ТАҚРИЗ

ТАҚРИЗ

ба китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимов Рамазон Ҳамроевич - Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия

 


Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», ки бо қалами Раҳимов Рамазон Ҳамроевич ба тозагӣ ба нашр расидааст, дастраси доираи васеи хонандагону толибилмон, олимону коршиносон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии кишвар гардид. Ман низ, ки зиёда аз 32 сол дар вазифаҳои гуногуни воҳидҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудаам, бо завқи беандозаи зиёд тадқиқоти илмии мазкурро мавриди омӯзишу таҳлил қарор додам ва бо шарафмандӣ метавон изҳор намуд, ки китоби мазкур ҳамчун адабиёти махсуси юридикӣ дар омӯзиш, таҳқиқ, гузоришу пешниҳоди мавзӯъ ва таҳлилу баёни масъалаҳои марбут ба паҳлӯҳои гуногунҷабҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба як гардиши куллӣ асос гузоштааст.

Муаллиф бо дарки баланди масъулият ва эҳсоси амиқи мушкилиҳои ҷойдошта дар самти амалинамоии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, зимни таълифи асари арзишманди худ бо таҷассуми ҷасорати волои илмӣ ба иҷрои амали бузурги тадқиқотӣ иқдом гузошта, ба мақсади ниҳоии дар пеш гузошта ба дараҷаи кофӣ муваффақ гардидааст.

Махсусан қайд кардан мехоҳам, ки асари мазкур бо таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҷабҳаҳои таърихии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, омӯзиши давраҳои асосии ташаккул ва инкишофи он, таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани проблемаҳои умдаи ҷойдошта ва мисолҳои мушаххаси роҳнамоикунанда таҳия гардида, муаллиф бо сифатҳои баланди пажўҳандагӣ ва ҷуръати зиёди таҳқиқгарӣ ин самти муҳими дар кишвари мо камтаҳқиқгардидаро ба риштаи қалам кашидааст ва зимни он аз қувваю маҳорат, донишу малака ва таҷрибаю собиқаи кории чандинсолаи пурғановаташ бо маҳорати арзишманд истифода намудааст.

Аз нигоҳи дигар хело муҳим арзёбӣ мегардад ин аст, ки китоби мазкур ҷиҳати такмили минбаъдаи савияи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ равона гардида, ба ин васила ба татбиқи саривақтии сиёсати Ҳукумати кишвар дар хусуси ба сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани фаъолияти чунин мақомот ва андешидани чораҳои саривақтии қонунӣ баҳри муқовимат ба унсурҳои ҷинояткоронаи муосир мусоидат менамояд.

Яке аз арзишҳои умдаи асари мазкур дар он инъикос мегардад, ки китоб дар шакли ниҳоят содда ва оммафаҳм, бо забони равону шеваи тоҷикӣ таълиф гардида, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро ба худдорӣ намудан аз интихоби тарзу усул ва роҳу воситаҳои кӯҳнашуда водор менамояд ва ба истифодаи воситаҳои наву муосир зимни таҳқиқи ҷиноятҳои содиргардида ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ҳуҷҷатгузорӣ намудани маълумотҳои ба таври оперативӣ ба даст овардашуда талқин месозад.

Бо истифода аз фурсати муносиб арзу сипоси худро ба Шумо, ҳайати таҳрирӣ, муқарризон ва тамоми онҳое, ки дар таҳияи чунин як китоби пурмазмун нақши муносиб гузоштаанд, изҳор менамоям. Умедвор ҳастам, ки китоби мазкур ҳамчун пояи муҳими инкишофи илмию амалии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, минбаъд низ чунин ташаббусҳои тоза дар ҷодаи илми ҳуқуқшиносӣ рӯи амал оварда мешаванд.

 

Раҷабов А., мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хизмати дохилӣ.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3784518
ИмрӯзИмрӯз1413
МоҳМоҳ29533
ХамагиХамаги3784518

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.