Иҷроиши Паём муносибати ҷиддиро тақозо дорад

Розиқзода А.Ш.

Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия

 Дар замони истиқлолияти кишварамон баъзе рукнҳои нави давлатдорӣ шакл гирифта, ба ҳукми анъана даромаданд. Яке аз ин анъанаҳо Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ мебошад, ки ҳамасола ироа карда мешавад. Дар паёми ҳамасолааш Президенти кишвар бурду бохти асосии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро ҷамъбаст намуда, роҳҳои стратегии пешрафти давлатро барои соли оянда муайян мекунад. Дар Паёми имсолаи хеш Ҷаноби Олӣ ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар хеле мулоҳизакоронаю дурандешона назар карда, хатарҳои глобалии замони муосирро таъкид намуда, ҳадафҳои стратегияи миллии кишварро мушаххас муайян намудааст.

«Замони мо – мегўяд, Эмомалӣ Раҳмон дар Паём, - замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмўъ нерўи эҷодии инсон… дар баробари ин… замони зуҳури фаъоли нерўҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад».

Ҷаноби Олӣ, воқеан хеле бамаврид аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки «Суръати густариши онҳо (нерўҳҳои тахрибкор - А.Р.) ба ҳаддест, ки имрўз хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон – ахлоқ, фарҳангу маънавиёт масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ торафт аён мегардад». Пас дар чунин вазъият мо бояд чӣ кор кунем, вазифаи ҳамаи мо аз чӣ иборат аст? Ба ин савол худи Президент, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле возеҳу равшан дар Паёмашон ҷавоб медиҳанд: «Дар чунин вазъият, - таъкид мекунад ў – масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳравандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем».

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ талқин месозад, ки «Дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем».

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрўза, ки Президенти мамлакатро сахт ба ташвиш овардааст, ин сатҳи ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди он мебошад. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки дар Паёми имсолааш чунин изҳори нигаронӣ мекунад: «Вазъи воқеии ҷинояткорӣ дар ҷомеа ва арзу шикоятҳои зиёди шаҳрвандон гувоҳи он аст, ки кор дар ин самтҳо ҳанўз ҳам қаноатбахш нест. Ҳолатҳои нокушода мондани ҷиноятҳо, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои беҳтар нишон додани натиҷаҳои корӣ аз қайд пинҳон кардани ҷиноятҳо ҳоло ҳам ҷой доранд». Ба андешаи банда ҳамин ишораи Президенти кишвар басанда аст, ки ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз хурд то бузург сари ин масъала андеша кардаю масъулияти бештареро эҳсос намояд.

Дигар масъалае, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷўҳи махсус зоҳир намудаю дар Паёми имсолаашон аз он изҳори нигаронӣ намуд ин болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон буд. «…имрўзҳо вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, - таъкид шудааст дар Паём, - махсусан ноболиғон ташвишовар аст».

Тибқи маълумотҳои омории солҳои охир аксарияти аҳолии ҷумҳуриамонро ҷавонон ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз шумораи умумии аҳолии кишвар зиёда аз 5 миллиону 266 ҳазорро шахсони то синни 30 сола ва аз ин шумора қариб ду миллионашро ҷавонони аз 18 то 30 сола ташкил мекунад. Аз шумораи умуми ҷавонон бошад, беш аз 156 ҳазор нафарро донишҷўён ташкил мекунанд.

Агар ба таҳлили сатҳи ҷинояткорӣ назар андозем, маълум мегардад, ки ташвишҳои Ҷаноби Олӣ нисбати болоравии сатҳи ҷинояткории байни ҷавонону ноболиғон асоси воқеӣ дорад. Ба далелҳо рӯ меорем. Дар тӯли 4 моҳи аввали соли 2012 ҷавонон 1209 ҷиноят содир кардаанд, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли 2011 170 адад (соли 2011 дар 4 моҳ 1039 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд) ё 16,3 % зиёд мебошад. Агар ба сатҳи ҷинояткории ҷавонон дар чор моҳи соли ҷорӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ назар андозем мутаносибан чунин ҳолат аст: вилояти Суғд – 370, вилояти Хатлон – 202, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 200 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 26. Чуноне, ки аз ин рақамҳо бармеояд, сатҳи ҷинояткории ҷавонон назар ба ҳамин давраи соли гузашта, дар вилояти Хатлон 185,5 % (соли 2011 72 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд), Суғд – 51, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 9,2 % зиёд шудааст. Танҳо дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон камшавии ҷиноят (аз 50 ҳолати чормоҳаи соли 2011 ба 26 ҳолати чормоҳаи соли ҷорӣ) 92,3 % ба қайд гирифта шудааст. Агар соли 2011 дар 4 моҳи аввал ҷавонон дар 76 ҳолат ба нашъаҷаллобӣ даст зада бошанд, дар чормоҳаи аввали соли 2012 ин рақам ба 85 ҳолат расидааст. Ҳамин тариқ, дар чор моҳи соли ҷорӣ дар байни ҷавонон 384 ҳолати дуздӣ, 22 ҳолати ғоратгарӣ, 13 ҳолати нигоҳдории фоҳишахонаҳою даллагӣ, 163 ҳолати авбошӣ, 110 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, 67 ҳолати қаллобӣ, 33 ҳолати расонидани зарар ба саломатӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст.

Барои ҷавонони ҷумҳурӣ бисёр ҷойи таассуф ва нанг аст, ки тайи ду соли охир дар гурўҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт 39 нафар ҷавон дар дастаҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида буданд, ки дар рафти амалиётҳо 24 нафарашон несту нобуд ва 15 нафарашон дастгир карда шудаанд.

