Лоиҳа

Стратегияи

ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2013-2020

Муқаддима

Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат анҷом медиҳад, инъикос менамояд.

Стратегия аз ҷониби коршиносони миллӣ дар ҳамкории мутақобила бо Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (минбаъд - САҲА) дар Тоҷикистон, дар асоси баҳодиҳии муштараки эҳтиёҷоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тољикистон (минбаъд - ВКД), ки аз ҷониби гурӯҳи баҳодиҳии САҲА дар соли 2008 гузаронида шуда буд, инчунин Ёддошти Тафоҳуми байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА таҳия шудааст.

Стратегия ба муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, ки амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд ва ба афзалиятҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ҷавобгӯ мебошад, равона гардидааст.

Он ифодакунандаи муносибати комилан наву таъмини рушди милитсияи Тоҷикистон мебошад, ки таҷрибаи ҷаҳониро оид ба таҳия ва амалигардонии ҳамин гуна ҳуҷҷатҳои стратегӣ, сабақ ва хулосаҳои давраҳои гузаштаи милитсия, инчунин воқеияти бавуҷудомада ва дурнамои пешрафти онро дар бар мегирад.

Стратегия мутобиқи Нақшаи амалиёт оид ба ислоҳоти милитсия, ки иштирокчиёни он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор маҳсуб меёбанд, амалӣ гардонида мешавад.

Стратегия дигаргуниҳои куллиеро, ки дар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва давлат ба амал меоянд, дар бар мегирад ва пешбинӣ менамояд.

Дар давоми зиёда аз 20 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба вуқӯъ омад. Аслан ин тағйирот маънии ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро дорад. Системаи ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта истодааст, мувофиқан амалияи тақвияти ҳуқуқ низ дигаргун шуда истодааст. Айни замон дар Тоҷикистон марҳилаи дуюми ислоҳоти судию ҳуқуқӣ, ки ба таъмини волоияти қонун ва тақвияти қонуният, демократизатсия ва либерализатсияи пай дар пайи соҳаи судию ҳуқуқӣ, тақвияти ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон амалӣ шуда истодааст.

Милитсия яке аз ҷузъи асосӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Тағйироте, ки дар фаъолияти судҳо, мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ворид карда мешавад, ҳатман ба хусусияти фаъолияти қисмҳои дигари ин система, аз ҷумла ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва пеш аз ҳама, милитсия таъсир хоҳанд расонд. Аммо таҷрибаи мавҷудаи кори ин сохторҳо метавонад таъсири мусбии ислоҳоти судию ҳуқуқиро маҳдуд намояд. Аз ин сабаб ислоҳоти судию ҳуқуқӣ бояд ҳамзамон бо ислоҳот ва рушди милитсия, инчунин унсурҳои дигари системаи ҳифзи ҳуқуқ сурат гирад.

Ислоҳоти милитсия бояд қадами аввалине бошад, ки бо тағйироти муносиб дар фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ илова ва мукаммал гардонида шавад. 

Ҳадаф ва вазифаҳои ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон

Мазмуни ҳадафҳои ислоҳоти милитсия аз он вобастагӣ дорад, ки нақши он дар ҷомеаи имрӯза чӣ тавр фаҳмида мешавад. Муносибатҳои муосир ба сифати вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои манфии ҷинояткорӣ, инчунин ба вуҷуд овардан ва нигоҳ доштани муҳити иҷтимоии бехатарро пеш меоранд. Қобили қайд аст, ки чунин муносибат ба талаботи асосии ҷомеаи Тоҷикистон мувофиқат мекунад ва инро натиҷаҳои пурсишҳои афкори ҷомеа тасдиқ мекунанд. Дар иртибот бо ин, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва нигоҳдории муҳити иҷтимоии бехатар бояд дар натиҷаи ислоҳоти милитсия яке аз афзалиятҳои асосӣ дар фаъолияти милитсия гарданд.

Тахмин меравад, ки афзалиятнок гардонидани вазифаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо бояд дар сохтори ташкилии милитсия, дар системаи баҳодиҳии фаъолияти он, дар системаи тайёрии касбӣ, инчунин дар усулҳои кории он инъикос ёбад. Мувофиқан зарур аст, ки чунин механизму расмияте ба вуҷуд оварда шаванд, ки дар доираи онҳо милитсия ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои иҷтимоӣ ва дигар хадамот кӯшишҳоро ҷиҳати нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва амният ба нақша гирифта тавонанду онҳоро амалӣ гардонанд.

Ба сифати яке аз меъёрҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти милитсия дар таъмини амнияти шаҳрвандон чунин нишондиҳандаҳо, ба монанди паст кардани сатҳи қурбонишавӣ (виктимизатсия), коҳиш додани тарси ҷабр дидан аз ҷиноят, беҳтар гардонидани ақидаи шаҳрвандон нисбат ба кори милитсия мусоидат менамоянд, ба инобат гирифта мешавад.

Масъалагузорӣ ва ҳалли вазифаҳои профилактикӣ ҳамкории мутақобилаи зичро бо аҳолӣ пешбинӣ менамояд, ки он ҳамчун манбаи иттилоот дар бораи вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамчун субъекте, ки ба амалигардонии тадбирҳои муайян ҷиҳати нигоҳдории тартибот ва амният қодир аст, мебошад. Бояд роҳҳои коммуникатсионие ба вуҷуд  оварда шаванд, ки аз як тараф, барои аҳолӣ имконияти аз милитсия гирифтани иттилооти барои таҳияи стратегияи инфиродии рафтори бехатар зарурбударо фароҳам оранд ва аз тарафи дигар, ба шаҳрвандон имкон диҳанд, ки ноҳаросида дар бораи таҳдидҳо ба амният хабар дода, дар ташаккулдиҳии вазифаҳои афзалиятнок оид ба нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намоянд.

Асоси муваффақияти профилактикаи ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мувофиқати чораҳои профилактикӣ ба шароити маҳаллӣ мебошад, зеро татбиқи чораҳои профилактикии якхела дар ҳудуди тамоми кишвар натиҷаи дилхоҳ намебахшад. Ҷузъу томҳои милитсия дар ҷойҳо бояд озодии интихоби шаклу усулҳои кореро, ки барои ҳудуди мазкур самаранок мебошанд, инчунин имконияти интихоб намудани шаклҳои мувофиқтари ҳамкории мутақобила бо шаҳрвандон, сохторҳои давлатии марказиву маҳаллиро дошта бошанд.

Баланд бардоштани аҳамияти кори профилактикӣ дар фаъолияти милитсия набояд боиси истиснои нақши он дар эътино намудан ба ҷиноятҳои содиршуда гардад. Дар ин робита, ин кор бояд ба баланд бардоштани сатҳи ҳимоя ва барқарорсозии ҳуқуқҳои шахсоне, ки аз тааррузи ҷиноятӣ ҷабр дидаанд, нигаронида шуда бошад. Аввалиндараҷа будани вазифаи ҳимояи шахсони аз ҷиноят ҷабрдида тақвият додани корро ҷиҳати таъмини амнияти ҷабрдидагон ва наздикони онҳо дар сурати сар задани таҳдидҳо, фароҳам овардани шароитҳоеро, ки ҷабрдидагонро ба ҳамкорӣ намудан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ водор месозанд, инчунин таъмини амалигардонии ҳуқуқҳои мурофиавии ҷабрдидагон ва иштироки самараноки онҳоро дар расмиёти ҳуқуқӣ тақозо менамояд. Чун дар мавриди пешгирии (профилактикаи) ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо, ин ҳадаф бояд ба таври мутаносиб дар системаи баҳодиҳии кори воҳидҳои милитсия, дар сохтори ташкилӣ, инчунин дар усулҳои кори он инъикоси худро ёбад.

Пешгирии (профилактикаи) вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро аз тарафи кормандони милитсия низ ҳамчун яке аз ҳадафҳои ислоҳот арзёбӣ намудан зарур аст. Мувофиқан он ҷанбаҳои ташкили кори милитсияро, ки бештар ба сатҳи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла системаи баҳодиҳии кори воҳидҳои милитсия, системаи пардохти музди меҳнат, системаи тайёрии касбӣ ва системаи ҷавобгарии милитсионерон таъсир мерасонанд, тасҳеҳ намудан зарур аст.

Таъмини амнияти ҷамъият ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон бо назардошти чашмдоштҳои аҳолӣ (онҳо) аз кори милитсия бояд вазифаи асосии милитсия дар ҷойҳо бошад. Фаъолияти милитсия бояд бо назардошти хусусиятҳо ва эҳтиёҷоти воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ба нақша гирифта шуда, ба амал бароварда шавад. Вазифаҳои асосӣ инҳо мебошанд: таъмини амнияти шахсият, амнияти муҳити маҳаллӣ, профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо, ошкор кардан, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳо. Профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо ва фароҳам овардани муҳити мусоиду бехатар дар воҳиди маъмурию ҳудудӣ бояд самти афзалиятноки фаъолияти милитсия дар ҷойҳо қарор дода шавад. Ҳалли ин вазифаҳо бояд дар ҳамкории мутақобила бо дигар хадамот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо амалӣ карда шавад.

Ислоҳот ба он равона гардидааст, ки дар шуури ҷомеа симои  иҷтимоии куллан нави корманди милитсияе, ки аз амалҳои коррупсионӣ орӣ аст ва ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон аст, ташаккул дода шавад.

