Суғд: Баргузории конфронси вилоятӣ бо иштироки занҳо

Бо ташаббуси РВКД дар вилояти Суғд ва Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд конфронси вилоятӣ таҳти унвони «Мақоми занон дар оинаи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар толори «Кохи Рудакӣ»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида ба Рӯзи бйналмилалии оила бахшида шуд.

Дар конфронс зиёда аз 450 нафар занони фаъол, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони бахшҳо оид ба кор бо занон ва оилаи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, маориф, тандурусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, шурои бибиотунҳо, фаъолзанон ва омӯзгорони макотиби олӣ, донишҷӯдухтарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят иштирок намуданд.

Конфронси мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини раиси вилояти Суғд, Назира Ғаффорӣ оғоз ёфта, номбурда баргузории конфронсро идомаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» маънидод намуд.

Сипас сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар мавзӯи «Вазъи ҷинояткорӣ миёни занон дар ҳудуди вилояти Суғд» суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар давраи 12 моҳи соли 2015 ва 4 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд занҳо 1019 ҷиноятро содир намудаанд.

Шариф Назарзода дар маърузаи хеш ҳамчунин ба дигар ҳолатҳои ҷинояткории занон аз қабили даст доштани онҳо ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ, одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, роҳзанӣ ва дигар намуд ҷиноятҳо батафсил суханронӣ намуд ва тавассути тасвир-слайдҳо мисолҳои воқеӣ аз вазъи ҷинояткори миёни занон ба иштирокдорони конфронс маълумот дода шуд.

Масъалаи асосие, ки номбурда дар баромадаш зикр намуд, ин гаравидани баъзе аз занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои террористиву экстремистӣ, тақлидкорӣ ва майли бегонапарастӣ доштани баъзе аз занону духтарон буд.                   

Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят ҳамчунин дар мавзӯъҳои таҳкими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, паст намудани шиддатнокии вазъи ҷинояткорӣ дар доираи оила ва муносибатҳои хешовандӣ суханронӣ намуд.

Баъдан, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода дар мавзӯи «Мақоми занон дар оинаи фарҳанги миллӣ» суханронӣ намуд. Номбурда зикр кард, ки танҳо ба шарофати ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳамкории доимии судманд, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон, мо – занон метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти ҷомеаи имрӯзаро бартараф ва зиндагии орому осударо дар ҷамъият таъмин намоем.

Дар кори конфронс ҳамчунин мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ  Д.Самадова, муовини раиси шаҳри Панҷакент И.Суфизода, раиси Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд Б.Раҳимова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштиҷ З.Ибрагимов баромад намуданд.

Дар қисмати дуюм як қатор иштирокчиён, донишҷӯдухтарон ва намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ташаббуси Вазорати корҳои дохилиро дар баргузории конфронси мазкур амали саривақтӣ дар решакан намудани зуҳуроти номатлуб миёни занон арзёбӣ намуданд.

Муҳсинҷон Юсупов, лейтенанти калони милитсия

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3834161
ИмрӯзИмрӯз1521
МоҳМоҳ33666
ХамагиХамаги3834161

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.