|
30 ноябри соли 2016, дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ, дарки масъулиятшиносӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар фаъолияти хизматӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Коррупсия ва таъсири манфии он ба рушди ҷомеа» баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимияти мавзӯи конференсия ҷалб намуд.
29 ноябри соли 2016, дар Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи кормандон: проблемаҳои назария ва амалияи татбиқи он» баргузор гардид.
Конференсияро сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода оғоз намуда, зимни суханронӣ қайд намуд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу ҳимояи манфиатҳои кормандон диққати махсус зоҳир намуда, тамоми чораҳои заруриро дар ин самт андешида истодаанд. Ин масъала аз мадди назари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барканор намондааст. Борҳо таъкид менамояд, ки «муҳайё намудани шароити ҳар чи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».
Санаи 29 августи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.
Дар рафти ин чорабинии муҳим аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корманди Вазорати корҳои дохилӣ, профессори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Юлдошев Рифат Раҳматҷонович барои дастовардҳои назаррасаш дар соҳаи илм бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Рӯзҳои 5 ва 12 июни соли ҷорӣ дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Иттилоот дар бораи Кишвари асл (ИКА)», ки ташкилкунандаи он Намояндагии Шӯрои Даниягӣ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон буд, гузаронида шуд.
Ҳамагӣ дар курси омӯзишӣ 120-нафар курсантони курсҳои 3 ва 4 факултети № 2 Академияи ВКД иштирок намуданд.
15-уми июн дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ семинар - машварати илмии ғайринақшавии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар мавзӯи "Пешгирии зӯроварӣ дар оила" бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагон аз мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия иштирок намуданд.
Соли 2015 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо «Соли оила» эълон гардида буд. Бо ҳамин мақсад ҷиҳати идомаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат оид ба эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» дар факултаи рақами 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Оилаи солим - шоҳсутуни асосии давлатдорист» баргузор гардид.
Дар кори конфронс садорати муассисаи таълимӣ, омӯзгорону курсантон ва шунавандагони Академия иштирок намуданд.
Бо ташаббуси РВКД дар вилояти Суғд ва Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд конфронси вилоятӣ таҳти унвони «Мақоми занон дар оинаи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар толори «Кохи Рудакӣ»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида ба Рӯзи бйналмилалии оила бахшида шуд.
Имрӯз (13.06.с.2016), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд семинар оид ба масъалаҳои амнияти киберфазо ва нақши CERT-и бисёрҷониба дар ҳалли онҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаю идораҳои давлатӣ оғоз гардид.
Имрӯз (12.04.с.2016), дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои илмӣ бахшида ба «Рӯзи касбии олимони кишвар» бо иштироки олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм баргузор гардид.
(Анҷоми конференсия) Дар анҷоми конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосири илм ва қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлӯҳои гуногуни самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ посухҳои мушаххас дод.
(Идомаи конференсия) Дар нимаи дуюми рӯз конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ идома ёфта, сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати тафтиши пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Содиқов Раҷабалӣ Мирович дар мавзӯи «Назорати прокурорӣ ҳангоми амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо», муовини сардори Донишкадаи Воронежи ВКД Федератсияи Россия оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники политсия Осипенко Анатолий Леонидович доир ба «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар даврони рақамӣ, дурнамои мукаммалгардонӣ ва масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ», ходими пешбари илмии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии умумироссиягии ВКД Россия (Москва), доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия Омелин Виктор Николаевич оид ба «Проблемаҳои такмили қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Шодмон Шамс дар мавзӯи «Назоратбарии судӣ аз болои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Донишкадаи Воронежи ВКД Россия, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Миненко Павел Виталевич маърӯза намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Айни замон доир ба мавзӯъҳои зикргардида муҳокимарониҳо сурат гирифта, конференсияи мазкур идома дорад.
(Идомаи конференсия) Дар идомаи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосири илм ва қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар мавзӯи «Нақши илм дар рушди қонунгузорӣ ва амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муфассал баромад намуда, доир ба паҳлӯҳои муҳими амалияи фаъолияти опеативӣ-ҷустуҷӯӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки ҳамкории якҷоя дар кори таҳким бахшидани мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ аҳамияти бузург дорад.
(Идомаи конференсия) Дар ҷараёни конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосири илм ва қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Башан Алексей Владимирович дар мавзӯи «Қонунгузории нави Ҷумҳурии Беларус дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» баромад намуда, доир ба моддаҳои нав, тағйироту иловаҳо ва дастовардҳои Қонуни Ҷумҳурии Беларус «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муфассал маълумот дода, зикр кард, ки қонуни мазкур аз 74 модда иборат мебошад.
Имрӯз - 7 апрел, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосири илм ва қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, меҳмонон аз хориҷи кишвар, намояндагони Сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ оғоз гардид.
Конференсияро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфт.
![]() | Имрӯз | 178 |
![]() | Моҳ | 12122 |
![]() | Хамаги | 3861618 |
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.