|
Масъалаи пешгирӣ намудани азобу шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила, яке аз масъалаҳои асосии рӯзмарраи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба шумор рафта, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро таъмин менамояд.
Дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон имрӯз конфронс бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рӯзноманигорон бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон шуда гузашт.
Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баҳри пешгирӣ намудани азобу шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила чораҳои мушаххас андешида, дар ин самт дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосӣ-ташкилии Раёсат бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаро дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, донишҷӯёни муассисаҳои Олӣ ва касбӣ-техникӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ мондаанд.
Дар конфронси имрӯза оиди маҳфуми азобу шиканҷа ва заминаҳои ҳуқуқии пешгирии он сардори шӯъбаи кадрҳои Раёсат подполковники милитсия Исмоилов Бегмаҳмад баромад намуд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов С. оиди пешгирӣ намудани азобу шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила баромад ва изҳори андеша намуд, ки дар бисёр мавридҳо бар асари муноқишаҳои оилавӣ (ҷанҷоли волидайн бо фарзандон, нофаҳмии байни зану шавҳар, муноқиша байни хушдоману келин), ки характери зӯроварӣ дар оила дорад, ҳодисаҳои фоҷиабор рух медиҳад.
Инчунин дар конфронс прокурори калони назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъадори Прокуратураи Генералӣ мушовири адлияи дараҷаи якум Тағоев Раҷабалӣ, Судяи Суди вилояти Хатлон Пиров С., намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милли дар вилояти Хатлон баромад намуда, оиди пешгирӣ намудани азобу шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила гуфта гузаштанд.
Дар хотима сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович қайд намуд, ки масъалаи пешгирии азобу шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила мунтазам дар ҷаласаҳои фаврии назди роҳбарияти раёсат мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор мегирад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори мақомоти корҳои дохилӣ басти алоҳида ворид намуда, нозирон дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда мегузаронанд.
Дар вилояти Хатлон 2-басти нозир оид ба пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила, дар ШВКД шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб ҷудо гардида, фаъолияти онҳо пурра ба роҳ монда шудааст.
Офоқи Қодириён.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.