Далелҳои зерин низ ташвишовар ва боиси нигаронӣ аст: дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ 41 нафар ҷавон ва 24 нафар ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд. Аз ин теъдод 17 ҳолат ба вилояти Суғд, 16 ҳолат ба вилояти Хатлон, 5 ҳолат ба ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ду ҳолат ба шаҳри Душанбе ва 1 ҳолат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост омадааст. Кадом сабабҳо ин ҷавонон ва ноболиғонро маҷбур сохтааст, ки ба ин амали нангин даст зада, худро аз ҳаёти ширин маҳрум созанд? Ин далелҳо таҳлили ҷиддиро мехоҳанд. Зиёда аз ин дар чор моҳаи аввали соли ҷорӣ донишҷӯёни макотиби олӣ 25 ҷиноят содир кардаанд, ки аз ин теъдод 6 адад ба Донишгоҳи миллӣ, 3 адад ба Донишгоҳи давлатии тиҷорат, 2 ададӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои техникӣ, Тарбияи ҷисмонӣ, Техникии шаҳри Хуҷанд, Омўзгории шаҳри Кўлоб, 1 ададӣ ба донишгоҳҳои шаҳри Хоруғ, Аграрӣ, Словянӣ, донишкадаҳои Соҳибкорӣ ва хизмат, Металлургии шаҳри Чкаловск тааллуқ дорад.

Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар яке аз сабабу омилҳои асосии ба ҷиноят ва дигар кирдору амалҳои номатлуб даст задани ҷавононро дар сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа медонад, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Аз ин ҷост, ки Ҷаноби Олӣ ботаъкид қайд мекунад: «Равандҳои пуртаззоди вақтҳои охир низ тақозо менамоянд, ки масъулияти омўзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорон барои рафторҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз тарафи фарзандонашон баланд бардошта шавад».

Президенти кишвар аз ҷараёну сифати иҷрои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори норизогӣ намуда, ба Ҳукумат супориш дод, ки «… механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва роҳҳои амалӣ гардонидани қонуни мазкурро омўхта, дар муддати ду моҳ доир ба ҳалли ин масъала пешниҳоди мушаххас омода намояд».

Мусаллам аст, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз суботу оромӣ ва тартибот вобастагии мустақим дорад. Аз ин ҷост, ки Президент дар Паёмаш мубориза бар зидди терроризм, экстремизм гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон, муқовимат бо коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ва вазифаҳои муҳиму стратегии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ арзёбӣ намуд.

Ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки яке аз масъалаҳои доғи рўз, ки Сарвари давлат ва тамоми ҷомеаро нигарон намудааст, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.

Ба он нигоҳ накарда, ки бар зидди ин вабои аср аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаи беамон бурда мешаваду дар ин самт, баъзе натиҷаҳои мусбӣ низ ба даст омадаанд, вале ин ҳанўз кам аст ва ҷомеаро қонеъ гардонида наметавонад. Ва аз ин ҷост, ки Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор «… ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин … яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Бо мақсади тақвият бахшидану пурзўр намудани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ супориш доданд, ки «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020» таҳия намояд.

Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро натиҷагирӣ намуда, таъкид намуданд, ки «…ҳолатҳои содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла ширкати онҳо дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ, ҷой доштани усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад».

Барои роҳбарият ва тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ нуқтаи муҳим ва барномавӣ дар Паёми навбатии Президенти кишвар чунин таъкид гардидааст: «…бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин наздик намудани фаъолияти мақомот бо ҷомеа «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия ва пешниҳод карда шаванд».

Ин дастури Ҷаноби Олӣ ниҳоят зарур ва саривақтӣ мебошад. Зеро, воқеан мақомоти корҳои дохилӣ ягона ниҳоде аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки дар зарфи 20-соли Истиқлолият тағйироти ҷиддию сохториро аз сар нагузаронидааст. Агар дақиқ назар кунем, мазмуни кори милитсия ҳанўз ҳам замони Шўравиро ба хотир меорад. Як сохтори ҷамъиятӣ ба дигаре иваз гашт, дар ҷомеа таҳаввулоти зиёде рўй доданд, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ густариш ёфтанд, вале тарзу усули кори милитсия кам тағйир ёфтааст. Тағйироти сифатию сохтории мақомоти корҳои дохилӣ ин амри воқеӣ ва тақозои замон аст. Албатта, бо ибтикори роҳбарияти вазорат ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо (САҲА), баъзе корҳо дар ин самт ба сомон расидааст, вале корҳои зиёду хеле муҳим ҳанўз дар пеш аст.

Дар иртибот ба иҷроиши дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, ки аз Паёмашон бармеояд, дар Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самт корҳои зиёде ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он бевосита таҳти назорати худи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич қарор доранд. Аз ҷумла, рўзи 29 майи соли ҷорӣ Коллегияи ВКД доир гардид, ки он маҳз ба масъалаи ҷинояткории байни ҷавонону ноболиғон бахшида шуда буд. Дар рафти Коллегия бисёр камбудиҳою норасоиҳо дар фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ҷавонону ноболиғон ошкор гардида, мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳо, ҷоннок намудани кори зинда дар байни ҷавонону ноболиғон ва ба ин васила кам кардани ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ин қишри ҷомеа, ки аксариятро ташкил мекунанд, аз тарафи роҳбарияти вазорат дастуру супориши мушаххас дода шуд.

Бешубҳа Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчун як ҳуҷҷати барномавӣ ба ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ руҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дилгарму раҳнамун месозад.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3788379
ИмрӯзИмрӯз241
МоҳМоҳ33394
ХамагиХамаги3788379

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.