Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими Истиқлолияти Тоҷикистон

Дирӯз (26.08.с.2016), дар маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди Истиқлолияти Тоҷикистон»баргузор гардид. Ҳамомиши мазкур бо ташаббуси РВКД дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо профессорону олимони факултети 4-уми Академияи ВКД, бо иштироки ҳайати шахсии шуъбаҳои дастгоҳи Раёсат, роҳбарияти ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд, устодон ва шунавандагони факултети 4-уми Академияи ВКД ва собиқадорони милитсия гузаронида шуд.

Баъди ворид намудани Парчами миллӣ ба толор ва зинда сароидани Суруди миллӣ, нахуст бо сухани ифтитоҳӣ оиди мақсаду мароми конференсия генерал - майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ҳозирин маълумот дода риштаи суханро барои бурдани кори конференсия ба Назарзода Носир Ҷобир доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ супорид.

Аз муҳимияти мавзуи матраҳгардида дар остонаи ҷашни таърихӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон садри конференсия Назарзода Н.Ҷ. ба аҳли нишаст маълумот дода, номгӯи маърӯзаи баромадкунандагонро муаррифӣ кард. Ҳамин тавр дар мавзӯҳои: «Истиқлолият – муқаддастарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ»сардори РВКД дар вилояти Суғд Назарзода Ш.Р., «Саҳми мақомоти милитсияи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар»сардори факултети №4 Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назарзода Н,Ҷ., «Нақши милитсияи тоҷик дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ»сардори кафедраи ҷамъиятшиносии Академияи ВКД, номзади илмҳои фалсафа Ҷӯраев Р.З., «Роҳ ва усулҳои самараноки банақшагирии корҳои тарбиявӣ дар байни кормандонимақомоти корҳои дохилӣ дар даврони Истиқлолият» сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултаи 4-уми Академияи ВКД Муҳаммадиев Н.Б., «Истиқлолият ва дастовардҳои фарҳангии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаллими калони Донишгоҳи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдували Акбарзода баромад намуда, ба ҳозирин оиди дастовардҳои даврони Истиқлолият, марҳилаҳои таърихӣ ва нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар рушду пойдории он маълумоти саҳеҳ доданд.

Маърӯзачиён таъкид доштанд, ки бо ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон роҳи рушди худро бо эҳтироми бузург ба арзишҳои тамаддуни пешрафтаи инсоният ба сӯйи оянда, ба хотири бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва эҷоди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ интихоб карда, зина ба зина тамоми мушкилотро бо сарбаландӣ паси сар намудааст.

Нақши фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории мустақил, рушду тараққиёт ва фароҳамсозии зиндагии арзанда ба шаҳрвандони Тоҷикистон нишони олии ватандорӣ унвон карда шуд.

Сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани даҳҳо шоҳроҳу нақбҳо ва роҳҳои оҳан, нерӯгоҳҳои обӣ - барқӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, ҳазорҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра - дастовардҳои бузургу тақдирсози даврони Истиқлол ба шумор мераванд. Тоҷикистон имрӯзҳо бо қадамҳои устувор сӯи марҳилаи тозаи инкишофи хеш ва таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақил, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинонаш пеш меравад.

Нигаҳдории дастовардҳо, таъмини волоияти қонун, амнияту субот, ҳимояи ҳуқуқ ва моликияти шаҳрвандон аз вазифаҳое мебошанд, ки аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи мақомоти корҳои дохилӣ барои иҷрои он савганд ёд кардааст. Истиқлолияти давлатӣ ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилиро водор месозад, ки барои таъмини устувори пойдевори аркони давлатдорӣ тамоми саъю кӯшиши худро равона сохта, арзишҳои умумимиллии даврони истиқлолро ҳифз ва баҳри пешгирии таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароиву тундравӣ, бегонапарастӣ, таассубу таҳрибкорӣ ва ҷиноятҳои трансмиллӣ омода бошад, зикр гардид дар рафти конференсия.

Ҳамчунин аз ҷасорату далерӣ, шуҷоату мардонагии кормандони мақомоти милитсия ёдоварӣ гардида, таъкид шуд, ки хотираи неки фарзандони банангу номус ва содиқ ба савганду Ватан, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷон бохтаанд, дар таърихи мақомоти корҳои дохилӣ ва дилу дидаи мардуми тоҷик абадан боқӣ хоҳанд монд.

Баъди ҳар як маърӯза иштирокчиёни конференсия имкон доштанд ба саволҳои худ посух гиранд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ бори дигар ёдрас шуданд, ки ҳайати шахсӣ ба гузашти таърихи 25 - солаи навини давлатамон назар афканда, сабақҳои ин давраро омӯзанд ва дар мустаҳкам намудани пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуниявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд.

Акбар Шарифов, капитани милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4002335
ИмрӯзИмрӯз1255
МоҳМоҳ37594
ХамагиХамаги4002335

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.