52260 муроҷиат тариқи телефони 02 ва 102

Дар Вазорати корҳои дохилӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки алоқа ва ҳамкории аҳли ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи хуб қарор дошта бошад. Албатта барои ин воситаҳои гуногуни алоқа, ба монанди телефони 02 ва 102, телефони боварии Вазири корҳои дохилии Љумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақа ва ноҳияи Рашт (22121) ташкил карда шудааст ва фаъолият доранд. 

Инчунин телефонҳои қисмҳои навбатдории Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти ин мақомотҳо, телефонҳои нозирони минтақавии милитсия низ ба истиқоматкунандагон мунтазам расонида шудаанд. Њамаи ин корҳо бо мақсаде иҷро гардидааст, ки шаҳрвандон тавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ алоқа ва ҳамкорӣ дошта бошанд. Омӯзиш нишон дод, ки алоқа ва ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба солҳои пеш хело беҳтар гардидааст. Дар давоми соли 2015 дар ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон ба телефонҳои боварӣ 2539 нафар муроҷиат намудаанд, аз ҷумла ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 1340 нафар, ба телефони боварии сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе 30 нафар, вилоятҳои Хатлон 356 нафар, Суғд 728 нафар, ВМКБ 50 нафар ва минтақа ва ноҳияи Рашт 35 нафар мебошад.

Мисли солҳои пеш шаҳрвандон аз телефони 02 ва 102 (милитсия) бештар истифода намудаанд ва ин рақамҳо дар ҳақиқат мададрасони мардум гардидааст. Дар дилхоҳ вақт одамон аз ин рақамҳои телефон истифода намуда, дар бораи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба милитсия хабар мерасонанд.

Дар давоми соли 2015 дар ҷумҳурӣ тариқи телефони 02 ва 102 оиди содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо 52260 нафар шаҳрвандон занг зада хабар расонидаанд, ки дар 50344 ҳолат хабари расонидашуда тасдиқ гардидааст. Танҳо 1916 хабар тасдиқ нагардидааст. Дар ин муддат 6721 ҳуқуқвайронкунӣ дар асоси хабарҳои телефони  «02 ё 102» сари вақт, яъне дар гармогармӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст. Санҷиши 3565 хабари қабулгардида аз рӯи муҳлати муқарраргардида давом доранд.

Аз 52260 хабари қабулгардида 8802 хабар дар бораи ҷиноятҳо мебошанд, ки аз онҳо 7589 хабар тасдиқ гардида, 6721 ҷиноят сари вақт (дар гармогармӣ) кушода шудааст. Аз хабарҳои дар бораи ҷиноят расонидашуда дар 1213 ҳолат онҳо тасдиқ нагардидаанд. Аз рӯи 3565 хабар санҷишҳо идома доранд.

Дар давоми сол ба воситаи телефони 02 ва 102 оиди содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ 51 хабар, одамрабоӣ 2 хабар, хариду фуруши одамон 1 хабар, қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ 347 хабар, таҷовуз ба номус 43 хабар, гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир 561 хабар, тамаъҷӯӣ 16 хабар, роҳзанӣ 14 хабар, ғоратгарӣ 80 хабар, авбошӣ 335 хабар, дуздӣ 2485 хабар, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ 7 хабар, ғасби гаравгон 7 хабар, рабудани воситаи нақлиёти автомобилӣ 36 хабар, убури ғайриқонунии сарҳад 3 хабар, ҷиноятҳои иқтисодӣ 194 хабар ва дигар ҷиноятҳо 4005 хабар расонида шудааст.

Омӯзиш нишон дод, ки дар 6239 ҳолат шаҳрвандон дар бораи содиршавии ҳодисаю воқеаҳо (садамаҳои нақлиётӣ, ҳодисаҳои нохуш, сухтор, худкушӣ, шахсони бедарак ғайбзада) хабар додаанд, ки аз ин оиди садамаи нақлиётӣ 1179 хабар, 1525 хабар оиди ҳодисаҳои нохуш, 843 хабар оиди сухтор, 431 хабар оиди худкушӣ, 457 хабар оиди шахсони бедарак ғайбзада, 1804 хабар оиди дигар ҳодисаҳои зиндагӣ мебошанд.

Аз хабарҳои тариқи телефони 02 ва 102 ба «Милитсия» хабар додашуда 37219 хабар дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад, ки аз онҳо дар 551 ҳолат оиди майдаавбошӣ, дар 29875 ҳолат оиди вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар 3525 ҳолат дар бораи риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ ва дар 3268 ҳолат дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошанд.

Омӯзиш нишон дод, ки муроҷиати шаҳрвандон тариқи телефонҳои таъҷилии милитсия (02 ва 102) беҳтар гардида, самаранокии онҳо хубтар шудааст.

Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3826417
ИмрӯзИмрӯз983
МоҳМоҳ25922
ХамагиХамаги3826417

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.