Муроҷиатҳо ба рақами телефони боварӣ таҳти назорати махсус мебошанд

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ бо рақами 221-21-21 шабонарӯзӣ фаъолият дорад. Шаҳрвандони ҷумҳурии азизамон ба ин рақам занг зада оиди мушкилиҳо, ки вобаста ба мубориза бо ҷинояткорӣ, таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо муроҷиат менамоянд. Ҳар як муроҷиати ба ин рақами телефон пешниҳод гардида таҳти назорат қарор дода мешавад ва дар мӯҳлати 10 шабонарӯз аз ҷониби мақомотҳои дахлдори вобасташуда баррасӣ гардида, аз рӯи он қарори қонунӣ қабул шуда, ба унвони шаҳрванд ҷавоби хаттӣ ирсол карда мешавад.

 
Телефонҳои таъҷилии милитсия 02 ва 102

Яке аз рақамҳои таъҷилии телефонӣ барои гирифтани ёрӣ рақамҳои 02 ва 102 мебошанд. Бо чунин рақамҳои телефонӣ метавон таъҷилан ба мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ хабар дод. Аз истифодаи ин рақами телефон дар даврони шуравӣ ҳам бомаврид истифода мекарданд. Вазифаи аввалиндараҷаи ин телефон таъҷилан расонидан кӯмак мебошад. Албатта, дар даврони шуравӣ барои занг задан ба милитсия танҳо рақами 02 рақамгирӣ мешуд. Њоло бошад шаҳрвандон ба ғайр аз телефонҳои хонагӣ (идоравӣ)  телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)-ро зиёдтар истифода мебаранд. Вале, то ҳол на ҳамаи шаҳрвандон медонанд, ки аз телефонҳои ҳамроҳ ба милитсия чи тавр бояд занг зананд.

Дар ҳолатҳои таъҷилӣ ба милитсия бо кадом рақам телефон кардан лозим аст?

Бо рақами «02» муштариёни ширкатҳои «Мегафон» ва «Тселл» ва бо рақами «102» муштариёни ширкатҳои «Билайн», «Вавилон мобайл», «Тека мобайл» ва «М-теко» занг зада, ба телефони таъҷилии милитсия пайваст мегарданд. Тариқи телефонҳои шаҳрӣ бошад, шаҳрвандон мисли пештара ба рақами «02» занг зада ба милитсия таъҷилан муроҷиат карда метавонанд.  

 
Телефони «02» - ҳамеша кӯмакрасони мардум

Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор Президенти мамлакат,  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсияро бо аҳолӣ хеле муҳим шумориданд.

Дар ҳамин асос бо мақсади дар ҳаёт амалӣ намудани талаботи мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари ба дигар самтҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа аҳамият додан, ба фаъолияти телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

 
Сифат ва самараи муроҷиати шаҳрвандон тариқи телефони боварӣ беҳтар гардидааст

Дар ҳақиқат телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ, ки шабонарӯзӣ фаъолият дорад, барои шаҳрвандон сабукиҳои зиёдеро пеш овард ва ба дарди онҳо дармон гашт. Ҳар як хабари воридгардида, таҳти назорат қарор гирифта, ҳалли қонунии худро пайдо карда истодааст. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 тариқи телефони боварӣ ба Вазири корҳои дохилӣ 621 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, дар 252 ҳолат оиди содиршавии ҷиноятҳо, яъне 5 ҳолати одамкушӣ, 13 ҳолати таҷовуз ба номус, 45 ҳолати дуздӣ, 84 ҳолати лату кӯб, 59 ҳолати бар нагардонидани пули қарз, 19 ҳолати ситонидани ришва, 6 ҳолати гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор ва 21 ҳолати фурухтани замин муроҷиат намудаанд.

 
Ҳамкорӣ ва алоқаи мардум тариқи «Телефони боварӣ»

«Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 221-21-21 шабонарӯзӣ амал карда истодааст ва ба он эҳтиёҷмандон аз ҳама шабакаҳои телефонӣ дар бораи қонуншиканиҳо муроҷиат менамоянд. Тамоми арзу шикоятҳо бевосита ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, оид ба ҳар яки он санҷиш гузаронида мешавад.

