Телефони «Боварӣ»-и бозгӯи мушкилот аст

Телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати фаъолияташ собит сохт, ки эътимоду боварии сокинони кишвар ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар беш аз пеш афзуда, шаҳрвандон бо мақсади пешгирии кору амалҳои номатлуб, ҳуқуқвайронкунӣ, сӯиистифода аз вазифа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои хеш ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пайваста бо роҳбарияти ВКД дар тамос мебошанд. Зангҳои телефонӣ ва муроҷиати доимии шаҳрвандон гувоҳи он аст, ки онҳо ба шафофияти фаъолияти кормандони милитсия боварӣ ҳосил карда, имрӯз дар симои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муҳофизони ҳуқуқу тартибот, сулҳу субот ва оромӣ дар кишварро мебинанд.

 
Хабарҳои телефони боварӣ воқеъбинона мавриди санҷиш қарор дода мешаванд

Дар моҳи сентябри соли равон 57 арзу шикояти шаҳрвандон тариқи телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ворид гардид, ки онҳо мазмуну мӯҳтавои гуногун дошта, одамон аз мушкилоту душвориҳое, ки онҳоро ба ташвиш оварда буд, содиршавии қонуншиканӣ, қоидавайронкуниҳо, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муроҷиат намуданд, ки ҳамаи он барои моҳиятан дида баромадан ба раёсатҳои дахлдор барои санҷиш ирсол карда шуданд.

 
Ҳамкориҳои судманд бо шаҳрвандон

Иқдоми пешгирифтаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамзон Раҳимов дар самти қабули арзу шикоят ва дархости шаҳрвандон аз ҷониби сокинони кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, вобаста ба ҳалли мушкилоту муроҷиати шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳамкории зич бо аҳолӣ, қабули арзу шикоят ва барраси муроҷиати шаҳрвандон дар самти пешгирии кору амалҳои хилофи қонун, ба ошкор кардани ҷиноят ва таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат намуда, эътимоду боварии онҳоро нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ меафзояд.

 
Телефони боварии 221-21-21, робитаи боэътимод аст!

Бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҷону мол ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша талош мекунад, ки кормандони мақомоти милитсия рисолати касбии худро дар ҷомеа пурра амалӣ намуда, кафили боэътимоди давлату миллат бошанд. Дар қатори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор кардани кирдорҳои хусусияти ҷиноӣ дошта роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ пайваста роҳу усулҳоеро ҷӯё ва амалӣ месозанд, ки ҳар чи бештар дар фаъолияти худ робитаю ҳамкориро бо шаҳрвандон зичтар намоянд. Бо ин мақсад Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аз оғози фаъолияти худ ба ин маснад иқдоми наҷиберо ба роҳ мондаанд, ки ин таъсис додани телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ таҳти шумораи 221 21 21 мебошад.

 
Муроҷиати шаҳрвандон ҳалли худро меёбад

Муроҷиати шаҳрвандон ва ҳамкории судманди аҳолӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ яке аз роҳҳои пешгирии кору амалҳои номатлуб ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Аз рӯзи ба фаъолият оғоз кардани телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои сӯиистифода аз вазифа, кору амалҳои хилофи қонун ва ҳалли мушкилоти корафтодагон арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин замина нисбати камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ карда мешавад.

 
Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

(моҳи майи соли 2012)

Фаъолияти телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ мушкилкушои бисёре аз шаҳрвандон гардида, ҳамзамон дар муддати кӯтоҳи таъсиси он даҳҳо ҷиноятҳои вазнин ошкор карда шуда, бисёре аз ҷиноятҳое, ки бо сабабҳои гуногун аз қайд пинҳон монда буданд ба қайд гирифта шуда, ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳимоя ва зарари моддии онҳо барқарор карда шуданд, ки пайваста тариқи телефонии боварӣ сипосу миннатдории онҳо барои таъсиси чунин як робитаи боэътимод бо роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ ворид мегардад. Ҳамин аст, ки зангҳои телефонӣ бо маълумоти дақиқ оиди ҷинояту қонуншиканӣ, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бештар ворид мегардад.

 
Телефони Боварӣ

Дар моҳи апрели соли равон 62 арзу шикояти шаҳрвандон тариқи телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ ворид гардид, ки онҳо мазмуну мӯҳтавои гуногун дошта, одамон аз мушкилоту душвориҳое, ки онҳоро ба ташвиш оварда буд, содиршавии қонуншиканӣ, қоидавайронкуниҳо, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муроҷиат намуданд, ки ҳамаи он барои моҳиятан дида баромадан ба раёсатҳои дахлдор барои санҷиш ирсол карда шуданд.

Аз ин шумораи хабарҳои воридгардида 36 далелаш санҷида шуда, баъд аз андешидани чораҳои қонунӣ ҷавоби хаттии он ба арзкунандагон ирсол карда шудааст.

 
Дар баробари рушд

Дар баробари рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа олами ҷиноӣ низ ташаккул ёфта, инкишофи муосиртарин шаклҳои ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва яроқи оташфишон, махфинигаҳдории ҳаракатҳои гурӯҳҳои ҷинояткор, дараҷаи баланди таҳҷизоти техникии онҳо ба мушоҳида расида, водор месозад, ки роҳҳои нави ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кашф карда шуда, воситаҳои мавҷуда ва усулҳои ҷамъоварии далелҳо, ба даст овардани иттилои саривақтӣ пурзур карда шаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои беҳтарини ба даст овардани натиҷаҳои мазкур ин ҳолати пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мебошад. Ин талабот омӯзиши ҳаматарафаи назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба миён оварда, тақозои боз ҳам инкишоф ёфтани онро дорад.

 
Натичаҳои моҳона

Натиҷаҳои моҳона оид ба қабули

муроҷиатҳои шаҳрвандон бо тариқи телефонии боварӣ

Пешгирии ҷинояткориву таъмин суботу оромӣ дар кишвар, на танҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар фарди солимақли ҷомеа ба шумор меравад, ки ин танҳо дар натиҷаи ҳамкории зичи шаҳрвандон ба даст меояд. Маҳз бо мақсади густариши ҳамкории мардум бо кормандони милитсияи бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар назди Вазорати корҳои дохилӣ телефони боварӣ таъсис дода шуд.

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742646
ИмрӯзИмрӯз629
МоҳМоҳ22348
ХамагиХамаги3742646

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.