Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ

Дар баробари рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа олами ҷиноӣ низ ташаккул ёфта, инкишофи муосиртарин шаклҳои ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва яроқи оташфишон, махфинигаҳдории ҳаракатҳои гурӯҳҳои ҷинояткор, дараҷаи баланди таҳҷизоти техникии онҳо ба мушоҳида расида, водор месозад, ки роҳҳои нави ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кашф карда шуда, воситаҳои мавҷуда ва усулҳои ҷамъоварии далелҳо, ба даст овардани иттилои саривақтӣ пурзур карда шаванд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои беҳтарини ба даст овардани натиҷаҳои мазкур ин ҳолати пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мебошад. Ин талабот омӯзиши ҳаматарафаи назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба миён оварда, тақозои боз ҳам инкишоф ёфтани онро дорад.

 

 

 

 


Хушбахтона, тӯли солҳои истиқлолият бо роҳнамоии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои нави инкишоф муайян карда шуданд.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ соҳаеро ёфтан мушкил аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад.
Ин гуфтаҳо ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ дахл дошта, дар ин ҷода олимон ва мутахассисони варзида барои тайёр намудани кадрҳои воқеан соҳибмалакаву ботаҷриба кӯшишҳои зиёде намуданд. Баъд аз омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами дунё ва роҳҳои муосири ин бахш китобу дастурҳои методӣ ва таълимӣ иншо намуда, онро пешкаши донишҷӯёну хонандагон, шунавандагони донишгоҳу донишкада ва омӯзишгоҳҳои махсуси соҳаи ҳуқуқи мамлакат менамоянд, ки он дар таълими назарияи ин илм ва ба камол расидани афсарони касбӣ ва кормандони зираки фаврӣ таъсири калон мерасонад.
Аз ҷумла, Раҳимов Рамазон Ҳамроевич номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта, чандин китобу дастурҳои методӣ ва дастовардҳои илмиаш дар матбуоти дохиливу хориҷӣ ба нашр расида, аз таҷрибаи ғанӣ ва пешниҳоду роҳҳои муосири фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии пешниҳод намудааш дар омӯзишгоҳҳои хориҷи мамлакат низ васеъ истифода шуда, дар муассисаҳои олии таълимӣ омӯзонида мешавад.
Ба хусус китоби дарсии тозаэҷодаш бо номи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар ин самт такони ҷиддӣ бахшида, дар муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, мушкилоту душвориҳои ҷойдошта, аҳамияти омӯзиш ва амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӣ, мафҳум вазифаҳо ва принсипҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, давраҳои таърихии инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, субъекти фаъолият, чорабиниҳои махсус, намуд ва тартиби гузаронидани чорабиниҳо, мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, манбаъи иттилоттӣ, истифодаи сагҳои хизматӣ ва дигар воситаҳо ва назорати фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар он мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, ки аз муҳимтарин масоил дар ин самт мебошанд.
Вобаста ба муаррифии ин китоби дарсӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ конфронси васеъи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои муҳими фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нақши он дар таҳкими ҳуқуқи инсон» доир гардид, ки дар он роҳбарони аввали як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, сафоратхонаву ташкилотҳои баналмиллалӣ, олимону мутахассисони варзидаи соҳаи хуқуқ иштирок варзида, ба ин дастури таълимӣ баҳои баланди илмӣ-амалӣ доданд.
Дар ин конфронс аз ҷумла қайд гардид, ки ин аввалин маротиба аст, ки дар таърихи илми ҳуқуқшиносии ватанӣ аз ҷониби муаллиф тадқиқоти диссертатсионӣ, ки ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бахшида шудааст, амалӣ гардонида шуд ва айни замон ӯ тадқиқоти худро вобаста ба назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалияи он давом дода истодааст.
Китоби дарсии мазкур барои кормандони оперативӣ, муфаттишон, судяҳо, прокуророн, адвокатҳо, донишҷӯён, аспирантону омӯзгорон, инчунин шаҳрвандон, ки ба масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шавқ доранд фоиданок буда, дар васеъ намудани диди онҳо ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсири ҷиддии мусбӣ дорад.
Бо назардошти дорои хусусияти баланд намудани маърифати касбӣ, таҷрибаи пешқадам, шаклҳои муосири фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, рафъи камбудиву норасогиҳо дар ин самт ва донишу малакаи ғании муаллиф, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимовро ба назар гирифта, китоб ва дастурҳои методии ӯ «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» (Қисми умумӣ), «Тестҳо ва масъалаҳо аз фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Барнома аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ҳамчун китоби дарсӣ ва дастури методӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии русӣ ва тоҷикӣ, Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Омӯзишгоҳи Сарраёсати ҳифзи сарҳадоти КДАМ, Академияи ВКД, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молия ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Вазорати адлия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторњои қудратии мамлакат бепул ба шакли ройгон ирсол карда шуд.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3876710
ИмрӯзИмрӯз876
МоҳМоҳ27214
ХамагиХамаги3876710

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.