Рамазон Раҳимов: «Ислоҳот танҳо дар иваз кардани номи милитсия ба политсия нест!»

 Дар давоми 20 соли истиқлолияти давлатӣ мақомоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар қатори дигар сохторҳои давлатӣ дар раванди ташаккулёбии ҷомеаи навини демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузошта тамоми сайъу кӯшиши худро барои таъмини волоияти қонун, амнияти шахсият, ҷомеа ва давлат равона кардааст.

 Дар баробари ҳамин зарурияти ворид кардани ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун талаботи замони муосир ба миён омад, зеро тақвияти қонуну қонунгузорӣ, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро бе ворид кардани ислоҳоти саривақтӣ наметавон ба даст овард.

 Ҳамчунин тағйироти ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат боиси он гардид, ки масъалаи ислоҳот ва рушди минбаъдаи милитсия мавриди баррасии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, коршиносони миллӣ ва мутахассисони соҳавӣ гардад. Ҳанӯз солҳои 2008-2009 дар давраи фаъолияти гурӯҳи баҳодиҳии САҲА ва семинари «Баҳодиҳии ислоҳоти милитсия» заминаҳои асосии Стратегияи ислоҳоти милитсия, ҳадафу вазифаҳои он муайян шуда буданд. Бо дастгирӣ ва ҳидояти роҳбарияти ВКД ҳуҷҷати мазкур, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза ба ҷинояту ҷинояткорӣ инъикос менамояд дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон таҳия гардид. Мавриди зикр аст, ки дар таҳия ва пешбарии лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор иштироки фаъолона карданд. Ба ҳамин тартиб лоиҳаи Стратегияи  ислоҳоти  милитсия барои солҳои 2013-2020 таҳия ва барои муҳокимаву баррасӣ омода гардид.

 Дар лоиҳаи Стратегия масъалаҳои зерин: ҳадаф ва вазифаҳои ислоҳоти милитсия, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ислоҳот; ҳамкории мутақобилаи милитсия бо аҳолӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО; тақсимоти ваколатҳои милитсия, муқаррарсозии салоҳияти он дар системаи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, сохтори мақомоти милитсия, идоракунии милитсия; маҳорати касбӣ, корҳои кадрӣ, интихоб, тайёркунӣ, қабул ба кор ва пешбарии кормандон, вақти корӣ ва пардохти музди меҳнати кормандони милитсия, назоратбарии кори милитсия, таъсис додани системаи ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва ҳисобгирии ҷиноятҳо, истифодаи  қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон аз тарафи милитсия пешбарӣ шуданд.

 Мувофиқи лоиҳаи Стратегия вазифаи асосии милитсия ин таъмини амнияти шахсият, бартараф кардани омилҳои сар задани ҳолатҳои ҷиноӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ошкор кардан, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо мебошад. Дар ҳама марҳилаҳои давраи ислоҳот баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ; тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, боло бурдани боварӣ ва эътимоди ҷомеа нисбат ба милитсия; ихтисори такроршавии функсияҳо; таъсис додани сохтори ташкилию идоракунии муосир; ба дигар идораҳо таҳвил додани функсияҳои ба милитсия хоснабуда; аз байн бурдани хатар ва омилҳои сар задани амалҳои коррупсионӣ; беҳтаргардонии сатҳи маблағгузорӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнати кормандони милитсия бо назардошти муҳимият, хавфнокӣ, мураккабӣ ва вазнинии вазифаҳои аз тарафи милитсия иҷрошаванда; такмили асосҳои қонунгузорӣ, аз вазифаҳои асосии стратегӣ дониста шуданд.

 Бояд таъкид кард, ки дар ҷомеаи демократию мутамаддини муосир хизмат дар сафи милитсия пеш аз ҳама ақлу хиради комил, фарҳанги баланд, қавииродагию далерӣ, хоҳиши сидқан хизмат намудан ба шаҳрвандон, ба манфиати шахсият, давлат ва ҷомеаро дар умум талаб менамояд. Корманди милитсия бояд зиндагии орому осоиштаи шаҳрвандонро таъмин намояд ва ҳангоми зарурат аз усулу воситаҳои қудратии кофӣ истифода барад; ҳолатҳои ба кор бурдани маҷбуркунии ғайрирасмиро дар шакли тавсия додан ё огоҳ кардан ба ҷойи ҳабс ва таъқиб фарқ карда тавонад; бе гумони бад нисбат ба одамон, бо ҳисси ҳамдардӣ ва риояи меъёру арзишҳои инсонӣ амал карда тавонад. Дар назар дошта шудааст, ки мақомоти милитсия ба хадамоти хизматрасонии шабонарӯзӣ бо иҷрои доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва психологӣ, ҷустуҷӯи одамони гумшуда, кӯмак расонидан ба ронандагоне, ки дар роҳ ба вазъияти душвор дучор омаданд ва ҳатто наҷот додани ҳайвонот мубаддал гардад.

