Конференсияи илмӣ-назарявӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори РВКД дар ВМКБ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назарявӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар  чорабинии мазкур  роҳбарият ва ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ, устодони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ, раиси ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибек Қозибеков, ходими илмии институти илмҳои гуманитарӣ Умед Мамадшерзодшоев, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ профессор Элбон Ҳоҷибеков, номзади илмҳои филологӣ Лаълҷуба Мирзоҳасанов, инчунин толибилмони мактаби Президентии шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур филми ҳуҷҷатӣ дар бораи даврони Истиқлолияти кишвар, корҳои бунёдкорию созандагӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат намоиш дода шуд.

Чорабиниро сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ҳусни оғоз бахшида, зимни баромадаш тамоми иштирокдоронро ба таҷлили ин рӯзи фирӯз табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолият ба ҳар давлат ба осонӣ муяссар намегардад. Ватани азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ монеаву мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард, вале хиради азалии тоҷикона ва ақлу иродаи созандаи фарзанди бонангу номуси миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳамдиливу хушбахтӣ оқибат тантана кунад. Таваҷҷӯҳи хоса ва баҳои мусбати Президенти кишварамон нисбат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун қувваи нерӯдиҳанда масъулияти кормандони милитсияро дучанд баланд мебардорад.

Кормандони милитсия ҷавобан ба чунин эътимод ба Савганди худ содиқ монда, дар муқобили ҳамагуна зуҳуроти ҷиноӣ дар сафи пеши мубориза меистанд, то ин ки ба боварии мардум сазовор бошанд.

Дар конференсияи илмӣ-назарявӣ устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, раиси ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибек Қозибеков баромад намуда, чунин арзёбӣ намуданд, ки таи чанд соли охир аз баракати Истиқлолият ва сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат тамоми сарзамини мо аз дурдастарин музофотҳо то шаҳру шаҳракҳо ободу зебо гардида истодаанд. Аз чунин созандагиву бунёдкориҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ки ҳатто таърих собиқа надорад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бархӯрдор аст.

Номзади илмҳои филологӣ Лаълҷуба Мирзоҳасанов зимни суханрониаш зикр намуд, ки маҳз бо шарофат ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Пешвои тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизи мо сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромӣ ва амнияту субот ҳукмфармо мебошад, ки инҳо неъматҳои беҳбаҳо мебошад ва ғамхориҳои Президенти кишварамон ба мардуми ВМКБ дар рӯзҳои душвор беандоза ва мусбӣ арзёбӣ карда мешавад.  

Мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ профессор Элбон Ҳоҷибеков аз рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, имтиҳону озмоишҳои сахту сангин,  заҳматҳои минбаъдаи роҳбари давлат дар пойдории  кишвар ва расидан ба рӯзҳои устувории пояҳои давлатдорӣ, муқаддасоти миллии кишвар, фазои мусоиди ҳаёт ибрози назар намуд.

Дар идомаи чорабинӣ толибилмони мактаби Президентии шаҳри Хоруғ дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лаҳни шево шеърҳо хонданд.

Далер Чоршанбиев

Маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3824098
ИмрӯзИмрӯз169
МоҳМоҳ23603
ХамагиХамаги3824098

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.