|
Имрӯз - 7 апрел, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосири илм ва қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, меҳмонон аз хориҷи кишвар, намояндагони Сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ оғоз гардид.
Конференсияро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфт.
Мавсуф зимни суханронӣ зикр кард, ки мавзӯе, ки мо имрӯз мавриди баррасӣ қарор медиҳем, яке аз масъалаҳои муҳими самти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани тамоми соҳаҳои илм диққати ҷиддӣ медиҳанд. Роҳбари давлат дар Паёмҳои солҳои 2015 ва 2016-и худ ба Маҷлиси Олӣ беист таъкид намуданд, ки дар замони мураккаби хатару таҳдидҳои муосир, бояд мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб пурзӯр карда шавад. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.
Мавриди қайд аст, ки дар ин чорабинии байналмилалӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раҳими Фарҳод – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Маҳкам Азам – Раиси Суди конститутсионӣ, Шоҳиён Шермуҳаммад – Раиси Суди Олӣ, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саймумин Ятимов - Раиси КДАМ, Салимзода Шерхон Одина – Директори АНМН, Элизабет Миллард – Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон, Маҷидзода Ҷурахон Зоир - Вакили Маҷлиси намояндагони МО, кормандони самти тафтишот ва олимони соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла намояндагони муассисаҳои таълимии олии ҳуқуқии кишварҳои аъзои ИДМ - Сардори Муассисаи давлатии Федералии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии умумироссиягии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-майори политсия, профессор Макорин Александр Анатолевич, корманди асосии илмии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии умумироссиягии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, профессор Омелин Виктор Николаевич, муовини сардори Донишкадаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Воронеж оид ба корҳои илм, профессор Осипенко Анатолий Леонидович, Сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Донишкадаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Воронеж, профессор, подполковники политсия Миненко Павел Виталевич, муовини аввали сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларусия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Башан Алексей Владимирович ва намояндагон аз Гурӯҳи оперативӣ-минтақавии Осиёи Марказии Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфноки (БКБОП) ИДМ иштирок намуда истодаанд.
Бояд гуфт, мақсад аз гузаронидани конференсия муайян намудани мавқеи илми оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар низоми илмҳои ҳуқуқӣ, таҳлили проблемаҳо, алоқамандӣ ва мутобиқкунии қонунгузориҳои мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад. Ғайр аз ин, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар солҳои охир бо мушкилоту муаммоҳои зиёде рӯ ба рӯ гардида, имрӯз аз нигоҳи илмӣ зарурати ҳалли онҳо ба миён омадааст. Аз ҷумла, дар замони муосир масъалаи амалисозии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар макон, ки дар шароити густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки терроризму экстремизм мураккаб гардидаву мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти муҳим пайдо кардааст, ниҳодҳои дахлдори ин давлатҳоро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд. Ин аст, ки масъалаҳои мазкур дар адабиёти ҳуқуқӣ баҳсҳоро ба миён оварда, мутахассисони соҳаро водор месозанд, ки ба таҷрибаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ навовариҳо ворид намоянд. Воридсозии ин тағйиротҳо бояд дорои шаклҳои нав ва унсурҳои пурмазмун бошанд, зеро самти номбурда бо назардошти гуногунмазмун будани қонунгузории ҳар як кишвари аъзои ИДМ ба мушкилиҳои муайян дучор гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар доираи амалисозии муқаррароти банди 5-и Нақшаи гузаронидани ҷаласаҳои илмӣ, илмӣ-техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, съездҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016 тасдиқ шудааст, инчунин, дар доираи амалигардонии муқаррароти банди 2.1. Қарори Мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки бо фармони Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 тасдиқ гардида буд, гузаронида мешавад.
Айни замон, конференсияи байналмилалӣ идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.