Вазири корҳои дохилӣ барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ гардид

Имрӯз (12.04.с.2016), дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои илмӣ бахшида ба «Рӯзи касбии олимони кишвар» бо иштироки олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм баргузор гардид.

Нахуст Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳими Фарҳод ҳамаи олимону донишмандон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни мамлакатро бахшида ба «Рӯзи касбии олимони кишвар» табрику таҳният намуда, зикр кард, ки дар Тоҷикистон соҳаи илм бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок эълон гардидааст. Илм дар баробари фарҳанг, маориф, маънавиёт ва дигар соҳаҳо  афазалиятнок маҳсуб ёфта, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола барои беҳтар кардани шароити олимон тадбирҳои судманд меандешад.

Чӣ тавре, ки Роҳбари давлат доим таъкид менамоянд: «Илм меҳвари ососии рушди ҳар як кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбанд». Ин аст, ки нашри осори зиёди илмию фалсафӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муаасир доранд. 

Шумораи зиёди олимон зимни сафарҳо ба минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамалакатро шарҳу эзоҳ доданд ва дар баробари ин ба мардум оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, терроризм, экстремизм, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, масъалаҳои хурофотпарастӣ, никоҳи хешутаборӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор намуданд. Бояд зикр кард, ки мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб ин тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа аст. 

Сипас, маросими супоридани ҷоизаҳои илмӣ бахшида ба «Рӯзи касбии олимони кишвар» баргузор гардида, як қатор олимони шинохта барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва пайвастани илм бо истеҳсолот бо ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро - Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ гардид. 

Ҳамчунин Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ (Всемирная Академия Наук Комплексной Безопасности) гардида, аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳими Фарҳод ба Вазири корҳои дохилӣ Дипломи ин Академияи бонуфузи ҷаҳонӣ супорида шуд.

Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, олимону мутахасисони варзидаи кишварро бахшида ба Рӯзи касбии олимон табрику муборакбод намуд.

Мавсуф дар идомаи баромад доир ба соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, тарзу усули ташкили кори фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, қувва ва воситаҳо, маблағгузорӣ ва қисми махсуси соҳаи мазкур муфассал ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки бо пешниҳоди олимон барои дастрас будани илми соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои мутахассисони дигар давлатҳо якчанд рӯз пеш китоби «Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы» (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ) бо забони русӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муфассал дарҷ гардидаанд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни баромади хеш қайд намуд, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин дар мубориза бар зидди ҷинояту  ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо маҳсуб меёбад. Ҳар як корманди оперативӣ рӯзе нест, ки ба самт сару кор надошта бошад.

Бинобар ин, мо кӯшиш кардем, дар ин самт хеле дигаргуниҳо ворид намуда, китоби «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» иборат аз 3 қисм, якчанд барномаҳо, дастурамалҳо ва дигар рисолаҳоро пешниҳод намоем. 

Дар фарҷоми суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ барои дастгирӣ ба ҳамаи олимон ва мутахассисон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар оянда кӯшиш мекунем, ки дастовардҳо аз ин ҳам бештар бошанд.

Мавриди қайд аст, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.

Мавсуф, муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳими Фарҳод зикр кард, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар сарчашмаи оғоз ва пажуҳиши ин соҳа қарор доранд ва ҳамчун Вазири корҳои дохилӣ бо кӯшишу заҳмати худ ва кормандонашон тинҷию амонии кишварро таъмин менамоянд, ки мову Шумо дар фазои оромию осудагӣ умр ба сар мебарем. Асарҳои илмии Раҳимзода Рамазон Ҳамро шоҳиди он аст, ки ҳамкории олимон бо Вазорату идораҳои кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар интиҳои чорабинӣ олимони варзида ва маъруфи кишвар доир ба дастовардҳои илмии худ бо маърӯза баромад намуда, ҷиҳати тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа изҳори назар карданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3820526
ИмрӯзИмрӯз1059
МоҳМоҳ20031
ХамагиХамаги3820526

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.