Дар иртибот бо ин гуфтаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки барномаи фарогири ислоҳоти милитсияро барои манфиати халқи Тоҷикистон оғоз намояд. Барномаи ислоҳоти мазкур аз нигоҳи тартиботи ҳуқуқии оянда дар Тоҷикистон, ки се принсипи роҳбарикунанда: ҳисоботдиҳӣ, мувофиқат ва тамоюл ба ҷомеаро дар бар мегирад, асос меёбад. Ин принсипҳо ҳадафҳои умумии раванди ислоҳотро муайян намуда, марҳилаҳои минбаъдаи банақшагирӣ ва амалигардонии стратегияи ислоҳотро ташаккул медиҳанд.

Принсипи якуми тартиботи ҳуқуқии демократӣ ин ҳисоботдиҳӣ мебошад, ки тарзи амал ё усулест, ки хадамоти милитсияи Тоҷикистон бояд онро дар фаъолияти худ кор фармояд. Шарти ҳисоботдиҳӣ фақат риоя намудани муносибати мартаботи (субординатсияи) як шахс, гурӯҳи шахсон ё ташкилот ба дигараш аст. Чунин муносибатҳои мутақобила, ки ба ӯҳдадории ҳуқуқӣ асос ёфтаанд ва бо муносибат нисбати ӯҳдадориҳо, талабот ба шахсони зердаст оиди пешниҳоди ҳисобот дар бораи фаъолияти худ ба шахси дигар муайян карда мешаванд, аз рӯи зарурат тарзи амалисозии намудҳои муайяни фаъолияти онҳоро асоснок менамоянд. Барои ин зарур аст, ки хадамоти милитсия дар сатҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва ташкилӣ ба волоияти қонун, ҷамъият ва институтҳои ҳуқуқие, ки барои санҷиш ва назоратбарӣ масъул аст, тобеъ бошад.

Принсипи мазкур зарур буда, вазифаи ҳар як воҳиди милитсия мебошад. Дар сатҳи корпоративӣ ё инфиродӣ милитсия бояд фаъолияти худро мутобиқи талаботи қонун амалӣ намояд. Мувофиқи ин принсип милитсия бояд риояи қонунҳо, интизом, мувофиқат бо принсипҳои шаффофият ва мустақилиро намоиш диҳад. Хадамоти милитсияи демократӣ ва ҳисоботдиҳанда на танҳо барои татбиқи ҳуқуқ мекўшад, балки худаш ҳам бояд дар мувофиқати пурра бо қонун амал намояд. Қонун дар ҷамъияте, ки ба волоияти ҳуқуқ асос ёфтааст, ба ҳамаи шаҳрвандон баробар татбиқшаванда буда, бинобар ин, афсарону кормандони қатории милитсия ба монанди ҳамаи шаҳрвандон бояд барои амалҳои худ масъулияти шахсӣ дошта бошанд ва ҳамаи меъёрҳои қонунро пурра иҷро намоянд. Риояи ҳуқуқи инсон ва эҳтимолияти бегуноҳӣ (презумпсия) таҳкурсии муҳими фаъолияти боадолат ва холисонаи милитсия дар чорчӯбаи системаи адолати судӣ-ҷиноӣ ва маъмурӣ мебошад.

Принсипи дуюм, мувофиқат, маънои аз рӯи мақсад будани мувофиқати аниқ (дақиқ) байни арзишҳои милитсия ва ҷамъияте, ки милитсия дар он фаъолияти худро анҷом медиҳад, дорад.

Дар асоси чунин мувофиқат зарурати он ҳаст, ки милитсия ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро бо аҳли ҷамъият таъмин намояд, чунки тартиботи ҳуқуқӣ беҳтар аз ҳама бо розигии аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Кормандони милитсия эҳтиром ва боварии аксариятро барои аз тарафи қонун ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда талаб мекунанд, аммо дар ҷамъияти демократӣ бошад эҳтиромро сазовор шудан лозим аст. Дар ҷамъияти Тоҷикистон эҳтиром ва бовариро тавассути сохторҳои ташкилие, ки ба афзоиши боварии байни милитсия ва ҷамъият, инчунин барои сатҳи баланди касбият, кӯмак мерасонанд, ба даст овардан мумкин аст.

Ба сифати чунин сохторҳо дар сатҳи маҳаллӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ оиди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо таъсири мутақобилаи милитсия, ки дар маҳаллаҳо, дар ҳар як воҳиди маъмурию ҳудудӣ дар сатҳи миллӣ – Шӯрои ҷамъиятӣ дар дохили (таркиби) Гурӯҳи идораи ислоҳоти милитсия ташкил дода мешаванд.

Дар чорчӯбаи ислоҳот нињоят муҳим аст, ки хидмати милитсия ҷамъиятеро, ки ба он хидмат мекунад, инъикос намояд. Ҳайати шахсии  милитсияи Тоҷикистон, ҳам афсарӣ, ҳам қаторӣ бояд ҳадди аксари табақаҳои ҷамъиятро инъикос намояд. Ин кор таъмини мутобиќи сифатҳои касбӣ ва ниёз (талабот) ба мутахассисон дар воҳиди минтақавии мушаххас бо дарназардошти имконоти ҳалли талаботи иҷтимоӣ ба хадамот/хизмат гирифтанро тақозо менамояд. Гузаронидани бакоргирии кормандонро аз ҳисоби хатмкунандагони тамоми мактабҳои олӣ, ҷавонон аз рӯи хислатномаҳои шахсӣ ва касбӣ ҷорӣ намудан лозим аст.

Милитсияи Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии масъалаи фасодро дар ҳамаи сатҳҳо ҳал менамояд. Таҷрибаи фасоди аз тарафи кормандони алоҳида истифода бурдани вазифа бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ боварии ҷамъиятро ба поктинатии тамоми ҷузъу томи милитсия сахт коста месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон коррупсияро дар милитсия ҳамчун хатари воқеӣ ба демократия, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон меҳисобанд, барои ҳамин усул ва олотҳои нави муборизаро бо коррупсия меофаранд ва ҷорӣ менамоянд.

Дигаргуниҳои назаррас дар фарҳанги тартиботи ҳуқуқӣ назар ба дигар хислатномаҳои ҷараён зиёдтар баҳои танқидии ислоҳотро барои аҳли ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Фарҳанги тартибоуи ҳуқуқӣ арзишҳои бартариятдошта, муносибат ва симои коллективии милитсияро инъикос менамояд. Ин ба рафтор дар ҷои кор ва ахлоқи афсарону кормандони қатории милитсия тааллуқ дорад. Афсарон ва кормандони қатории милитсияи Тоҷикистон арзишҳои худро ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои худ ошкор менамоянд, пас, натиҷаи кори онҳо нишондиҳандаи муҳими тағйиротҳо дар ташкили хизмати милитсия мебошад.

Тамоюл (самтмуайянкунӣ) ба ҷомеа ба дараҷае тааллуқ дорад, ки дар он ташкили хизмати милитсияи Тоҷикистон ба талаботи ҷомеа нигаронида шудааст. Хадамоти ба ҷомеа нигаронидашуда муваффақиятро бо дараҷае андозагирӣ менамояд, ки дар он дастовардҳо ва натиҷааш талаботи ҷомеаро қаноатманд менамояд. Ин принсип талаб мекунад, ки ташкили хадамот ба пешниҳоди хадамот оиди таъмини вазифаҳо нигаронида шавад, яъне тавоноии мустақилона муайян намудан ва иҷрои фаъолияти фаврӣ-хизматиро дошта бошад, барои ин дорои ваколатҳои мустақил бошад ва ба мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва трансмиллӣ зиёдтар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Таҳвили ваколатҳо оиди идора ба сатҳи маҳаллӣ ҷараёни қабули қарорҳоро нисбати масъалаҳое, ки ба ҷомеа таъсир мерасонанд, тақвият медиҳад, ҳамзамон сохтори ягонаи ташкилиро дастгирӣ менамояд.

Вобаста ба эҳтиёҷоти ҷомеа ва милитсия дар ҳама марҳилаҳои давраи ислоҳот вазифаҳои стратегии асосӣ инҳо мебошанд:

1. Баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ бо роҳи ҷорӣ намудани системаҳои пешрафтаи таълим, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кормандон.

2. Тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва мувофиқан баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия.

3. Ихтисори такроршавии функсияҳо;

4. Таҷдиди сохтори ташкилию идоракунӣ.

5. Ба дигар идораҳо таҳвил додани функсияҳои хоснабуда (номахсус).

6. Коҳиш додани хатар ва омилҳои коррупсионии ҷойҳои корӣ ва мансабҳо.

7. Беҳтаргардонии сатҳи маблағгузорӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнати кормандони милитсия бо назардошти муҳимият, хавфнокӣ, мураккабӣ ва вазнинии вазифаҳои аз тарафи милитсия иҷрошаванда.

8. Такмили асосҳои қонунгузорӣ.

Асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ислоҳоти

милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои расидан ба ҳадафҳо ва ҳалли вазифаҳои дар Стратегия муайяншаванда ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқии дахлдорро тақозо менамояд.

Мутобиқи муқаррароти Стратегияи мазкур ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба такмили механизмҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии дар амалигардонии самтҳои афзалиятноки ислоҳоти милитсия равона шудаанд, зарур мебошад. Дар ин робита гузаронидани баҳодиҳии қонунҳо, низомномаҳо, дастурамалу фармонҳои амалкунандае, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ба танзим медароранд, ҷиҳати  мувофиқати талаботи онҳо ба тағйироти дар мақомоти корҳои дохилӣ суратгирифта, ки пеш аз ҳама ба ҳимояи шаҳрвандон ва ҳуқуқҳои онҳо, рушди мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун институти демократӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудаанд, зарур мебошад.