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2014 тариқи «Телефони боварӣ» 190 хабар ворид гардид, ки аз онҳо 5 хабар дар бораи содиршавии ҷиноят ва 185 хабар дар бораи дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд.

 
Эътимоди шаҳрвандон ба телефони «Боварӣ»

Дар муддати сипаригардидаи соли 2013 аз ҷониби Гурӯҳ оид ба телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 624 муроҷиати шаҳрвандони кишвар қабул гардидааст, ки ҳамаи он бо супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аз ҷониби бахшҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ мавриди тафтишу баррасии воқеъбинона қарор дода шуда, ба шаҳрвандон ҷавобҳои хаттӣ ирсол карда шуданд.

 
Телефони "Боварӣ"-и Вазири корҳои дохилӣ

Дар моҳи сентябри соли равон 48 арзу шикояти шаҳрвандон тариқи телефони "Боварӣ"-и Вазири корҳои дохилӣ ворид гардид, ки онҳо мазмуну мӯҳтавои гуногун дошта, одамон аз мушкилоту душвориҳое, ки онҳоро ба ташвиш оварда буд, содиршавии қонуншиканӣ, қоидавайронкуниҳо, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муроҷиат намуданд, ки ҳамаи он барои моҳиятан дида баромадан ба раёсатҳои дахлдор барои санҷиш ирсол карда шуданд.

 
Баҳри густариши равобит

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри густариши ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бартараф намудани камбудиву норасогиҳо дар ҷомеа ва дар мақомоти корҳои дохилӣ воситаҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст, ки муҳимтарини он таъсиси телефонии боварии Вазири корҳои дохилӣ мебошад.

Инак беш яз як сол мешавад, ки ин алоқаи боэътимоди мардум бо роҳбари аввали ин мақомоти бонуфузи кишварамон буда, дар ҳалли бисёре аз мушкилоти шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷомеа ва ошкор гаштани хатокорӣ ва рафъи он дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ таъсири ҷиддӣ гузоштааст.

 
Самараи алоқаи боэътимод

Инак беш аз як сол мешавад, ки бо ташаббуси бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ бо гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳар нафар метавонад вобаста ба мушкилии пешомада, содиршавии ҷинояткорӣ, қоидавайронкуниҳои маъмурӣ, беэътиноӣ, хунукназарӣ, ба таври зарурӣ анҷом напазируфтани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони милитсия, фикру ақида ва пешниҳоди худро доир ба беҳтар намудани шакли хизматрасонии ин мақомоти муҳими давлатӣ иброз намояд.

 
Робита бо телефони боварии 221.21.21 мусоидат ба пешгирии ҷиноятҳо

Барои беҳтар шиносоӣ пайдо кардан аз фаъолияти шабонарӯзии телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ, 221-21-21 натиҷаҳои ба даст омадае, ки дар асоси арзу шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандон хулосабардорӣ мешавад, ҳар моҳ натиҷабардорӣ карда мешавад.

Масалан, моҳи марти соли равон низ чун моҳҳои сипаргардидаи  соли 2013 шаҳрвандон тавассути телефони боварӣ ба унвони роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиатҳои гуногунмавзӯ ворид гардидааст, ки шумораи умумии арзу шикоят ва пешниҳодҳои шаҳрвандон ҷиҳати бартараф кардани баъзе аз қонунвайронкунию ошкорсозии камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта 61-ҳолатро ташкил медиҳанд.

