Кушодашавии «Маркази ташхиси психофизиологӣ»

Бо иқдоми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ боз як маркази нав, яъне «Маркази ташхиси психофизиологӣ» дар назди Комисияи марказии ҳарбӣ тиббӣ ба кор шурӯъ кард. Бахшида ба кушодашавии марказ дар раёсати мазкур Мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Вазорат, меҳмонон аз хориҷу дохили кишвар ва кормандони раёсати мазкур иштирок варзиданд.

 

 

 

Чорабинии мазкурро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Нурулло Орипов ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф зимни суханронӣ аз кори масъулиятноки табибону ҳамшираҳои шафқат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба кормандони ин ниҳод такя намуда, барои интихоби кормандони солиму қавиирода, ки ҷавобгӯи талаботҳои мақомотҳои қудрати бошанд, эътимоди калон дорад.

- Марказе, ки имрӯз дар ин бахш ба кор фаъолият менамояд, боварӣ дорам дар интихоби кадрҳои хуб таъсири бениҳоят калон мерасонад ва мо барои дастгирии кормандон, мутахассисон баҳри ноил гардидан ба пешрафту дастовардҳои нав ба нав ҳамеша омода ҳастем, иброз дошт Муовини аввали Вазир.

Инчунин дар рафти Мизи мудаввар меҳмонон баромад намуда аз пешравиву дастовардҳои ВКД, аз таъсиси ин марказ дар назди Комисияи марказии ҳарбӣ-тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Қайд кардан бомаврид аст, ки бо дастгирии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ чанде пештар дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бинои нави дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД бо таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуд, ки имрӯз ҳайати шахсӣ ва пайвандони онҳо аз кӯмаку ғамхории табибон ба таври васеъ истифода мебаранд.

Тавре ба мо иброз дошт, роҳбари дармонгоҳи Комиссияи ҳарбӣ-тиббии Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Файзиниссо Нағзибекова: Хусусан кормандони мо, яъне Комиссияи ҳарбӣ-тиббии Вазорати корҳои дохилӣ миннатдории худро ба Роҳбари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориву дастгириҳои пайвастаашон ва ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов баён менамоем. Хушбахтии дигари мо кормандон дар он аст, ки бинои мо бо иштироки Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуда, маслиҳату пешниҳодҳои он сармашқи фаъолияти ояндаи мо гардид.

Кушодашавии «Маркази ташхиси психофизиологӣ»-и назди Комиссия марказии ҳарбӣ-тиббии Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели ғамхорӣ барои солимии ҳолати рӯҳӣ ва равонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббии Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 30-сол дар бинои кӯҳна ва таъмирталаб фаъолият менамуд, ки он барои фаъолияти пурсамари комиссияи мазкур мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард.

Имрӯз «Маркази ташхиси психофизиологӣ» дар назди Комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббии Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва мутахассисони болаёқат ба фаъолият оғоз намуда, бо мақсади баланд бардоштани сифати интихоби касбии тиббию психологии шаҳрвандон, барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассисаҳои таълимӣ ва қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дари худро ба рӯи онҳо боз намудааст.

 

Илёсов Р., майори милитсия

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3820584
ИмрӯзИмрӯз1117
МоҳМоҳ20089
ХамагиХамаги3820584

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.