Бояд вобастагии мутақобилаи ислоҳоти милитсия, адолати судии ҷиноӣ, ислоҳоти маъмурӣ ва ислоҳоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ таъмин карда шавад: ислоҳоти милитсия дар доираи тасҳеҳи сиёсати давлат дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба амал омада, ба бофтори ислоҳоти маъмурӣ ва судию ҳуқуқӣ ворид карда шудааст, ҳамчунин хусусиятҳои ҳолати кунунии иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ, инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Бояд таҳлил ва баҳисобгирии стандартҳои муосири фаъолияти милитсия ва ислоҳоти он дар дигар давлатҳо анҷом дода шавад. Хангоми ислоҳоти милитсия стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи политсия, таҷрибаи давлатҳои дигар, аз он ҷумла давлатҳое, ки дар онҳо ба наздикӣ ислоҳоти дахлдор гузаронида шудааст, ба назар гирифта мешаванд.

Раванди ислоҳоти милитсия бояд шаффоф ва оммавӣ бошад. Он ба вуҷуд овардани механизмҳои гуногунеро, ки муҳокимаи ошкоро ва оммавиро дар тамоми давраи ислоҳот нигоҳ медоранд, пешбинӣ менамояд. Доираи муҳокимарониҳо ва қабули қарорҳо бояд ба шаҳрвандон имконияти мустақиман ё бавосита иштирок намудан дар муҳокимаи рафти ислоҳот дар марҳилаҳои гуногуни он, имконияти ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани хоҳишҳо ва пешниҳодоти худро вобаста ба ин мавзӯъ, имконияти назоратбарии баҳисобгирии дархости ҷамъиятиро нисбат ба ислоҳоти милитсия фароҳам орад.

Ислоҳот муқаррарсозии марҳилаҳоро бо нишон додани мӯҳлат ва натиҷаҳои пешбинишуда амалӣ менамояд. Дар марҳилаи аввал омода намудани Қонун «Дар бораи политсия», ки қабули он боиси ба вуҷуд омадани тағйирот дар номи милитсия, муайянсозии функсия ва вазифаҳои асосии милитсия, тағйирёбии сиёсати кадрӣ, ки дар фосилаи кӯтоҳи вақт гузаронида мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин маврид принсипҳои зерин бояд таъмин карда шаванд:

Принcипи мустақилияти милитсия, ин ҳангоми иҷрои вазифаи хизмат милитсия танҳо ба Қонун итоат менамояд. Тартиби озмунии таъин намудан ба вазифаҳо дар милитсия ҷорӣ карда мешавад. Меъёрҳои нави интихоби кормандон барои онҳое, ки нав ба хизмат дар милитсия ворид мешаванд, таҳия гардида, системаи ба вазифаҳои холӣ таъин намудан (эълон дар бораи вазифаи холӣ, таъмини иштироки ҳамаи хоҳишмандон дар интихоби озмунӣ, омӯзиши пешакии парвандаи шахсӣ, интихоби озмунӣ ва таъин намудан ба вазифа) ба роҳ монда мешавад. Шаффофият дар пуррагардонии ҳайати шахсӣ ба он мусоидат менамояд, ки корманди милитсия бо худтакмилдиҳии доимӣ – баланд бардоштани маҳорати касбии худ машғул мешавад.

Пешравӣ аз рӯи хизмат бояд ба ҳавасмандгардонии ташаббус, озодандешии пешрафта, ба сабқат ва сифатҳои шахсӣ асос ёбад. Боварии ҷамъият ба маҳорати касбӣ ва мустақилияти кормандони милитсия ба афзудани нуфузи милитсия оварда мерасонад.

Меъёрҳои одобу ахлоқ бояд қисми ҷудонопазири фаъолияти касбии корманди мақомоти корҳои дохилӣ гарданд. Дар иртибот бо ин, муҳокимаи васеъ ва қабули кодекси одоб, ки дар мисоли «Кодекси аврупоии одоби полис (политсия)» ва кодексҳои одоби политсияи кишварҳои дигар асос ёфтааст, зарур шуморида мешавад.

Принсипи иштироки ҷамъиятӣ дар фаъолияти милитсия: ба вуҷуд овардани милитсияи барои шаҳрвандон кушода (шаффоф), таҳияи механизмҳо ва таъмини иштироки ҷомеаро чӣ дар вазифагузорӣ дар назди милитсия ва чӣ дар баҳодиҳии иҷроиши онҳо пешбинӣ менамояд. Бахусус, ҷомеа бояд хароҷоти асосии буҷетӣ оид ба маблағгузории милитсия, аз ҷумла оид ба таъминоти пулии кормандони милитсияи ҳама сатҳро донад.

Ғайр аз ин, зарур аст:

- тамоми милитсия бо иттилооти аёнӣ дар бораи ҳуқуқҳои дастгиршудагон ва ҳуқуқҳои инсон ба пуррагӣ (дар тамоми МВКД ҷорӣ намудани иттилооти аёнӣ дар бораи ҳуқуқҳои дастгиршудагон ва одоби муошират бо шаҳрвандон) таъмин карда шаванд;

- ҳамаи зерсанадҳои меъёрие, ки ҳуқуқҳои инсонро маҳдуд мекунанд, интишор карда шаванд;

- барои аҳолӣ шаффофият ва дастрасӣ ба иттилооти ҳисоботии милитсияи ҳама сатҳ таъмин карда шавад;

- шаффофияти ҷисмонии қисмҳои навбатдорӣ, ҳамаи шӯъбаю бахшҳои милитсияе, ки дар онҳо робитаи мустақими кормандони милитсия бо шаҳрвандон сурат мегирад, таъмин карда шавад;

- дар кӯчаҳои нуқтаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон зерсохтори нишонаҳо ва эълонҳо дар бораи маҳалли ҷойгиршавии шӯъбачаҳои наздиктарини милитсия ба роҳ монда шавад. Дастрасии аҳолӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВКД,  ба ғайр аз он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, таъмин карда шавад;

- бо мақсади эмин гардонидани кормандони милитсия ва шаҳрвандон аз даъвоҳои мутақобила ва имконоти содир намудани ҷиноят аз ҳар ду ҷониб, системаи мушоҳидаи видеоии фаъолияти милитсия дар дохили биноҳои милитсия дар амал ҷорӣ карда шавад.

Принсипи тақсимоти (ҷудокунии) функсияҳо ва истиснои функсияҳои такроршаванда: ба таври мушаххас тақсим кардани функсияҳоро байни мақомоти давлатии гуногун пешбинӣ менамояд. Аз системаи милитсия бояд функсияҳое, ки вазифаҳои дигар идораҳоро такрор мекунанд, истисно карда шаванд. Дар баробари ин, функсияҳои назоратбарии фаъолияти ин идораҳо ба зиммаи ВКД вогузоршуда боқӣ хоҳанд монд. Ҳамзамон, бо назардошти вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва шароитҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бояд тамомият (томӣ, комилӣ) ва ягонагии системаи ВКД дар ҳамбастагии сурати мувофиқати тобеияти амудӣ бо васеъгардонии мустақилияти мақомоту воҳидҳои поёнии милитсия, ки ба тақсимоти босамари ҳаҷми функсияҳо, мушаххасгардонии онҳо ва тақсимот байни ҳалқаҳои гуногуни система асос ёфтааст, таъмин карда шаванд.

Дар гузаронидани ислоҳоти милитсия бояд муносибати ғайриидоравӣ таъмин карда шавад, яъне барои банақшагирӣ амалигардонӣ ва натиҷаҳои ислоҳот Ҳукумат масъул аст.

Ҳамкории мутақобилаи милитсия бо аҳолӣ, ҷомеаи

шаҳрвандӣ,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва  воситаҳои

ахбори омма 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хоҳони фаро гирифтани ғояи мутобиқати фаъолияти милитсия ба манфиатҳои ҷомеа зери шиори «Милитсия – ин халқ (мардум) аст ва (мардум) халқ - ин милитсия» мебошад. Ин ҷумлаи ба назари аввал оддӣ моҳияти принсипи мутобиқатро ба тартиботи ҳуқуқии демократӣ ифода менамояд. Ин мутобиқат сифати муҳими муносибатҳои мутақобилаи афсарон ва кормандони қатории милитсияро бо ҷомеае, ки ба он хизмат мекунанд ва бахусус, қобилияти онҳоро дар нишон додан ва ҳимоя намудани арзишҳои ҷомеа дар он соҳаҳое, ки ба тартиботи ҳуқуқӣ дахл доранд, тавсиф медиҳад.

Милитсияи Тоҷикистон бояд то ҳадди аксар барои аҳли ҷомеа шаффоф бошад, зеро омодагӣ ба ифшои иттилоот, ба истиснои иттилооти махфӣ ва пинҳонӣ, дар бораи фаъолияти милитсия барои таъмин намудани боварии ҷамъият муҳим аст.

Воситаҳои ахбори омма (минбаъд ВАО) – ин оинае  мебошад, ки дар он тамоми равандҳои дар ҷомеаи демократӣ ба вуқӯъоянда, ки Тоҷикистон аз шумули он аст, инъикос меёбанд. Қатъи назар кардан аз андешаҳои танқидии ВАО дар фаъолияти мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ  ва нодуруст тафсир кардан ё ба эътибор нагирифтани он ҷоиз нест. Бинобар ин, доштани маданияти ошкоро дар муносибати байни милитсия ва ВАО зарур аст, ки онро бояд, ба воситаи гузаронидани омӯзишҳо барои афсарон оид ба кор бо ВАО ва инчунин мушаххас муайян намудани нақши намояндагони милитсия оид ба ҳамкории мутақобила бо аҳли ҷомеа, таъмин намуд.