 
Эътимод ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ меафзояд

Баҳри ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон, сари вақт баррасӣ намудани арзу мушкилоти шаҳрвандон вобаста ба ҳуқуқу тартибот, пешгирию ошкор кардани ҷиноятҳо дар робита бо аҳолӣ зиёда аз 1-сол аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 221-21-21 фаъолияти шабонарӯзӣ дорад. Ҳамаррӯза шаҳрвандон бо дархосту муроҷиатҳои худ бевосита тавассути телефони мазкур ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар тамос шуда, аз ҷониби масъулони вазорат  ба дархости онҳо  ҷавобҳои қонеъкунанда дода мешавад. Арзу дархост ва пешниҳоди шаҳрвандон на танҳо аз мушкилоти ҳуқуқии рӯзгори худи онҳо мебошад, балки дар муроҷиатҳои худ шаҳрвандон оиди пешгирию ошкор кардани ҷиноятҳо ва бартараф кардани баъзе аз камбудиҳое, ки дар ҷомеа, бахусус дар фаъолияти хизматии кормандони милитсия ҷой доранд, муроҷиат мекунанд. Моҳи  феврали сипаригардидаи соли равон низ телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ чун моҳҳои гузашта, аз арзу муроҷиати шаҳрвандон холӣ набуд.

 
Як соли фаъолияти телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

Ба фаъолият оғоз намудани телефонии боварии Вазири корҳои дохилӣ, ки дар муддати як соли фаъолияти худ мушкилкушои бисёре аз шаҳрвандон гардида, ҳамзамон дар муддати кӯтоҳи таъсиси он даҳҳо ҷиноятҳои вазнин ошкор карда шуда, бисёре аз ҷиноятҳое, ки бо сабаби ноумедӣ ва мурољиат накардани шањрвандон ба қайд гирифта нашуда буданд, ба қайд гирифта шуданд.  Ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳимоя ва зарари моддии онҳо барқарор карда шуданд, ки пайваста тариқи телефонии боварӣ сипосу миннатдории онҳо барои таъсиси чунин як робитаи боэътимод бо роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ ворид мегардад.

Инчунин ин робитаи боэътимод дар ҳалли садҳо мушкилии маҳалу минтақаи зисти шаҳрвандон, ба монанди халалрасонии ҷамъшавии нақлиёту автомашинаҳои мусофиркаш дар назди биноҳои истиқоматӣ, монеаҳо дар роҳҳо ва рафтуомади пиёдагардону ронандагон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ дар рӯзгори онҳо, дуруштмуомилагӣ ва поймоли ҳуқуқу озодиҳои онҳо аз ҷониби худи кормандони милитсия бартараф карда шуда, чунин кормандон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд ва ё аз мақомот барканор карда шуданд.

 
Телефони боварӣ сазовори боварист!

Соли дуввум аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ бо рақамҳои 221-21-21 амал мекунад, ки он дар байни аҳолӣ сазовори бовариву эътимод гардида, шаҳрвандон оиди мушкилоташон, ки аксаран дар маҳалҳо ҳалли худро намеёбад, тавассути он муроҷиат менамоянд. Ҳамин аст, ки пайваста зангҳои телефонии шаҳрвандон бо арзи миннатдориву сипос ба увони Вазири корҳои дохилӣ ворид гардида, нафарони зиёде аз ҳалли саривақтии масъалаҳои мубраме, ки муддатҳои дароз онҳоро ташвиш медод, изҳори хушнудӣ менамоянд.

 
Телефони боварӣ

Дар моҳи октябри соли равон 67 арзу шикояти шаҳрвандон тариқи телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ворид гардид, ки онҳо мазмуну мӯҳтавои гуногун дошта, одамон аз мушкилоту душвориҳое, ки онҳоро ба ташвиш оварда буд, содиршавии қонуншиканӣ, қоидавайронкуниҳо, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муроҷиат намуданд, ки ҳамаи он барои моҳиятан дида баромадан ба раёсатҳои дахлдор барои санҷиш ирсол карда шуданд.

 Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида айни замон 38 хабараш санҷида шуда, хулосаи он, ба шаҳрванди шикоятнамуда ирсол гардидааст, ҳоло санҷиши далелҳои дигари воридгардида  идома дошта, ҳар яки он, ба таври воқеъбинона ва диқиқан мавриди санҷиш қарор доранд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3818391
ИмрӯзИмрӯз468
МоҳМоҳ17896
ХамагиХамаги3818391

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.