 Ғайр аз ин, аз ҷониби милитсия зери мафҳуми нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ҳолатҳои зеринро дар назар дошта шудааст: дахолати ҳуқуқӣ, психологӣ, педагогӣ ва ҳакамият дар низоъҳои оилавӣ ва маишӣ; таъмини ҳаракати нақлиёт; таъмини оромӣ ва амнияти экологӣ; барканор намудани вайронкунандагони тартибот аз ҷойҳои ҷамъиятӣ.  Барои ноил шудан ба муваффақият милитсия то андозае, ки имкон дорад, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамгироӣ менамояд ва кормандони худро ҳамчун «шаҳрвандон дар либоси расмии махсус ва дорои ваколатҳои махсус» муаррифӣ мекунад.

 Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният бо тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамкориҳои мутақобиларо анҷом медиҳад. Ҳамзамон Вазорати корҳои дохилӣ кормандони милитсияро ба иҷрои танҳо функсияҳои мустақиман бо қонун пешбинишуда ҷалб хоҳад кард.

 Агар корманди милитсия дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шуда, нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс интихоб шуда бошад, пардохти таъминоти пулӣ ба чунин корманд боздошта мешавад. Ҳангоми нисбати корманд баровардани ҳукми сафедкунанда ё қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ бо асосҳои сафедкунанда ба ӯ таъминоти пулӣ дар ҳаҷми пурра барои тамоми давраи дар ҳабс будан ё барои тамоми давраи таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор доштанаш, инчунин товони зарари маънавӣ, аз ҳисоби мақомоти дахлдор, ки дар ғайриқонунӣ дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан ва айб эълон намудан гунаҳкор мебошанд, пардохта мешавад.

 Дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия моҳи декабри соли гузашта дар ш.Душанбе Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов маҳз чунин қайд карда буд, ки: «Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз аз нахустин марҳалаҳои Ислоҳот мураккаб ва заҳматталаб будани ин равандро пурра ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк намуда буд. Аммо ба он умед мебандем, ки ҳам кормандон ва ҳам аҳли ҷомеа ногузир будани тағйиротро дар кору фаъолияти милитсия дарк мекунанд ва Ислоҳоти мазкур натиҷаҳои нек ба бор меорад.

 Барои фаъолияти минбаъда ва босамари сохторҳои милитсия зарурияти ислоҳот аллакай аз ҳозир пайдо шудааст. Зеро рушди сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеа дар замони муосир тақозо мекунад, ки усулҳои нав ба нави корӣ, тарзи нави муносибатҳои хизматӣ ба роҳ монда шаванд, ҳамкориҳо бо фаъолони ҷомеа пайваста тақвият дода шаванд. Ислоҳот танҳо дар иваз кардани номи милитсия ба политсия, яъне тағйири ном фаҳмида намешавад, балки бояд мазмун ва мундариҷаи фаъолияти босамар ва минбаъдаи сохторҳои милитсия мавриди ислоҳот қарор гирад. Бояд ба мақом ва статуси корманди милитсия тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад, вазъи иҷтимоии ӯ, шароитҳои моддиву техникии фаъолият беҳтару хубтар карда шаванд. Барои боло бардоштани маҳорати касбӣ ва сатҳи донишу малакаи касбӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд».

  Яке аз ҳадафҳои асосии Ислоҳоти милитсия барпо кардани робитаи мустақим миёни милитсия ва ҷомеа мебошад. Тавре ки маълум аст аз миёни тамоми сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мақомоти милитсия бештар аз ҳама мавриди танқиду маззамат қарор мегирад, ки ин падида бесабаб нест, зеро маҳз кормандони милитсия дар сафи пеш ва бештар аз ҳама бо одамону аҳли ҷомеа кор мекунанд. Бинобар ҳамин, тибқи нақшаи Ислоҳот бояд дар оянда аҳолӣ низ дар муайян ва баррасӣ кардани мушкилоти ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, роҳҳои бартараф кардани омилҳои сар задани ҷиноятҳо, ҳал кардани масоили муҳими рӯз ҷалб карда шаванд, зеро политсия наметавонад дар алоҳидагӣ ин мушкилотро ҳал кунад.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3822395
ИмрӯзИмрӯз141
МоҳМоҳ21900
ХамагиХамаги3822395

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.