Дар ҷомеаи демократию мутамаддини муосир хизмат дар милитсия ақлу хиради комил, фарҳанги ботинӣ, қавииродагию далерӣ ва пеш аз ҳама, хоҳиши сидқан хизмат намуданро ба шаҳрвандон ва манфиати шахсият, давлат ва ҷомеа дар умум талаб менамояд. Милитсия бояд сатҳи зиндагии (орому осоиштаи) шаҳрвандонро беҳтар гардонад, аз ҷумла: ҳангоми зарурат аз усулу воситаҳои қудратии кофӣ истифода барад; ҳолатҳоеро, ки дар онҳо ба кор бурдани маҷбуркунии ғайрирасмӣ дар шакли тавсия додан ё огоҳ кардан ба ҷойи ҳабс ё таъқиб зарур аст, фарқ карда тавонанд; ҳамеша бидуни таассуб (бе гумони бад), бо ҳисси ҳамдардӣ дар таносуб будан бо шаҳрвандон ҳамчун аъзои оила худ ва мувофиқи стандартҳои этикии баландтарин ба қадри имкон амал намоянд.

Милитсия бояд ба хадамоти хизматрасонии шабонарӯзии мунтазам бо доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мубаддал гардад. Аз ҷониби милитсия пешниҳод намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва психологӣ, ҷустуҷӯи одамони гумшуда, кӯмак ба ронандагоне, ки дар роҳ дар вазъияти душвор мондаанд ва ҳатто наҷот додани ҳайвонотро пешбинӣ менамояд. Ғайр аз ин, аз ҷониби милитсия нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти зеринро дар бар мегирад: дахолати ҳуқуқӣ, психологӣ ва педагогӣ; ҳал кардани низоъҳои оилавӣ ва маишӣ; таъмини ҳаракати нақлиёт; назоратбарии ғавғо (таъмини оромӣ) ва таъмини амнияти экологӣ; барканор/дур намудани вайронкунандагони тартибот аз ҷойҳои ҷамъиятӣ.

Бо мақсади муваффақ шудан ба интизориҳои ҷомеа хадамоти милитсия бояд фаъолона бо ҷамъият баҳри муайян намудани афкори/фикри онҳо дар муошират бошанд. Милитсия бояд тартиботи ҷамъиятиро ба тавре, ки онро худи ҷамъияти ҳифзшаванда хоҳон аст, ҳифз намояд.

Ҷузъи муҳими табдил додани милитсия ба «хизмат барои (хадамоти) мардум» ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ҳокимияти иҷроия пешниҳод намудани имконияти фаъолона иштирок кардан дар баррасии масъалаҳои ба амнияти онҳо ва тартиботи ҳуқуқӣ дахлдошта мебошад (аз он ҷумла, аҳолии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, биноҳои истиқоматии серҳуҷрагӣ оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ барои худ тадбирҳо амалӣ менамоянд, масалан – дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани ӯҳдадориҳои волидайн, мубориза бар зидди беназоратии кӯдакон, вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, вайронкунии меъёрҳои ахлоқ, муносибатҳои мутақобила ва ғайра, ки ба он аҳолии мутеи Қонун манфиатдор аст). Ин амал ба эътироф намудани он, ки дар сурати дар алоҳидагӣ амал намудан, милитсия дар танҳогӣ ба пурра ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти ба амнияти аҳолӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа монеъшаванда қодир нест ва он ба робитаҳои корӣ бо аҳолӣ манфиатдор аст, асос ёфтааст. Аммо ин гуфта маънои онро надорад, ки ҷомеа ба як қисми хизмати милитсия табдил меёбад, балки сухан дар бораи таъсис додани форуме (анҷумане) меравад, ки ба гурӯҳҳои аҳолӣ имконияти саҳмгузор шудан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар нуқтаи аҳолинишин ва муайянсозии масъалаҳоеро, ки амниятро таъмин мекунанд, фароҳам меорад. Ҳар як ҳолати эътино намудан ба ҳуқуқи поймолшуда ва барқарорсозии он омили афзункунандаи иқтидори (потенсиали) ҳамкории милитсия ва аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Ба ғайр аз шаклҳои дар амалия ҷамъоваришуда (андўхташуда) ва санҷидашудаи фаъолияти оперативӣ-хизматӣ вобаста ба ҳамкории мутақобила бо ҷомеа (дружинаҳои ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии ошкоро, ғайриошкоро ва дигарон) дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва РКД дар вилоятҳо Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис хоҳанд ёфт.

Инчунин дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо иштироки ташкилотҳои манфиатдор Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа таъсис дода мешавад, ки ба он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз қабили ҳуқуқшиносон, адвокатҳо ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил карда мешаванд, муносибати мутақобиларо (ҳамкориро) байни милитсия ва ҷомеа инкишоф дода, мушкилиҳои ҷомеаро барои пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва таъмини амният барои беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ ҳал менамояд.

Ҳудудгузории   (тақсимоти)    ваколатҳои   милитсия,

муқаррарсозии салоҳияти он дар системаи мақомоти

ҳокимият ва идораи давлатӣ

Милитсияи Тоҷикистон фаъолияти худро зери роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ менамояд.

Вазорати корҳои дохилӣ барои милитсия ҷиҳати иҷрои газифаҳои бо Қонун муайяншуда, ки он (милитсия) барои онҳо пурра ҷавобгар аст, мустақилияти кофии фаврӣ-хизматиро таъмин менамояд.

Вазорати корҳои дохилӣ зарур мешуморад то милитсия фаъолияти худро ба воситаи сохторҳои муайяни идоракунӣ тарзе амалӣ намояд, ки ҳамеша муайян намудани он ки кадом шахси роҳбарикунанда дар ниҳояти кор барои амалҳо ва камбудиҳои ҳайати шахсӣ ҷавобгар аст, имконпазир бошад. Гарчанде вазорат принсипи асосиеро, ки тибқи он тамом/ҳамаи ҳайати шахсӣ барои амалҳои худ ҷавобгар аст, ба эътибор мегирад, ҳамчунин далелеро, ки афсарони вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғолнамуда барои додани фармону дастурҳо ҷавобгар хоҳанд буд, эътироф менамояд. Роҳбарон бояд дар баробари афсарон ва кормандони қаторӣ, ки бевосита фармоишотро бе истисно дар ҳама ҳолатҳо иҷро менамоянд, ҷавобгар бошанд.

Вазорат сохтори идоракунӣ/роҳбариеро таъсис медиҳад, ки барои самаранок амалӣ намудани назорати амалҳои кормандони милитсия имкон медиҳад. Дар иртибот бо ин, афсарон ва кормандони қатории милитсия фармонҳои роҳбарони худро иҷро мекунанд, вале онҳо (афсарон ва кормандон) вазифадоранд аз иҷрои фармонҳои мухолифи Қонун ба мисли поймол гардидани шаъну шарафи инсон ва хатари ҳаёти инсонро дорад, худдорӣ намоянд. Афсарон ва кормандон вазифадоранд дар бораи чунин фармонҳои ғайриқонунӣ бидуни (бе) андешаи муҷозот дар кадом шакле набошад, хабар диҳанд.

Вазорат аз пинҳон доштани ҷавобгарии шахсии афсарон ва кормандони қаторӣ аз ҷониби сохторҳои милитсия барои поймол намудани ҳуқуқҳои инсон ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ канораҷӯӣ намуда, ҳар як ҳолати поймол гардидани ҳуқуқи инсонро бо ҷамъият муҳокима менамояд. Мустақилияти фаврӣ-хизматии милитсияи Тоҷикистон масъулияти махсусро дар бар мегирад: кормандон бояд барои амалҳои худ, хоҳ он додани фармон бошад ва хоҳ иҷрои фармон ё амал бо ташаббуси худ, ҷавобгар бошанд.

Дар доираи фаъолияти мазкур Вазорат воҳидҳои милитсияеро, ки корозмудагиро (маҳорати кориро) дар милитсияи Тоҷикистон тақвият ва инкишоф медиҳанд, таъсис медиҳад. Аз воҳидҳо низ талаб карда мешавад, ки хадамоти милитсияро ҳамчун маќомоти шаффофи хизмати давлатӣ инкишоф диҳанд. Вазорати корҳои дохилӣ хусусияти фарқкунандаи милитсияи Тоҷикистонро ҳамчун қисми ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид намуда, дар баробари ин хусусиятҳои ба мақомоти нигоҳдорандаи тартиботи ҳуқуқӣ ва дорои ваколатҳои татбиқи ҳуқуқ хосбударо нигоҳ медорад. Дар ин маврид милитсия аз функсия ва вазифаҳои Қувваҳои мусаллаҳ фарқ карда, ҳамчун ҷузъи системаи адолати ҷиноятӣ, ки мақсади он аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ иборат мебошад, ташаккул меёбад. Барои ноил шудан ба муваффақият дар ин соҳаҳо, милитсия то андозае, ки имкон дорад, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамгироӣ менамояд ва кормандони он худро ҳамчун «шаҳрвандон дар либоси расмии махсус ва дорои ваколатҳои махсус» хоҳанд дид.

Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният бо тамоми мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориҳо менамояд ва дар ҳолатҳои зарур амалҳои мутақобиларо анҷом медиҳад. Ҳамзамон Вазорати корҳои дохилӣ (функсияҳои ба худ хоснабударо ба вазорату идораҳои соҳавӣ таҳвил дода), ҷалби кормандони милитсияро ба иҷрои танҳо функсияҳои мустақиман бо Қонун пешбинишударо танзим хоҳад кард.

Салоҳияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зеринро дар бар хоҳад гирифт:

- тақсимоти буҷети милитсия, назоратбарии музди меҳнат ва маблағгузории (инвеститсияи) милитсияи Тоҷикистон;

- таъин намудани роҳбарони воҳидҳои марказӣ ва минтақавии милитсия;

- таҳияи стратегияҳои миллӣ оид ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди терроризм, фасод, ҷиноятҳои муташаккил ва махсусан хавфнок, хариду фурӯши одамон ва маводи нашъаовар ва дигар масоили амният, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа (қарор гирифтааст) мебошанд, мутобиқи афзалиятҳои давлат дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ;

- рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои терроризм, ҷинояткории муташаккил ва фаромарзӣ, хариду фурӯши одамон, инчунин дар баррасии масоили ба милитсия дахлдошта;

- қабули дастурҳо оид ба масъалаҳои инкишоф, принсипҳои асосии ташкилӣ, кадрӣ ва ғайраи кори милитсияи Тоҷикистон;

- роҳбарони милитсия (бо тартиби муқарраргардида) дар назди роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси доимӣ ва бо талаби махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи кори милитсияи Тоҷикистон ва тамоми масоиле, ки иҷроишашон ба доираи ӯҳдадориҳои онҳо дохил мешавад, ҳисобот медиҳанд;

- Вазорати корҳои дохилӣ ҳисоботдиҳии милитсияро аз номи ҷамъият ва давлат таъмин намуда, таъмини кори самаранок ва натиҷабахшро барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, талаб менамояд. Вазорат ин функсияҳоро ба воситаи Сарраёсатҳо, раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат ба иҷро мерасонад.

Сохтори мақомоти милитсия. Идоракунии милитсия

Идоракунии милитсия ва сохти дастгоҳи ташкилию сохтории он мутобиқи се сатҳи салоҳияти маъмурию ташкилӣ амалӣ карда мешавад:

Сатҳи аввал – сатҳи салоҳияти стратегӣ (роҳбарияти ВКД, мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ).

Сатҳи дуюм – сатҳи ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии фаврӣ (сарраёсатҳои милитсия ва раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, сарраёсат ва раёсатҳои минтақавии милитсия).

Сатҳи сеюм – сатҳи фаъолияти фаврӣ-хизматии амалӣ ва иҷроиш (раёсатҳо, шӯъбаҳо, шӯъбачаҳо ва бахшҳои ноҳиявӣ, шаҳрию деҳоти милитсия).

Роҳбарии тамоми милитсияи ҷумҳуриро Вазири корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, ки ҳамзамон сардори милитсияи Тоҷикистон мебошад, амалӣ менамояд.

Дар сатҳи минтақавӣ роҳбарии фаъолияти милитсияро сардорони сарраёсатҳо, раёсату шўъбаҳои милитсия амалӣ менамоянд. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сарраёсатҳои милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятхо ва шаҳри Душанбе, раёсату шӯъбаҳои милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, милитсия дар нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ аз тарафи Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар сатҳи идоракунии стратегӣ қарорҳо қабул карда мешаванд ва фармоишоти хусусияти дастурӣ ва меъёридошта оид ба иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, мақсад ва вазифаҳои фаъолияти милитсия муайян карда мешаванд.

Дар сатҳи роҳбарии тактикӣ қарорҳои хусусияти ташкилидоштаро оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти фаврӣ-хизматии сохторҳои поёнӣ қабул карда мешаванд, фаъолияти онҳоро таҳлил намуда, роҳҳои  гуногуни амалиёт ва ғайра тавсия дода мешавад.

Сатҳи сеюм фаъолияти бевоситаро оид ба иҷроиши вазифаҳои  милитсия амалӣ менамояд.

Чунин тақсимоти салоҳият пешбинӣ менамояд, ки сатҳҳои якум ва дуюми идоракунӣ ба иҷрои вазифаҳои фаврӣ-хизматӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ҷалб карда мешаванд, фаъолияти онҳо дар навбати аввал ба ташкили идоракунии қувва ва воситаҳо ҳангоми иҷрои  вазифаҳо равона мегардад. Ин, дар навбати худ, дар сатҳҳои мазкур ҷамъ овардани кормандони бештар ихтисоснок ва ихтисори шумораи кормандони сатҳи ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии фавриро талаб менамояд.

 Маҳорати касбӣ дар кори милитсия. Корҳои кадрӣ дар

милитсия: интихоб, омодасозӣ, қабул ба кор

ва пешрафти кормандон

Вазорати корҳои дохилӣ расмиётро оид ба пурра намудани ҷойҳои корӣ, ки ба принсипҳои беғаразона ва ғайритабъизӣ (ғайридискриминатсионӣ) асос ёфтааст, ҷорӣ менамояд ва аз ҳисоби интихоби сахтгиронаи/қатъии номзадҳо таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, сиёсати Вазорат ба ҷалб намудани мардон ва занон аз ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣ, инчунин барои расидан ба мақсади умумии таъсиси хадамоти милитсияе, ки ҷавобгӯи талаботи ҷомеа мебошад, равона хоҳад шуд. Расмиёти интихоби номзадҳо ба хизмат бояд ҳар чӣ бештар судманд барои милитсия бошад. Вазорат барои «интихоби пешакии ҳатмӣ»-и номзадҳо баромад хоҳад кард (яъне кафолат медиҳад, ки милитсия маълумотро оид ба номзадҳо фаъолона меомӯзад).

Вазорат чунин мешуморад, ки занон дар милитсия ба қадри кофӣ намояндагӣ намекунанд ва ин бештар дар байни ҳайати роҳбарикунанда аён аст. Ҳамин гуна вазъият дар умум метавонад нисбат ба гурӯҳҳои ақаллиятҳо, аз ҷумла ба ақаллиятҳои этникӣ хос бошад. Ҳамчунин Вазорат бар он ақида аст, ки муносибатҳои байни милитсия ва аҳолӣ боз ҳам муфидтар мегарданд, агар намояндагӣ дар ҳайати милитсия ба таркиби (ҳайати) ҷомеа бештар мувофиқат намояд. Ин гуна сиёсат ба тақвият додани самаранокӣ ва натиҷабахшии фаъолияти милитсия мусоидат намуда, дастгирии зиёди ҷамъиятиро таъмин месозад.

Номзадҳои милитсия ҳангоми дохил шудан ба кор дар ҳама гуна сатҳ, бояд дар асоси сифатҳои шахсӣ ва таҷрибаашон тибқи ҳадафҳои қонунии хизмат дар милитсия ба кор қабул карда шаванд. Вазорат интихоби танҳо кормандони барои милитсия мувофиқро таъмин менамояд, муайянсозӣ ва бинобар ин, ҷараёни (раванди) интихоб бояд танҳо ба меъёрҳои холисона асос ёбанд. Маълумотҳои (хислатномаҳои) шахсӣ бояд бо ҳадафҳои милитсия, ки дар Қонун «Дар бораи милитсия» муайян хоҳанд шуд, мувофиқа карда шаванд. Барои пурратар омўхтани мувофиқати номзад барои хизмат дар милитсия ӯ дар мӯҳлати аз 3 то 6 моҳ коромўзӣ менамояд, ки дар рафти он аз курсҳои ибтидоии таълими касбӣ, мутобиқшавӣ ба хизмат дар вазифаи ҳозира, имтиҳон месупорад ва аз рӯи натиҷаҳои коромўзӣ барои адои хизмат вобаста ба вазифаи дахлдор аз аттестатсия гузаронида мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ барои номзадҳо ба хизмат дар милитсия стандартҳои баландро муқаррар менамояд. Вазорат талаб хоҳад кард, ки кормандони милитсия имконияти нишон додани фикру ақидаи солим, адолатпарварӣ, камолот, малакаи хуби муошират ва ҳангоми зарурат, сарварӣ ва малакаи идоракуниро дошта бошанд. Ғайр аз ин, кормандони милитсия бояд фаҳмиши хуби масоили фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятиро нишон диҳанд. Чунин малакаву маҳорати иловагии асосӣ (муҳим) ва муносибат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ барои кормандони милитсия аҳамияти муҳим доранд.

Вазорат эътироф мекунад, ки шахсони барои содир кардани ҷиноят маҳкумшуда тибқи тартиби мукарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор хориҷ карда шаванд, ё ин ки ба хизмат дар милитсия роҳ дода нашаванд. Чунин сиёсат дар Қонун пешбинӣ гардида, ба сифати меъёри камтарин нисбат ба ҳамаи номзадҳо, коромӯзон ва ҳайати кормандони амалкунандаи милитсия татбиқ карда мешавад. Илова бар ин, гарчанде далели айбдоркуниро ҳамчун меъёри камтарин барои барканор намудани номзадҳо ва ҳайати кормандон аз кор дар милитсия арзёбӣ кардан мумкин бошад ҳам, имкони хориҷ намудани номзадҳо ё кормандон дар сурати ҷой доштани ваҷҳҳои асоснок барои тахмин кардани дар тарҷумаи ҳолаш мавҷудияти далелҳоеро, ки ба номи корманди милитсия иснод меоваранд, истисно карда намешавад. Ҳамин гуна қоида нисбат ба номзадҳое, ки хешовандони наздикашон дар содир намудани ҷиноятҳои қасдона гунаҳкор эътироф шудаанд, агар ин ба обрўю нуфузи шахсе, ки баъдан милитсияро намояндагӣ мекунад, таъсир расонад, муқаррар карда мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ эътироф менамояд, ки тайёркунии касбӣ барои кормандони милитсия бояд ба арзишҳои бунёдии демократия, волоияти Қонун, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд асос ёбад. Бар замми ин, омўзиш бояд мутобиқи ҳадафҳои қонунии милитсия, тавре ки  онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» талаб мекунад, таҳия карда шавад. Вазорат эътироф мекунад, ки милитсия ба сифати ҳимоятгари ҷомеае, ки ба он хизмат мекунад, нақши пешоҳангро мебозад ва дар ин робита, кормандони милитсия низ бояд бо он арзишҳо ва принсипҳои асосии давлати демократие, ки ба он хизмат мекунанд, ҳамраъй бошанд. Вазорат эътироф мекунад, ки таълим бояд барои парваридани арзишҳои демократӣ дар милитсия мусоидат намояд.

