Фаъолияти оперативӣ

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и пешниҳодгардида аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич таҳия гардида, яке аз аввалин кори хусусияти кушодадошта оид ба асосҳои қонунгузории оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад, ки ба забони давлатӣ ба табъ расидааст. Дар китоб бештар моҳияти ҳолатҳои назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба таври возеҳ кушода шуда, маъно ва ҷой дар низоми чораҳои давлатӣ-ҳуқуқии мубориза бо ҷинояткорӣ муайян шудаанд.

 

 Дар китоб маводи калонҳаҷм ҷамъоварӣ шудааст, ки лазаҳои ташаққул ёфтани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро дар ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ то замони муосир дар бар гирифтааст. Ба давраҳо тақсим кардани ин раванд барои рушду камоли назария ва амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҷумҳурӣ имкон фароҳам меорад.

Китоб аз 4 қисм ва 15 боб (595 саҳифа) иборат аст. Дар асоси интихоби маводи воқеӣ, муаллиф кӯшиш ба харҷ додаст, ки мувофиқи қонун ташаккул ва инкишофи илми ватании фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, моҳияти назариявӣ ва амалии онро нишон диҳад. Чунин назар комилан барои омӯзиши он ва дарсдиҳӣ дар доираи интизоми таълимӣ мувофиқ аст.

Китоб пурарзиш иборат аз тафсирҳо буда, дар он ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ васеъ истифода шудаанд. Бо назардошти он, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии ғайриошкоро ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахолат карда мешавад, диққати асосӣ дар китоб ба принсипҳои конститутсионӣ, ки афзалияти ҳуқуқи инсонро тасдиқ мекунанд ва мутобиқатии онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, дода мешавад. Инчунин, дар китоб ба ҷанбаҳои ахлоқӣ-этикии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир карда шудааст.

Дар мавзӯи риояи ҳуқуқи инсон дар китоб проблемаи шиканҷа баррасӣ карда шудааст, яъне манъи истифодаи зӯроварӣ дар фаъолияти мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ. Дар бораи Конвенсияи СММ ба муқобили шиканҷа зикр намуда (Резолютсияи № 57/199 Ассамблеяи Генералии СММ аз 10 декабри соли 1984) бояд қайд кард, ки мамлакати мо ин ҳуҷҷатро тасдиқ (ратификатсия) намудааст ва бо ҳамин дар кори муҳофизати ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои шаҳрвандони худ саҳми муҳим гузоштааст.

Бинобар ин, дар китоб хулосаи муҳим оварда шудааст, ки тибқи он иҷрои муваффақонаи вазифаҳои ҳифзи ҳуқуқ, яъне мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва дар хотима хосил намудани боварии аҳолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз риоя намудани қонуният дар байни ҳайати шахсӣ бевосита вобастагӣ дорад.

Таҷрибаи бисёрсолаи амалии мутахассисон шоҳиди он аст, ки таъсирнокии муқовимат бар зидди ҳар гуна намудҳои ҷинояткорӣ бевосита аз дониш дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобастагӣ дорад, ки имкон медиҳад дар ҳар гуна вазъият мавҷқи худро муайян ва қарори дуруст дар лаҳзаҳои ногувор ва ногаҳонӣ қабул карда шавад. Дониши илмӣ дар бораи моҳият, аҳамияти иҷтимоӣ, асосои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳамбастагӣ бо муқаррароти илми ҳуқуқ яке аз сифатҳои зарурии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд, ки вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд.

Китоби мазкур ба доираи васеи хонандагон - донишљўён, шунавандагон, курсантњо, муаллимони муассисањои илмии ВКД Љумњурии Тољикистон ва дигар донишгоњњои олии њуќуќї, кормандони амалии маќомоти њифзи њуќуќи Љумњурии Тољикистон ва њамаи он касоне, ки ба масъалањои фаъолияти оперативї-љустуљўї шавќ доранд тавсия дода мешавад.

Њангоми навиштани китоби мазкур таљрибаи тайёр намудани дастурњои анъанавии илмї ва илмї-методї оид ба курси «Фаъолияти оперативї-љустуљўии маќомоти корњои дохилї», инчунин консепсия оид ба зарурият ва имконияти таълим додани асосњои ќонунгузории оперативї-љустуљўї њатто дар донишгоњњои њуќуќие, ки махсус гардонида нашудаанд, ба назар гирифта шуда, истифода бурда шудаанд.

Ин буд, ки Мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон бо ќарори худ № 25/32 аз 29 декабри соли 2011 «Дар бораи нашри китоби дарсии «Фаъолияти оперативї-љустуљўї (Ќисми умумї)» барои донишљўёни муассисањои тањсилоти олї» китоби мазкурро ба сифати китоби дарсї барои донишљўёни муассисањои тањсилоти олии мамлакат, ки кадрњои њуќуќро тайёр менамоянд, тавсия додааст.

Бинобар ин, китоби мазкур арзишнок буда, ўро нодида гирифтан мумкин нест, чунки он сањми бузургро дар омўзиши назария ва амалияи фаъолияти оперативї-љустуљўї дар мамлакати мо хоњад гузошт. Китоб имкон медињад, кидонишљўёни макотиби олї њаљми маълумоти худро васеъ намоянд ва бо шавќи зиёд аз љониби онњое, ки дониши худро дар ин соња мукаммал намудан мехоњанд, пазируфта хоњад шуд.

Муаллиф ба кормандони амалии воњидњои маќомоти корњои дохилї ва инчунин олимони Љумњурии Тољикистон барои кўмаки амалї ва тавсияњои љолиб дар тањия намудани китоби мазкур аз самими ќалб изњори миннатдорї менамояд.

Минатдории хоса ба Сафорати Љумњурии Халкии Хитой барои дастгирии техникї ва нашр намудани китоби мазкур изњор карда мешавад.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3819955
ИмрӯзИмрӯз488
МоҳМоҳ19460
ХамагиХамаги3819955

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.