Қарорҳои конференсияи илмӣ-амалии «Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷиноятҳои трансмиллӣ ва нашъаҷаллобӣ»

Рӯзи 10 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Конференсияи байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷиноятҳои трансмиллӣ ва нашъаҷаллобӣ» шуда гузашт.

Дар кори конференсия намояндагони ҳукумати қонунгузории Тоҷикистон, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Шӯрои адлия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Вазорати тандурустӣ, Кумита оид ба дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Маркази қонунгузории миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, воҳидҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафирони фавқулодда ва мухтор ва консулгариҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россия, Эрон, ШМА, Англия, Афғонистон, Покистон, Туркия, Олмон, Хитой, Ҷопон, Фаронса), намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, (САҲА, СБМ, РОКГ (УВКБ), Салиби Сурх (МККК), Шӯрои даниягӣ оид ба гурезаҳо, Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ), сохторҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ (СПАД, ИДМ, БҲМБЗМ ИДМ, МЗТ ИДМ (АТЦ СНГ), СМЗТ СҲШ (РАТС ШОС), хазинаҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатҳои дигар (Хитой, Россия, Туркманистон, Давлати Қатар, Давлати Баҳрайн, Давлати Яман).

Дар баромади иштирокчиёни Конференсия якдилона моҳият ва зарурияти гузаронидани форуми мазкур оид ба мавзӯи зикргардида, дар чунин шакл таъкид гардида, аз ҷониби бисёр давлатҳо ҷиҳати ҳамкории муштарак оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллии нашъаҷаллобӣ ташаббусҳо иброз гардиданд, инчунин зарурияти мунтазам гузаронидани чунин вохӯриҳо бо мақсади якҷоя муҳокима намудани мушкилоти муҳим ва коркарди умумии ҳалли мушкилот оид ба пешгирии зиёдшавии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар айни замон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва доғи рӯз, аз он ҷумла барои давлатҳои ИДМ ва дар маҷмӯъ барои Осиёи Маразӣ боқӣ мемонад, зикр гардид.

Натиҷаи муҳокимаҳои масъалаҳои мушкил дар рафти конференсия нишон дод, ки дар аввали асри 21 ба ҳамаи кӯшишҳо нигоҳ накарда, фаъолияти нашъаҷаллобон ташаккул ёфта, раванди бузурги маводҳои нашъаовар ба воситаи сарҳад аз як давлат ба давлати дигар гузашта, ҳаҷми калони маводи мухаддир истеҳсол карда шуда, ҳаёти инсонҳоро шикаста, амнияти давлатҳоро коста мегардонад.

Проблемаҳои дар Конференсия бардошташударо таҳлил ва ҷамъбаст намуда, иштирокчиёни конференсия якдилона пешниҳодҳои зеринро иброз намуданд:

Бо мақсади ҳалли мувафаққонаи вазифаҳо оид ба мубориза бар зидди нашъаҷаллобӣ, ки воқеан на танҳо ба ахлоқ ва рӯҳи ҷомеа, балки ба ҳаёт, оромӣ ва амнияти дилхоҳ мамлакат таъсир мерасонанд ва яке аз таҳдидҳои асосии оромӣ буда, сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм аз гардиши ғайриқонунии маводи нашаъадор мебошад, ки ҳамоҳангии фаъолият оид ба муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои трансмиллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ бениҳоят зарур аст.

Муттаҳид намудани кӯшишҳои ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, динӣ ва ҳамаи қувваҳои қобили қабулробарои профилактикаи нашъамандӣ ва муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар истифода бояд бурд.

Ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳоди баланд бардоштани моҳияти проблемаҳои ҷиноятҳои нашъаҷаллобӣ то сатҳи таҳдидҳои байналмилалии ҷаҳон ва бехатарӣ ва онҳоро баробари ҷиноятҳои муқобили инсоният ва ҷиноятҳои ҳарбӣ донистан.

Дар баробари он, ки «Бори таҳвилӣ» яке аз усулҳои беҳтарини пешгирии муомилоти ғайриқонунии байналмилалии гардиши маводи нашъаовар ва ошкор намудани шахсоне, ки дар ин муомилот иштирок мекунанд, мебошад, зарур аст, ки дар сатҳи СММ Ҳуҷҷати ягонаи ҳамаҷониба, ки ҳамаи низоми мувофиқашудаи байни худи амалҳои мақомоти салоҳиятдори якчанд давлат оид ба гузаронидани бори назоратшавандаи таҳмилӣ барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии дастгоҳҳо, содирот, воридот ва транзит, ки мамнуъ аст, қабул карда шавад.