Вазорати корҳои дохилӣ хоҳони он аст, ки тайёрии умумии кормандони милитсия нисбат ба ҷамъият то ҳадди аксар ошкоро бошад, ба истиснои низоме, ки нигоҳ доштани махфиятро талаб мекунад. Аз сабабе ки хизмат дар милитсия айни замон ба иҷрои вазифаҳо бо дастгирии ҷамъият равона гардидааст, он бояд дорои ҳайати кормандони худ бошад, ки дар муҳити ҳар чӣ бештар ба воқеияти иҷтимоӣ наздик буда, таълим гирифта бошад.

Барои намудҳои алоҳидаи таълими махсусгардонидашуда, тайёрӣ барои хизмат дар милитсия талаб карда мешавад, ки он бо иштироки курсантҳо/шунавандагон ё шахсони мансабдоре, ки дар хобгоҳи (казармаи)  милитсия иқомат доранд, гузаронида мешавад, вале тайёрии умумии милитсия дар Тоҷикистон бояд аз рўи имкон дар шароитҳои муқаррарӣ гузаронида шавад.

Вазорат ҳамчунин яке аз меъёри ҳавасмандкунӣ дар ошкор буданро дар он мебинад, ки илова ба тайёрии дохилии милитсия бояд таълими беруна бо иштироки дигар муассисаҳо, ба ғайр аз милитсия, фаъолона ҷорӣ карда шавад.

Вазорат барои мусоидат намудан дар омодасозии кормандони милитсия дар шароитҳои воқеӣ изҳори хоҳиш намуда, бо ин васила ошкоро будани милитсияи Тоҷикистонро дар назди ҷомеа дастгирӣ менамояд. Зарур аст, ки ба муносибати «ҳалли масъалаҳо» дар ҷараёни таълим бо пешниҳод намудани баҳодиҳии ҷараёни инкишофи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеаи сермиллат ба воситаи айнан такрор кардани сенарийҳо ва ҳодисаҳои воқеӣ такя карда шавад.

Вазорати корҳои дохилӣ барои сардорони воҳидҳои сохтории милитсия дастур оид ба интихоби номзадҳо барои таҳсил ва кор таҳия ва тасдиқ менамояд, ки дар он ҳамаи талаботи зарурӣ нисбат ба номзадҳо пешниҳодшаванда пешбинӣ карда мешавад. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии системаи Вазорати корҳои дохилӣ дар курси ниҳоӣ аз рўи ихтисос дар мақоми/воҳиди милитсияе, ки ўро ба таҳсил фиристодааст, коромўзӣ менамояд ва аз тарафи роҳбари он барои ишғоли вазифа аз рўи касб аз аттестатсия гузаронида мешавад.

Хизмат  дар  милитсия.  Вақти  корӣ ва пардохти

музди меҳнати корманд

Хизмати давлатӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити таъсис додани тартиби (усули) идоракунии мартабаи (карьераи) корманди милитсия таъсирбахш мешавад, дар ҳолате, ки шахс тамоми ҳаёти касбии худро ба хизмат бахшида, мақсаднок ба зинаҳои хизматӣ пеш равад.

            Тартиби мазкур аз чораҳои хусусӣ (такмили тахассус, кор бо захира ва ғ.) ба маҷмаавӣ гузаштанро дар бар мегирад, ки бояд робитаи мутақобилаи ҳамаи давраҳои пешрафти мартабавиро (карьеравиро) таъмин мекард: ҷудо карда гирифтан, таъинот ба вазифаи аввали роҳбарикунанда; дастгирии комёбиҳои хизматӣ ва пешравии оянда дар хизмат. Дар ҳар як давраҳо вазифаҳои махсуси идоракунии мартабаи (карьераи) хизмати кормандони милитсия ҳал карда мешавад, ки он бояд таъсирнокии ниҳоиро таъмин намояд. Марҳилаи мазкур бо ҳам алоқаи зич доранд ва дар ягонагӣ бояд баррасӣ карда шавад. Кам эътибор додан  ба яке аз онҳо таъсирнокии идоракунии карераро паст мекунад, ки ин дар навбати худ ба натиҷаи кори милитсия таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҳолати мазкур воқеан ба ҷараёни имрўзаи кор бо кадрҳои милитсия тасдиқ гардидааст, ҳангоми аз корравии бисьёр, қонунвайронкуниҳои  пай дар пай дар кор, пастшавии ташкилёбии касбии ядрои кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ пурра ба назар мерасад.

Барои ҷорӣ намудани тартиби мазкур ба Қонун «Дар бораи политсия» боби махсус ҷойгир карда мешавад: «Пешравии кормандони милитсия дар хизмат, ки дар он ҳамаи масъалаҳои муҳими ба амалбарории институти мазкур (таъин ба вазифа, кор бо захира, дархости тахассусӣ, таъиноти озмунӣ ба вазифа ва ғ.)».

Бинобар сабаби хусусияти махсус доштани кори милитсия ҳуқуқи ҳавасмандгардонии дахлдор ва таъминоти иҷтимоӣ, инчунин чораҳои махсуси ҳифзи саломатӣ ва тадбирҳои бехатарӣ, ниҳоят муҳим арзёбӣ карда мешаванд. Ин кор супоришоти ғайричашмдоште, ки ҳамарўза аз тарафи кормандони милитсия иҷро карда мешаванд, хавфу таҳдидҳои ба фаъолияти онҳо хосбуда, инчунин рўзи кории зиёд аз меъёрро дар бар мегирад. Таъмин гардидани ин ҳуқуқҳои кормандони милитсия барои баланд бардоштани обрўю нуфузи хизмат дар милитсия, ҷолиби диққат будани касби корманди милитсия, аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Бепардохтии кори зиёда аз меъёри вақти кории кормандони милитсия бояд истисно карда шавад. Корҳои зиёда аз меъёр набояд бештар аз чор соат дар давоми ду рўз паиҳам бошанд ва бояд ҳатман пардохт карда шаванд. Миқдори умумии соатҳо барои кори зиёда аз меъёр бояд аз 120 (аз меъёри муқарраргардидаи соатҳо дар як сол) соат дар як сол зиёдтар набошад. Агар эътироф гардад, ки таъмини босифати тартиботи ҳуқуқӣ бо хароҷоти комилан мувофиқи буҷетӣ алоқаманд  асту, он гоҳ яқинан ҷалби ғайримақсадноки кормандони милитсия ба функсияҳои хоснабуда камтар гардида, тартиботи ҷамъиятӣ ва амният ба таври бояду шояд ҳамчун неъмати иҷтимоӣ арзёбӣ хоҳанд шуд.

Аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ бояд бо кормандони барои хизмат кирояшудаи милитсия шартномаҳои мӯҳлатдор ва бемӯҳлат баста шаванд. Мӯҳлати шартномаи мӯҳлатдор бояд то 5 сол муқаррар гардад ва сипас бо розигии тарафайн мӯҳлати шартнома метавонад ҳар 5 сол тамдид карда шавад. Шартномаҳо барои хизмат бояд пурра ӯҳдадориҳои ҳар ду тараф ва кафолатҳои таъмини ҳуқуқҳои кормандро дар бар гиранд. Барои шахсоне, ки ҷиҳати таълими асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ қабул карда мешаванд, пас аз хатми таҳсил бояд ҳатман бастани шартнома ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол пешбинӣ карда шавад. Дар сурати иҷро накардани шартҳои шартнома чӣ дар давраи таҳсил ва чӣ баъд аз хатми он, маблағҳои барои таълим сарфшуда бояд ситонида шаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки кормандони милитсия бояд аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон истифода баранд. Маҳдудият ба ин ҳуқуқҳо танҳо дар сурате, ки агар ин барои амалисозии функсияҳои милитсия дар ҷомеаи демократӣ зарур бошад,  мутобиқи Қонун ва тибқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон бояд муқаррар карда шавад. Ин унсури асосии давлати ҳуқуқбунёд ва ҳамгироии хизмати милитсия бо ҷамъияте, ки ба он хизмат мекунад, мебошад.

Таҳия ва қабули Қонун «Дар бораи ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқии кормандони милитсия» зарур аст, зеро ҳамаи кафолатҳои кормандон дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии сершуморе, ки зуд-зуд иваз мешаванд ё бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бекор карда мешаванд, муайян гардидаанд.

