлили усулҳои истифодабарии воситаҳои техникӣ дар ҷараёни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Раҳимзода Р.Ҳ. роҳнамои хуби корӣ барои кормандони соҳа баҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, муаллиф бо дарназардошти ин вижагӣ дар қисми сеюми китоби худ моҳирона воситаҳоеро таҳлил намудааст, ки дар фаъолияти оперативӣ истифода бурда мешаванд. Ҳамчунин қайд бояд кард, ки ин воситаҳо  усулҳои хоси истифодабарии худро дошта, аз корманд дониши амиқи ҳуқуқиро тақозо менамоянд. Бо назардошти ин нуқта, муаллиф кӯшиш намудааст, ки қисми мазкурро дақиқу ҳаматарафа таҳлил намуда, ба хонандагон пешниҳод намояд ва ӯ дар ин кӯшиши худ муваффақ гаштааст. Муҳимияти таҳлили ин ҷанбаи фаъолияти оперативӣ дар он аст, ки айни замон бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти васеи такмили фаъолияти оперативӣ  дар ин самт пеш омадааст. Аз ин рӯ, таҳлили пешниҳоднамудаи муаллиф метавонад дар ин самт барои ташкили фаъолияти самараноки кормандони оперативӣ ва боло бурдани савияи дониши онҳо мусоидат намояд. Ин  ҳолат собит месозад, ки муаллиф нозукиҳои ин масъаларо хеле хуб ва дар сатҳи касбӣ  медонад.

Дар қисми чоруми китоби мазкур функсияҳои назоратӣ ва назоратбарии мақомоти давлатӣ ва маблағгузории фаъолияти соҳаи мазкурро таҳлил намуда, муаллиф дар баробари муайян намудани мақомоти назоратӣ, инчунин намунаи ҳуҷҷатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро низ пешниҳоди хонанда намудааст, ки аз манфиат холӣ набуда, дар ҳолатҳои зарурӣ аз он метавонад истифода барад. Номгӯи санадҳои замимагардида ва интихоби онҳо нишонаи дарки хуби илмӣ ва малакаи мукаммали корӣ доштани муаллифро нишон медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дастури таълимии мазкур натиҷаи фаъолияти 12 солаи муаллиф дар ин самт буда, маҳз бо дарназардошти мушкилоту муаммоҳое, ки дар фаъолияти амалӣ пеш меомаданд, таҳия гаштааст. Масъалагузориҳо дақиқу моҳирона буда, таҳлили онҳо ва пешниҳодҳои муаллиф аҳамияти муҳим доранд. Инчунин кӯшиши муаллиф ҷиҳати бо забони давлатӣ таҳия намудани дастури мазкур боиси таҳсин буда, забони ифодаи фикр содда ва равон аст, ки шавқи хонандаро баҳри омӯзиши пурраи он бедор менамояд. Инчунин маҳз оммафаҳм будани он метавонад барои истифодааш аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намояд.  Аз ин пеш кормандони самти оперативӣ аз адабиётҳои даврони шуравӣ истифода мебурданд. Баъди истиқлолияти комил ба даст овардан аз ҷониби олимони соҳаи ҳуқуқ адабиётҳои зиёде ба чоп расида бошанд, ҳам лекин ин адабиётҳо нозукиҳои самти оперативиро дар бар намегирифтанд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар баррасии парвандаҳо дар тафтишоти пешакӣ ва мақомоти судӣ бисёр нофаҳмиҳоро пеш меоварданд. Масалан, дар самти гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ва баррасии парвандаҳо дар суд нофаҳмиҳоро бо пеш меовард. Бо чунин тарзи содда, фаҳмо ва мутобиқ ба Қонунҳои амалкунанда таҳлил намудани масъала яке аз дастовардҳои муаллиф ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф қайд намудан зарур аст, ки муаллиф ҳамчун шахси ваколатдори дар соҳаи мазкур фаъолияткунанда ҳар як  мушкилоте, ки дар ин самт пеш меомад, ҳаматарафа таҳлил намуда, борҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории соҳа таклифҳо пешниҳод намудааст, ки аксарияти кулли онҳо мавриди қабул қарор гирифта, ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ имрӯз дар раванди татбиқи фаъолияти кормандони ин соҳа васеъ ва самаранок истифода бурда мешаванд.

Истифодаи васеи адабиёти илмӣ, таълимӣ, таҳлилӣ ва омории олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷаи дуру наздик  аз он далолат мекунанд, ки муаллиф таҷрибаи назариявӣ ва амалии дохилаю берунаро ҳаматарафа омӯхта, баррасӣ ва таҳлил намуда, фикри мустақили худро асосноку муътамад иброз намудааст.

Хулоса, китоби дарсии мазкур  дастури хуби таълимӣ буда, аҳамияти илмию амалии муҳим дошта, роҳнамои хуб барои кормандони соҳаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, муфаттишон, донишҷӯёну аспирантон ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.

Бухориев М.Ғ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3878280
ИмрӯзИмрӯз932
МоҳМоҳ28784
ХамагиХамаги3878280

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.