Муроҷиат

Муроҷиати

Вазири корҳои дохилӣ ба Парлумони Аврупо дар ҷаласаи дуввуми Кумита оид ба ҳамкориҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

4 майи соли 2012

Хонумон ва ҷанобон!

Меҳмонони гиромӣ!

Байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо нуқтаҳои зиёди ҳамоиш вуҷуд дорад, махсусан дар самти ҳамкориҳои дуҷониба, бисёрҷониба ва шарикӣ, ки бояд рушду такомул дода шаванд. Чӣ тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: «Мо тоҷикон аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки ҷанг ба чӣ оқибати даҳшатнок оварда мерасонад. Барои он, ки ягон инсони рӯи замин ин даҳшатро ҳис накунад, мо бояд аз қувваҳои террористӣ ва иртиҷоӣ халос шавем ва мамлакати худро аз таъсири марговари онҳо эмин нигоҳ дорем».

Бинобар ин, мамлакати мо иштирокчии ҳамаи Конвенсияҳои СММ ва шартномаҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст.

Мо Конвенсияи Аврупоро оид ба пешгирии терроризм, ки соли 1977 дар Страсбург ба имзо расонида шудааст, ратификатсия намудем ва дар доираи он ҳамаи масъалаҳо оид ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба танзим дароварда мешаванд.

Муносибати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар доираи самтҳои муҳим ва соҳаи гуногуни ҳамкориҳо ифода меёбад.

Аз оғози амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳо оид ба расонидани кӯмак ба қувваҳои байналмилалии коалитсионӣ (муттаҳид) амалӣ карда мешавад, ки шаҳодати мавқеи ягона доштан дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Ҳамкориҳои мо бо Иттиҳоди Аврупо инчунин дар соҳаи таъмини бехатарии сарҳад ва мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидати идораи бехатарии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва назорат аз болои маводи мухаддир амалӣ карда мешавад.

Имрӯз ин далел шубҳабарангез нест, ки фаъолияти террористӣ бо тиҷорати маводи мухаддир дар минтақа алоқаи зич дорад. Истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва гардиши он яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти террористӣ маҳсуб меёбад.

Аз рӯи баҳои додаи мутахассисон, ҷаҳони ҷиноӣ ҳар сол аз фурӯши маводи нашъаовари афғонӣ 65 миллиард доллар фоида ба даст меорад. Вале истеҳсолгарони афғонӣ аз ин маблағ ҳамагӣ 1 миллиард доллар мегиранд, чунки маблағи боқимонда ба хориҷа меравад, аз он ҷумла ба воситаи сохторҳои бонкӣ барои кӯшишҳои террористӣ.

Дар баромади худ дар Вена оид ба идораи сарҳад ва бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби ман пешниҳод шуд, ки имконияти ташкили харидорӣ намудани ҳосили маводи афюн дар ҷояш, бевосита, (ки нархи пасти харидро таъмин мекунад) аз ҷониби истеҳсолгарони афғонӣ барои фавран нобуд кардани онҳо, ё бо назардошти талаботи ҷаҳонӣ, истифодаи маводи афюн дар фармакалогия, тиб ва саноат баррасӣ карда шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар мамлакатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бар зидди тиҷорати маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм муқовимат менамоянд, имкониятҳои маблағии худро муттаҳид кунанд, метавонанд схемаи мувофиқро барои харидорӣ намудани ҳосили афюни кӯкнордона, аз решааш, аз киштзор, аз худи истеҳсолгарони афғон таҳия намоянд.

Хариди ҳосилро дар якҷоягӣ бо баланд бардоштани сатҳи парвариши масолеҳи хоҷагии қишлоқ мутобиқан амалӣ бояд кард ва ҳамзамон деҳқонони афғонро барои баланд бардоштани нумӯи маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд гардонид.

Аз ҷониби мо зиёда аз 30 созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба имзо расидаанд ва барои амалӣ намудани онҳо чораҳо андешида шудаанд.

Вале, ҷинояткории бо тиҷорати маводи мухаддир вобаста, ба мисли пештара на танҳо ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, балки ба амнияти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ низ таҳдиди воқеӣ дорад.

Чӣ тавре, ки ба Шумо маълум аст, давлати мо дар сафи пеши мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва қочоқи воситаҳои нашъадор қарор дошта, зарбаи аввалро ба худ қабул менамояд. Аз соли 2000-ум то инҷониб аз гардиши ғариқонунии маводи нашъаовар зиёда аз 73 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки аз инҳо 31 тоннаашро героин ташкил медиҳад.

Фоидае, ки аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба системаи молиявии тамоми ҷаҳон ба даст меояд ва механизмҳои меъёрҳои коркардашуда ва тавсияҳои барномаи FATF (Гурӯҳи мақсаднок оид ба чорабиниҳои молиявӣ), ки бо тарафдории худ дар мубориза бо шустани маблағ ва терроризми молиявӣ машҳур аст, чи тавре, ки амалия нишон медиҳад, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст намеорад, чунки маблағҳо ба мисли пештара ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн мешаванд.

Ба давлатҳо – аъзои FATF пешниҳод менамоем, ки назоратро аз болои қонунӣ намудани воситаҳои пулӣ, ки бо роҳи ҷинояткорӣ, табдил додани додугирифти бонкӣ, аз ҳисоби амалӣ намудани маводи нашъаовар ва маблаггузории терроризм ба даст омадаанд, пурзӯр намоянд.

Аз ҷониби мо дар доираи Конвенсияи қабулшуда оид ба маблағгузории терроризм (соли 1999) ба КҶ ҶТ тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шуд, маҳз моддаи 262 (Қонунӣ гардонидани фоидаҳои ҷинояткорона) ва моддаи 1792 (Маблағгузории ҷинояткориҳои хусусияти террористӣ дошта) бо Конвенсияи мазкур мутобиқ гардонида шуд.