Кормандони милитсия, хизматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, бояд дар сатҳи имконпазир дорои ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бошанд. Бахусус, кормандони милитсия ҳуқуқи ташкил намудани созмонҳои касбӣ ё иштирок дар кори онҳо, гирифтани имтиёзҳои ба хавфу хатар, вазнинӣ ва мушкилоти кор мутаносиб, мукофотпулиҳои кофӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти оила ва таъминоти иҷтимоӣ/манзилии арзандаро доранд. Ғайр аз ин, бо назардошти хусусияти бо хавфу хатари зиёд алоқамандӣ доштани кори милитсия, онҳо бояд бо хизматрасониҳои махсуси ройгони тандурустӣ, чораҳои ҳимояи ҷисмонӣ, равонӣ ва пуштибонии (ҳимояи) ҳуқуқӣ таъмин карда шаванд. Ҷадвали кории шиддатноки кормандони милитсияро ба назар гирифта, бояд баҳри таъмини дастрасӣ доштани фарзандон ва дигар аъзоёни оилаи онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, имтиёзҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд.

Касбият, сифати баланди иҷроиши вазифаҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, маблағгузории милитсия бояд ба талаботи таъмини сатҳи зарурии тартиботи ҳуқуқӣ ҷавобгӯ бошад.

Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус

ва яроқи оташфишон аз тарафи милитсия

Мутобиқи Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 17 декабри соли 1979 таҳти № 34/169    ва Принсипҳои асосии истифодаи қувва ва яроқи оташфишон аз ҷониби шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, ки  аз ҷониби Конгресси ҳаштуми СММ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муносибат бо ҳуқуқвайронкунандагон аз 7 сентябри соли 1990  дар шаҳри Гавана қабул гардидаанд, кормандони милитсияи Тоҷикистон барои ба кор бурдани қуввае, ки ҳангоми нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо, ё ин ки ҳангоми дастгиркунии қонунии ҳуқуқвайронкунандагон ё ҳуқуқвайронкунандагони гумонбаршуда ва ё ин ки ҳангоми расонидани кўмак зимни чунин дастгиркунӣ воқеан зарур мебошад, ваколатдор шуда метавонанд. Дар ин маврид истифодаи қувва аз тарафи кормандони милитсия бояд хусусияти истисноӣ дошта бошад ва милитсияи Тоҷикистон метавонад қувваро танҳо њангоми зарурият ба андозае, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо лозим аст, истифода барад. Истифодаи яроқи оташфишон чораи ниҳои ҳисобида мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро меандешад, ки истифодаи яроқи оташфишон, бахусус ба муқобили кўдакон истисно карда шавад. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумат қоидаҳои истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, таҳия карда мешаванд. Чун қоида, яроқи оташфишон аз тарафи милитсия, танҳо дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки шахс муқовимати мусаллаҳона нишон диҳад,  ё ин ки бо тарзи дигар ҳаёти дигаронро дар зери хатар гузорад, инчунин ҳангоме, ки тадбирҳои дигари хусусияти истисноидошта барои ҷилавгирїӣё дастгир кардани ҳуқуқвайронкунанда кофӣ набошанд. Дар бораи ҳар як ҳолати истифодаи яроқи оташфишон бояд фавран ба шахси мансабдори болоӣ ва прокурор хабар дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон номгўи воситаҳо, намудҳои гуногуни яроқ ва муҳимоти ҷангиеро, ки барои истифода ба кормандони милитсия иҷозат дода шуда, барои дар ҳолатҳои гуногун истифодаи қувва ва яроқи оташфишон имкон медиҳанд, тасдиқ хоҳад кард. Ба қатори онҳо истифодабарии он намудҳои яроқ дохил мешавад, ки боиси марг намегарданд, вале безарар гардонида, бо мақсади ҳар чӣ бештар маҳдуд кардани соҳаҳои истифодаи воситаҳое, ки боиси марг ё захмӣ шудан мегарданд, дар ҳолатҳои зарурӣ ба кор бурда мешаванд. Инчунин бо ҳамин мақсад кормандони милитсия барои худмуҳофизат бо чунин лавозимот аз қабили сипар, каска, воситаҳои нақлиётии зиреҳпӯш баҳри кам кардани зарурати истифодаи ҳама гуна яроқ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Ҳолатҳои фавқулодда аз қабили номӯътадилии сиёсии дохилӣ ё ҳама гуна зуҳуроти ҷамъиятии фавқулодда барои риоя накардани қоидаҳои истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон асос шуда наметавонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд, ки шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ аз тайёрӣ ва санҷиш тибқи тайёрии махсуси зарурӣ ба амалиёт дар шароити истифодаи қувва гузаронида шаванд. Шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, ки бояд бо худ яроқи оташфишон дошта бошанд, иҷозатномаи дахлдорро танҳо баъди ба итмом расонидани курси махсуси таълими истифодаи он соҳиб шаванд.

Зимни тайёркунии кормандони милитсия диққати махсусро ба масъалаҳои этикаи милитсия ва ҳуқуқҳои инсон, бахусус дар ҷараёни пешбурди тафтишот ба алтернативаҳои истифодаи қувва ва яроқи оташфишон, аз ҷумла танзими осоиштаи низоъ, дарки рафтори издиҳоми одамон ва усулҳои боваркунонӣ, пешбурди гуфтушунидҳо ва миёнаравӣ, инчунин воситаҳои техникӣ бо мақсади маҳдуд кардани истифодаи қувва ё яроқи оташфишон ҷалб намудан зарур аст.

Маҳз бо ҳамин мақсад баҳри он, ки кормандон на танҳо ҷисман солим ва дорои малакаи тирпарронӣ бошанд, балки асосан психологияи хуб инкишофёфта, малакаи мулоҳизакунӣ, таҳлили вазъият ва қабули қарорро соҳиб бошанд, таълиму тадриси мунтазам дар шароити гуногун гузаронида мешавад. Аҳамиятнокии ба кор интихоб намудани ҳайати кормандони барои милитсияи Тоҷикистон муносиб, инчунин тайёркунии ҳамаҷонибаи онҳо аз афзалиятҳои Вазорат дар амалигардонии ин принсипҳо хоҳад буд. Барномаҳои ягона оид ба истифодаи қувва ва яроқи оташфишон таҳия гардида, дар ҳама гуна шаклҳои таълим мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ тадбирҳо меандешанд то нисбат ба он кормандони милитсия, ки мутобиқи Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва Принсипҳои асосии мазкур аз иҷрои фармон дар бораи истифодаи қувва ё яроқи оташфишон даст мекашанд, ё ин ки дар бораи чунин истифодаи қувва ё яроқи оташфишон хабар медиҳанд, ҳеҷ гуна ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё интизомӣ татбиқ карда нашавад.

Иҷрои фармонҳои шахсони мансабдори болоӣ далели бегуноҳӣ буда наметавонад, агар кормандони милитсия дар бораи баръало ғайриқонунӣ будани фармон дар бораи корбурди қувва ва яроқи оташфишон, ки боиси марг ё захмӣ шудани ягон шахс гаштааст, бохабар буда, барои даст кашидан аз иҷрои он имкон доштанд. Дар ҳар сурат ҷавобгарӣ ҳамчунин ба дўши шахсони мансабдори болоие, ки фармонҳои ғайриқонунӣ додаанд, вогузор карда мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ қатъиян ҷонибдори он аст, ки милитсияи Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ шиканҷаро истифода набарад, ба он таҳрик накунад ва нисбат ба шиканҷа, муносибат ва ё ҷазои ғайриинсонӣ ё пастзанандаи қадру қимат таҳаммулнопазир бошад.

 Таъсис додани системаи ягонаи давлатии

бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо

Ташхиси масъалаи муносибатҳои мутақобилаи шаҳрвандон ва милитсия нишон медиҳад, ки ба ғайр аз ошкоркунӣ ҳамчун нишондиҳандаи меъёри сифатии кори милитсия, ҷорӣ намудани чунин нишондиҳандаҳо ба монанди миқдор, ҳаҷми кори анҷомдодашуда ва дар ниҳоят, вобаста ба серкории кормандони милитсия, омили муҳими ташкилию идоракунӣ - асоси баҳодиҳии кори милитсия мебошад.

 Дар иртибот бо ин, беҳтаргардонии муносибатҳои байниҳамдигарии милитсия ва шаҳрвандон нуқтаи марказии ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад. Дар дурнамои стратегӣ беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи баррасишаванда бо чунин тарзи ташкили кор алоқаманд аст: дар он милитсия ҳамчун мақоми ҳокимияте, ки бо шаҳрванди худ – ҷабрдидаи ҷиноят - бо камоли меҳрубонии зиёд, омодагӣ ба таъмини ҳимояи ӯ, пешниҳод намудани чораҳои босамари ҳалли низоъҳо, ҷуброни зарар, барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшуда муносибат мекунад, қабул карда мешавад.

Дарк намудани он, ки ҷинояткорӣ яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти дохилӣ мебошад, лозим аст, ки афзалиятҳои аз таҷовузи ҷиноӣ ҳифзшаванда бо пайдарҳамии зерин гузошта шаванд: шахсият (инсон ва шаҳрванд), неъматҳо (аз он ҷумла молу мулк), ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, арзишҳои миллӣ, институтҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ.

Аз ҳамин лиҳоз, банақшагирии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани амнияти аҳолӣ бояд хусусияти дурнамо дошта бошад ва пешгўии таҳаввулоти худи ҷинояткорӣ, аз он ҷумла ҷинояткории ниҳониро (латентиро) ба инобат гирад. Бо ин мақсад пешбинӣ намудани  маҷмўи тадбирҳои ташкилию идоракунӣ, ки бо тағйирёбии меъёрҳои баҳодиҳии фаъолият, баланд бардоштани сатҳи дастрасии шаҳрвандон ба мақомоти милитсия, инчунин такмили куллии системаи ошкоркунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо алоқаманд мебошанд, зарур аст. Системаи давлатии ошкоркунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо бояд ба технологияҳои иттилоотии муосир асос ёбад, тамоми иттилоот дар бораи зуҳуроти ҷинояткорӣ (аз хабарҳои ибтидоӣ сар карда, то ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ-ҷиноятӣ) бошад бояд дар ҳомилони электронӣ сабт гардида, дар системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди иттилоот ҷамъ оварда шаванд.

