Конференсияи илмӣ-назариявӣ оид ба аҳамияти мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»

Тавре ба ҳамагон маълум аст бо фарорасии фасли тобистон ва гарм шудани боду ҳаво ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои сӯхтор, хусусан дар майдонҳои ғалла, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо, ки дар қаламрави ҷумҳуриамон кам нестанд, зиёд мегардад. Аз ҷумла, мамнӯъгоҳи табии давлатии «Бешаи палангон»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамнӯъгоҳҳои қадимтарини биёбони туғайзор дар системаи мамнӯъгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ дар ҳудуди заминҳои ноҳияҳои Ҷиликул, Қумсангир ва Қабодиён тӯл кашидааст. Масоҳати умумиаш 49 ҳазору 800 гектар буда, 45 намуди ҳайвонот, 214 намуди парандаҳо, 20 намуди моҳӣ, 30 намуди хазандагон ва зиёда аз 480 намуди растаниҳо парвариш меёбанд.

Аз ҳамин лиҳоз бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар мамнӯъгоҳи мазкур аз тарафи кормандони Дидбонгоҳи алоҳидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷиликул, мақомотҳои назоратӣ, милитсия, экология ва дигар мақомотҳои дахлдори ноҳияи зикргардида рейдҳои муштарак ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар баробари ин аз тарафи коршиносони хадамоти оташнишонии н. Ҷиликул дар як сол ду маротиба санҷиши ҳолатҳои бехатарии аз сӯхтори мамнӯъгоҳ гузаронида шуда ба маъмурияти он амрномаи назорати бехатарӣ аз сӯхтор бо пешниҳоди маҷмӯи чорабиниҳо барои иҷроиш супорида мешавад.

Бар замми ин баҳри ҳифз ва сари вақт хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар мамнӯъгоҳ стансияи – оташнишонӣ – кимиёвӣ дар ҳайати 9 – нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки бо 2 адад автомашинаҳои оташнишонӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, инчунин барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии пешгирӣ аз сӯхтор, ташвиқоту тарғибот, назорат ва сари вақт ошкор кардани сӯхтор ҳудуди мамнӯъгоҳ аз ҳисоби ҷангалпарварон дастаҳои ихтиёрии оташнишонӣ таъсис дода шудааст.

Мутаассифона, ба саъю кӯшиш ва чорабиниҳои зидди сӯхторӣ нигоҳ накарда дар давоми 5 соли охир дар мамнӯъгоҳ 3 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 53 гектар ҷангалзор ва туғайзорҳо нобуд шуда, даҳҳо сар ҳайвоноту парандагон осеб дида ҳалок гаштаанд, ки ин амал кормандони ХДО-ро беташвиш гузошта наметавонад.

Бояд қайд кард, ки барои таъмини саривақтии бехатарӣ аз сӯхтор дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД ҶТ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯъҳои зерин аз ҷумла:

- аҳамияти мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ҳамчун объекти махсусан муҳим;

- тактикаи хомӯш намудани сӯхтор дар ҳудуди мамнӯъгоҳ;

- андешидани чораҳои зидди сӯхторӣ дар ҳудуди «Бешаи палангон» ва вазъи экологии он доир гашт.

Дар доираи чорабинӣ сардори кафедраи Фанҳои тахассусии факултаи №5 Академияи ВКД ҶТ полковники хизмати дохилӣ Ғаюров С.Ш., муовини Шӯъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД подполковники хизмати дохилӣ Катиков Х.Б. ва муовини аввали РХДО вилояти Хатлон полковники хизмати дохилӣ Исломов Т.З., дар бораи моҳияти мамнӯъгоҳ, ҳолатҳои муҳофизатӣ ва нигоҳдории намудҳои нодири ҳайвонот ва растаниҳо маълумотҳои дақиқ дода, ба суолҳои ҳозирин посух доданд.

Шунавандагони Академия аз маърӯзаи устодон баҳравард гашта, дарк намуданд, ки проблемаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар мамнӯъгоҳ яке аз проблемаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳифзи ҳайвоноту наботот дар ҳар ҳолат зарур ва ҳатмист.

Дар фарҷоми чорабинӣ сардори СХДО ВКД ҶТ полковники милитсия Мирулло Шарифов аввалан ба сардори Академияи ВКД ҶТ доктори илмҳои таърих генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ, ҳайати омӯзгорон ва шунавандагони Академия барои дастгириву ҳамкориашон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат буда, ҳифзи онҳо аз нобудшавӣ, хусусан аз сӯхтор на танҳо вазифаи кормандони хадамоти оташнишонӣ, балки вазифаи ҳар як фарди ҷумҳурӣ мебошад.

 

Толиб Ҳаётов,

Кароматулло Абдуллоев,

СХДО ВКД ҶТ

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3788435
ИмрӯзИмрӯз297
МоҳМоҳ33450
ХамагиХамаги3788435

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.