Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами миллӣ»

Имрӯз (22.11.с.2016), бахшида ба  «Рӯзи Парчами миллӣ» дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ, устодони Академияи ВКД полковники милитсия Раҷаббой Ҷӯраев, майори милитсия Акмал Юсуфзода ва  ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии вазорат конференсияи илмӣ –амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд. Қайд гардид, ки ҳар як фарди бонангу баномуси ин давлату сарзамин бояд парчами кишвари худро муқаддасу азиз дошта, бо амалҳои неку созандаи худ парчамбардори миллату давлат гардад.

«Боварӣ аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ин муқаддасоти миллӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми худро ба ҷо оварда, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлату миллат, тартибу низом устуворона қадам ниҳода, дар пешрафту нумӯи кишварамон нақши босазои худро мегузоранд» - афзуд, дар идома Икром Умарзода.

Сипас сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан баромад намуда қайд кард, ки бисту чор сол муқаддам парчами давлатӣ дар толори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қабул гардида, он имрӯз мояи ифтихору сарбаландии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон то кунун дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсиву варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ  барафрохта мешавад, ки миллати ботамаддуну соҳибфарҳанги тоҷиконро ҳамчун як давлати соҳибистиқлол муаррифӣ менамояд.  

Дар идома, устоди Академияи ВКД, номзади илмҳои фалсафа, профессор, полковники милитсия Ҷӯраев Раҷаббой Зуҳурович суханронӣ намуда, аз таърихи парчамдорӣ дар дунё ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баромади пурмуҳтаво намуд.

Мавсуф зимни баромад иброз дошт, ки парчам муаррифгари ҳар миллату давлат буда, дар Тоҷикистони азизи мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва давлатдорӣ рӯзи 24 - ноябр, ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ қайд карда мешавад.

29 октябри соли 2009 дар конфренсия бахшида ба 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ пешниҳод гардида, бори нахуст он 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд.

Дар ин рӯзи бошукӯҳ Президенти кишвар мардуми шарифи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни нави миллӣ ва давлатӣ табрик намуда, зикр карда буд, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи  тоҷикон, инчунин ифодакунандаи  мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми  Тоҷикистон  мебошад.

Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳангу миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун ливои озодӣ, нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи халқ буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ маҳз зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ ноил гардидаанд.

Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи муттаҳидии халқу миллатҳои  сокинони ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо баҳри озодӣ дониста мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.

Дар идомаи кори конференсия сардори шӯъбаи адъюнктураи Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам дар мавзӯи «Ҷабҳаҳои ҳуқуқии қабули Парчами давлатии Тоҷикистон» баромад намуда, иброз дошт, ки тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».

Парчами миллӣ аз нишонаҳои асосии давлат буда, асосан дар биною иншоотҳои давлатӣ, инчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ, варзишию оммавӣ ва ғайра барафрохта мешавад.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯст ба ҳисоб меравад.   

Х.Солиҳов, Р.Илёсов 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3824605
ИмрӯзИмрӯз676
МоҳМоҳ24110
ХамагиХамаги3824605

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.