Ташкили Рӯйхати ягонаи шахсоне, ки мақоми «нашъаистеҳсолкунанда» («нашъаҷаллоб», «наркодиллер») доранд ва шахсоне, ки онҳоро дастгирӣ мекунанд, оид ба монанди рӯйхати мавҷудбудаи террористон бо ҳамаи оқибатҳое, ки аз ин ҷо бар меоянд,  барои чунин намуди шахсон.

Безарар гардонидани марказҳои истеҳсолкунандаи маводи нашъаовар бояд афзалиятнок бошад ва барои ба чунин мақсад расидан муттаҳид намудани кӯшишҳо оид ба коркарди барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалие, ки барои безарар гардонидани чунин марказҳо равона карда шудаанд, зарур аст.

Ба манфиати ҳамкориҳои байналмилалии зиддинашъаҷаллобӣ гузаронидани амалиётҳои махсус ва якҷоя оид ба пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ба воситаи қувваҳои миллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои гуногун, барои  ин, таъмини зарурии сатҳи боваринокӣ бо мақсади рушди ҳамкориҳои оперативӣ, мубодилаи маълумоти гумоштавӣ, аз он ҷумла, ҷойи ҷойгиршавиилабораторияҳои нашъаистеҳсолкунанда, таҳвилипрекурсорҳо, додани объектҳои коркардшаванда ва ғ. Барои ин таъмини иттилоотиро мукаммал намудан, инфраструктураи коммуникатсиониро барои мубодилаи иттилоот инкишоф дода, амнияти иттилоотии амалиётҳоеро, ки якҷоя гузаронида мешаванд ва ба нақша гирифта шудаанд, таъмин намудан зарур аст.

Дар сатҳи ҳамаҷониба низоми кафолатҳои байналмилалии иҷрои дархостҳо оид ба чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ташкил карда шавад.  Яке аз чунин шаклҳои кафолат метавонад, қабули Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи соли 1988 бошад, ки дар он шартҳои иҷрои дархостҳо барои ҳамаи давлатҳо ва масъулияти давлатҳо барои беасос иҷро накардани дархост оид ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои дархостшаванда дар қаламрави худ мустаҳкам карда шавад.

Нерӯи оперативии мақомоти наздисарҳадӣ ва сохторҳо дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баланд бардошта шавад ва муҳофизат карданиминтақа дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таъмин карда шавад.

Дар баробари истифодаи чораҳои ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, зарур аст, ки барномаҳои имконпазири рушди хоҷагии халқ ва рушди иқтисодии Афғонистон бо роҳи сармоягузорӣ, кӯмаки техникӣ, ба воситаи рушди инфраструктура, пеш аз ҳама энергетика ва таъсиси ҷойҳои корӣ коркард ва амалӣ карда шаванд.

Дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ дар соҳаи муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва прекурсорҳо якҷоя истифода карда шаванд. Механизмҳои нави ҳамкорӣ бо назардошти тамоюли рушди нашъаҷаллобӣ коркард карда шаванд.

Такмил додани механизми назорат аз болои муомилоти прекурсорҳо, инчунин муайян намудани назорат аз болои ҳаракати прекурсорҳо дар давлатҳое, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд (мисол, бо роҳи ранг намудани гидрид бо кислотаи сирко).

Мустаҳкам намудани нерӯи текникӣ-технологӣ, кадрӣ ва касбии воҳидҳои дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъаҷаллобӣ махсусгардонидашуда. Дар асоси барномаҳои беҳтарин ва пешрафта ва фаъолияти якҷояи ҳамоҳангшуда тайёр намудани кадрҳои оперативии кормандон (политсияи зидди  маводи мухаддир) барои давлатҳое, ки истеҳсолкунандаи асосии маводи нашъаовар маҳсуб меёбанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти якҷоя ба сатҳи нави амалӣ оид ба боздошт намудани интиқоли  маводи нашъаовар баромада шавад. 

Дар мубориза бо нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъаовар ба пешгирӣ аҳамияти хоса бояд дод. Ба ин корҳо бояд ходимони машҳури фарҳанг, маориф ва руҳониён ҷалб карда шаванд. Менталитети аҳолии минтақаро ба инобат гирифта, моҳият ва арзишҳои ҳақиқии Қуръон – сарчашмаи асосии дини ислом оид ба ин масъала васеъ паҳн карда шаванд.    

Нашр намудани баромадҳои баромадкунандагони конференсия ва фиристодани онҳо ба тамоми воҳидҳои амалӣ ва таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои истифода дар фаъолияти амалӣ, таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3784478
ИмрӯзИмрӯз1373
МоҳМоҳ29493
ХамагиХамаги3784478

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.