 Аз қоидаи кӯҳнашудаи сабти дастнависи аввалияи аризаю хабарҳо оид ба ҷљиноят дар китоби баҳисобгирии аризаҳо ва китоби баҳисобгирии иттилоот даст кашидан зарур аст. Таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи давлатии ошкоркунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо» лозим аст, ки он ба даст овардани манзараи холисонаи вазъи криминологӣ ва манзараи имконоти воқеии мақомоти адлияи ҷиноятиро ҷиҳати муқовимат ба ҷинояткорӣ ҳамчун вазифаи муҳим қарор диҳад.

Дар баробари ин, бақайдгирии ҷиноятҳо бояд аз вазифаҳои мақомоти корҳои дохилӣ боқӣ монад, вале ба шарте, ки воҳиди махсуси бақайдгирии хабарҳо дар бораи ҷиноятҳои содиршуда ҷудо гардида,  он аз воҳидҳои дигар вобаста набошад. Таъмин намудани тартиби мазкур зарур аст: қабули шаҳрвандон бо аризаю хабарҳо дар бораи зуҳуроти ҷиноӣ бояд бо иштироки корманди милитсия, ки омодагии психологии лозимӣ дорад, анҷом дода шавад. Ҳамаи амалҳое, ки бо санҷиши аризаю хабарҳо дар бораи зуҳуроти ҷиноӣ алоқаманд мебошанд, бояд бо таври мурофиавӣ сурат гиранд.

Зарур аст, ки нақши мурофиавии ҷабрдидагони ҷиноят ва кафолатҳои ҷуброни зарар (реститутсия) ба ҷабрдидагони ҷиноятҳо баланд бардошта шуда, ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ пурзўр карда шавад. Дар сатҳи қонунгузорӣ мустаҳкам кардани ҳуқуқҳои ҷабрдидагони ҷиноятҳо барои ҷуброни зарар ва барои кўмак аз тарафи давлат (ҷубронпулӣ) зарур аст.

Гузаронидани мониторинги доимӣ нисбати ҷиноятҳои ниҳонӣ (латенти) таъмин карда шавад.

Ҳамчунин зарур аст, ки милитсия аз ҷавобгарӣ барои миқдори зиёди ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ва ошкоргардида озод карда шуда, кори он, пеш аз ҳама, аз рўи пуррагии ошкорсозӣ ва бақайдгирии ҷиноятҳо баҳо дода шавад.

Ҳамкории байналмилалӣ

Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бо мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунад.

Мутобиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Вазорати корҳои дохилӣ метавонад намояндагиҳои худро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, кушояд.

Милитсия дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ба фаъолияти худ дахлдошта иштирок намуда, онҳоро ба имзо мерасонад.

Милитсия дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳамкориро бо дигар мақомотҳои давлатҳои хориҷа ба роҳ мемонад.

Милитсия кори протоколиро анҷом дода, ба хориҷа ба сафарҳои хизматӣ рафтани кормандон, инчунин қабули ҳайатҳои намояндагони хориҷиро ташкил ва таъмин менамояд.

Милитсия омодагии ташкилию иттилоотии чорабиниҳоро оид ба гузаронидани ҷаласаҳои муштарак бо мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад.

Милитсия дар доираи салоҳияти худ барномаҳои байнидавлатиро дар соҳаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ мегардонад.

Милитсия бо тартиби муқарраргардида созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иштироки кормандон дар ҳайатҳои посдори сулҳ амалӣ мегардонад.

Назоратбарии кори милитсия.

Ҷавобгарии милитсия ва корманди он 

Назоратбарии давлатии фаъолияти милитсияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда амалӣ менамоянд.

Назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар фаъолияти милитсия аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба ў тобеъ анҷом дода мешавад.

Назорати идоравии фаъолияти милитсия бо тартибе, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ муайян мегардад, амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарнозироти милитсияро таъсис медиҳад.

Вазифаҳои Сарнозироти милитсия инҳо мебошанд:

а) гузаронидани санҷишҳои нозиротии мақомоти милитсияи Тоҷикистон ва пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷабахшӣ ва самаранокии онҳо дар расидан ба мақсадҳои муқаррарнамудаи Қонун;

б) тафтиши аризаҳо дар бораи аз тарафи кормандони милитсия содир кардани вайронкуниҳои ҷиддии интизомӣ ва ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод кардани тавсияҳо дар хусуси татбиқи ҷазои интизомӣ, агар барои ин асосҳои дахлдор мавҷуд бошанд.

Сарнозироти милитсия ба Вазири корҳои дохилӣ тобеъ мебошад ва ба ў ҳисобот медиҳад, Сарнозироти милитсия бояд ба таври касбӣ ва холисона, бо риояи пурраи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ба манфиати тамоми ҷомеа ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд.

Аз амалҳои (беамалии) корманди милитсия, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд, мақоми давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ташкилоти динӣ ва дигар ташкилотро поймол мекунанд, ба мақоми болоӣ ё шахси мансабдори болоӣ, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё суд шикоят кардан мумкин аст.

Корманди милитсия барои вайрон кардани қонуният, сўиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар баробари ин ба корманди милитсия ҳимояи судӣ кафолат дода мешавад. Милитсия вазифадор аст ба он корманди милитсия, ки иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ё гражданӣ мебошад, кӯмаки ҳуқуқӣ расонад.

Дар сурате, ки агар корманд дар содир кардани ҷиноят гумонбар ё айбдор дониста шуда, нисбати ў чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс интихоб шуда бошад, пардохти таъминоти пулӣ ба чунин корманд боздошта мешавад. Ҳангоми нисбати корманд баровардани ҳукми сафедкунанда ё қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ў бо асосҳои сафедкунанда ба ў таъминоти пулӣ дар ҳаљми пурра барои тамоми давраи дар ҳабс будан, бо минбаъд рўёнидани ин маблағ аз шахсоне, ки дар ғайриқонунӣ дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан ва айбдор намудани  дигар шахс мебошанд, пардохта мешавад.

Ҳангоми аз ҷониби корманди милитсия поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ба онҳо расонидани зарар, мақоми дахлдори милитсия вазифадор аст барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чораҷӯӣ намояд ва бо талаби шаҳрванд дар шакли дахлдор узр пурсад. Зарари моддии расонидашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Назоратбарии ҷамъиятии фаъолияти милитсия тавассути гузаронидани чунин чорабиниҳо аз қабили мониторинги ҷамъиятӣ, экспертизаи ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқии милитсия ва ВКД, гузаронидани машваратҳои гуногун байни ҷомеа ва давлат, инчунин ҳар семоҳа ҳисоботдиҳии сардорони милитсия дар назди аҳолӣ таъмин карда мешавад.

Тақвият додани обрўю нуфузи милитсия дар назари аҳолӣ танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки агар аҳолӣ барои донистани чӣ тавр дар маҷмўъ ва дар алоҳидагӣ кор кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имконият дошта бошад, яъне мавҷудияти як навъ ҳисоботдиҳии онҳо дар назди аҳолӣ имкони мулоҳиза намуданро дар бораи корҳои бавосита ва мустақиман анҷомдодашуда фароҳам меорад. Ин як навъ заминаи холисона барои ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилаи хайрхоҳона ва самараноки ҷомеа ва милитсия дар умум мебошад.

Бинобар сабабе, ки танҳо афкори ҷамъиятии беғаразона дар бораи ҳолати тартиботи ҳуқуқӣ метавонад воқеан нақши милитсияро дар таъмини ҳимояи манфиатҳои инсон ва давлат, тақвият додани низоми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нишон диҳад, ба ташаккулёбии афкори ҷамъиятӣ оиди фаъолияти милитсия амалан таъсир расонида, ба тарбияи муносибати эҳтиромона нисбат ба Қонун ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат намояд, таҳия ва тасдиқ намудани Консепсияи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст.

Дар ин маврид ҳамкории мутақобила на танҳо назоратбарии ҷамъиятиро аз болои милитсия, балки дар ҷамъият ташаккул додани мавқеи шаҳрвандии фаъолро оид ба мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкор кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо пешбинӣ менамояд.

Комиссияи махсус дар ҳайати сарнозири Вазорати корҳои дохилӣ, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ таъин гардида, шахсан ба ў ҳисобот медиҳад ва ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъин карда мешаванд, таъсис дода мешавад. Комиссия ҳуқуқ дорад, ки бо дархости Шўрои ҷамъиятӣ санҷиши аризаҳоро дар бораи содир кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон амалӣ намояд, агар аризадиҳанда нисбат ба хулосаҳои Сарнозироти милитсия норозигии худро баён намуда бошад.  Комиссия бояд, ки ба Вазири корҳои дохилӣ дар бобати татбиқ намудани ҷазоҳои интизомӣ, инчунин дар бораи бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидаткунанда тавсияҳо пешниҳод намояд.

 ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ДАФТАРИ САҲА ДАР ТОҶИКИСТОН

 Шаҳрвандон метавонанд фикру ақидаҳои худро доир ба лоиҳаи мазкур тариқи почтаи электронии Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. ва ё бевосита ба ВКД пешниҳод намоянд, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3878330
ИмрӯзИмрӯз982
МоҳМоҳ28834
ХамагиХамаги3878330

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.