Шарҳи мухтасар

 Шарҳи мухтасар

ба рисолаи Раҳимов Р.Ҳ. «Стратегияи сиёсати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор ва воситаҳои психотропӣ» Душанбе. ҶДММ ЭР-граф». 2013.288 с.

Рисолаи ба тозагӣ ба табърасидаи «Стратегияи сиёсати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии моддааҳои нашъадор ва воситаҳои психотропӣ», ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, аъзо-корреспонденти Академияи умумиҷаҳонии илмҳои амнияти дастаҷамъӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич омода гардидааст, яке аз нашрҳое мебошад, ки дар он натиҷаҳои таҳқиқоти бисёрсолаи мушкил ва проблемаҳои нозуки муосир дарҷ ёфта, хусусиятҳои муҳимро дар шароити муосир дар бар мегиранд, ки пайваста омӯхтани масъалаҳои баррасишаванда шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

 

 

 Дар солҳои охир мавзӯи мазкур фанни таҳқиқоти ҷамъиятӣ гардидааст, ки имкон медиҳад, симои истеъмолкунанда ва паҳнкунандаи маводи нашъадор таҳия карда шавад.

 Дар рисола масъалаҳои сиёсати давлатии мубориза алайҳи маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили минтақавии ҷинояткорӣ, ки бо маводи мухаддир ва воситаҳои психотропӣ дар давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ алоқаманданд, баррасӣ мегарданд. Дар рисола масъалаҳои  амалӣ ва илмии муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи хариду фурӯши маводи нашъадор: механизми муқовимат бар зидди гардиши моддаҳои нашъадор ва воситаҳои психотропӣ, инчунин, масъалаҳои пешгирии паҳн намудани маводи мухаддир ва якчанд ҷанбаҳо оид ба ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо таҳқиқ карда мешаванд.

 Нашри мазкурро метавон ҳамчун саҳми назаррас дар омӯзиш ва стратегияи сиёсати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, аз он ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор ва воситаҳои психотропӣ баҳогузорӣ намуд. Ин рисола имкон медиҳад сатҳи кори мустақили натанҳо донишҷӯён дар макотиби олӣ, балки фаъолияти амалии кормандон васеъ карда шавад, инчунин ин китоб аз ҷониби он нафароне, ки барои зиёд намудани дониш дар ин самт саъю кӯшиш менамоянд, бо шавқи зиёд хуб пазируфта хоҳад шуд.

Рисола сохти анъанавӣ дошта, аз муқаддима, қисми асосӣ, аз 6 боб, хулоса ва замима иборат аст.

Дар муқаддима мавзӯи муҳими интихобгардида асоснок карда шуда, мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот шарҳ дода шудаанд.

Боби аввал масъалаҳои умумии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва воситаҳои психотропӣ ошкор менамояд. Дар асоси маводҳои мӯътамад, муаллиф боитминон меъёрҳои қонунгузории рушди сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бар зидди маводи нашъаовар нишон медиҳад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар китоб хулосаи муҳим дар бораи зарурияти ташаккули сатҳи нави ҳамкориҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ВКД давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, махсусан бо ВКД Федератсияи Россия ифода ёфтааст.

Дар боби дуюм, хусусияти умумии сиёсати ҳуқуқии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ муфассалтар баррасӣ гардидаанд. Дар он таҳлили мушаххаси робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомотҳои дахлдори давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, ки ба беҳтаргардонӣ ва ёфтани роҳҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо, ки айни замон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар доранд, равона гардида, дар он инъикос ёфтаанд. Ҳамзамон, муаллиф ин робитаҳоро таҳлил намуда, муносибатҳои инкишофёбандаро дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ таъқид менамояд, ба монанди СММ, САҲА, СПАД, Шӯрои Конференсияи Исломӣ, ТҲАШ, Созмонии Ҳамкориҳои Шанхай, Маркази осиёӣ-марказии минтақавии итилоотии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо маводҳои нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ ва дигар намуди прекурсорҳо (ЦАРИКЦ) ва ғайра.

Боби сеюм хусусияти амалӣ дошта, дар он механизми муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва воситаҳои психотропӣ баррасӣ гардидаанд. Муаллиф возеҳ мустақилияти чораҳои ташкилӣ-ҳуқуқиро барои сохтани механизми муқовимат бар зидди ҷиноятҳои маводи нашъаовар, ки пеш аз ҳама бо сохтори таъмини мубориза бо ҷинояткорӣ вобастаанд, нишон медиҳад.

Дар боби чорум профилактикаи ҷамъиятӣ-криминологии паҳн намудани маводи нашъаовар дарҷ гардидааст.

Боби панҷум мукаммал намудани чорабиниҳоро оид ба тафтиши ҷиноятҳое, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ вобастаанд, дар бар мегирад.

Дар боби шашум рушди шаклҳои ҳамкориҳои мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеа оид ба мубориза бо нашъаҷаллобӣ дарҷ ёфтааст. Муаллиф ба ҷамъбаст ва таҳлили мулоҳизавӣ, ки дар адабиёт оид ба мушкилоти баррасишаванда омадааст, маҳдуд нашуда, қайд менамояд, ки бо як кӯшиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳҳои асосии манъ намудани нашъаҷалобиро гирифтан ғайриимкон аст ва алакай раванди муттаҳидшавиигурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ, ки маводи нашъадорро ба воистаи шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ назорат менамоянд,  рафта истодааст. Аз мадди назар набояд дур кард, ки дар оянда гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд, нашъаҷаллобии осиёимарказиро дар зери назорати пурраи худ бигиранд.

Оид ба натиҷаҳои таҳқиқот як қатор проблемаҳое ошкор гардиданд, ки ба мавзӯи баррасишаванда дахл доранд ва хулосаҳо дар бораи зарурияти минбаъд омӯхтан ва беҳтар намудани вазъияти масъалаи мазкур бароварда шудааст.

Ин рисолаи тадқиқотӣ ба олимон, муаллимон, курсантҳо ва шунавандаҳои муассисаҳои илмии системаи ВКД, мутахассисони муассисаҳои таълимии олии ҳуқуқии мамлакат, барои кормандони амалии мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин барои ҳамаи он нафароне, ки ба мушкилоти муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, пешниҳод карда мешавад.

Муаллиф ба ҳамаи кормандони амалии оперативии воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмаки амалӣ ва пешниҳодҳои муфид дар таҳияи рисолаи мазкур изҳори миннатдорӣ менамояд.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3788463
ИмрӯзИмрӯз325
МоҳМоҳ33478
ХамагиХамаги3788463

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.