Яке аз шаклҳои таъсиррасонии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар шакли «таҳвили байналмилалии назоратшаванда» аст, ки дар Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир соли 1971 дарҷ гардидааст. Ин амалиётҳоро мо бомуваффақият дар якҷоягӣ бо ҳамкорон аз давлатҳои ИДМ мегузаронем ва бояд заминаи ҳуқуқӣ оид ба амалӣ намудани чунин амалиётҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо таҳия карда шавад, ки дастгирии Шумо дар ин самт бениҳоят зарур аст.

Дар мубориза бо терроризм ва экстремизм истифодаи имконияти худи динро мо манфиатнок меҳисобем. Бинобар ин бисёр муҳим аст, ки исломи анъанавӣ ва принсипҳоеро, ки асосҳои экстремизми диниро ташкил медиҳанд, аз ҳам фарқ кард, чунки моҳияти ислом худ ба худ одамдӯстӣ ва сулҳдӯстист.

Қуръон бе асоси қонунӣ куштани одамонро қатъиян манъ мефармояд, масалан, дар сураи 4-и Қуръон омадааст: «Агар ягон кас инсонро барқасдона қатл кунад, ҷазои ӯ дузах аст, ки ӯ дар он абадан мемонад», ё ояти дигари 93… «Ва накушед ҳамдигарро». Аз ин оятҳо уламои дин ба хулосае омадаанд, ки терроризм, экстремизм ва дигар амалҳои зӯроварӣ ба меъёрҳои анъанавии ислом мухолифат менамоянд.

Мутобиқи Барномаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа ташкили омӯзиши ахлоқии ислом ба аҳолӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фанни «Ҳуқуқи ислом» ҷорӣ карда шудааст, ки дар доираи он арзишҳо ва принсипҳои асосии дини мусулмонӣ омӯхта мешаванд.

Бо назардошти заминаи ягонаи забонӣ ва фарҳангӣ бо Афғонистон, ВКД Тоҷикистон метавонад ба таҳкими имкониятҳои сохтори ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон мусоидат намояд. Мо метавонем дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо саҳми худро дар кори барқарорсозии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи политсияи афғон дар заминаи Академияи ВКД ҶТ гузорем.

Ҳамчун низоми чораҳои давлатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолияти ҳизби «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон» ва «Салафия» бо назардошти он, ки фаъолияти онҳо хусусияти террористӣ дорад, манъ карда шудааст.

Аммо, баъзе мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ба ин чиз он қадар аҳамият намедиҳанд, чунки барои ҳалли ин проблемаҳо муносибаи якхела мавҷуд нест.

Аз ҷониби мо сомонаҳое, ки ба воситаи онҳо ғояҳои ташкилотҳои террористӣ дар ҳамаи ҷаҳон паҳн мешаванд, муайян карда шудааст, ба монанди «Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ» («СИДж») – www.sodiqlar.com., «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон» - www.furqon.com., ҷамъяити «Ансоруллоҳ» - www.irshod.net. Барои маҳкам кардани онҳо бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо мақсади муборизаи самаранок бо намудҳои ҷиноятҳои мазкур мо Марказ оид ба муқовимат бо экстремизм ва маблағгузории терроризмро таъсис додем.

Дар солҳои охир мо муборизаро бар зидди терроризм пурзӯр намудем ва дар рафти амалиётҳо зиёда аз 100 низомиёни ғайриқонунии мусаллаҳ безарар ва дастгир карда шуданд.

Танҳо дар се соли охир 14 гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд, ки аз ҷониби онҳо 1485 ҷиноят, аз он ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта содир карда шудааст.

Хавфи терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои ба маводи нашъаовар марбут на танҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, балки ба Аврупо ва тамоми ҷаҳон таҳдид менамояд. Тоҷикистон дар роҳи ин падидаҳо ҳамчун садд, сипардевор меистад. Бо назардошти он, ки мӯҳлати будубоши Ташкилоти Ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) то соли 2014 ба охир мерасад ва таҳдиди бехатарӣ афзоиш меёбад, ман фикр мекунам, ки Иттиҳоди Аврупо метавонад ба фармондеҳони ТҲАШ (НАТО) оид ба мусоидат дар таҳкими имкониятҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи додани моликият ва таҷҳизоти ҳарбӣ, ки дар рафти гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон бомуваффақият истифода бурда шудаанд, муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки дар самтҳои зерин мусоидат карда шавад:

- барои ташкил намудани вохӯрӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи хадамоти махсуси Иттиҳоди Аврупо бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм дар минтақаи Осиёи Марказӣ;

- барои баимзорасонии созишномаҳои дуҷониба бо ҳамкорони Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои нав, ҳам дар мубориза бо гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва ҳам бо терроризм ва экстремизм;

- дар муболилаи иттилооти оперативӣ ва дигар иттилоотҳо оид ба гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва сарварони онҳо;

- барои ба роҳ мондани гузаронидани чорабиниҳои махсуси якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил дар асоси доимӣ;

- дар таъсиси Маркази Миллии Хадамоти кинологии ВКД ҶТ бо мақсади омӯзиши кинологҳо аз Афғонистон;

- дар таъсиси муассисаи таълимӣ ба монанди «Статс коллеҷ» барои тайёр намудани политсияи ҳомиёни сулҳ барои Афғонистон.

Ман итминони комил дорам, ки вохӯрии имрӯза ҳамоиши муҳим дар кӯшишҳои якҷояи мо баҳри мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва инчунин танзими вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад.

 

Муташаккирам!

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3865365
ИмрӯзИмрӯз562
МоҳМоҳ15869
ХамагиХамаги3865365

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.