Ба телефони боварӣ эътимод меафзояд

Телефони боварӣ воситаи муҳими алоқаи мардум бо роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз се сол аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақа ва ноҳияи Рашт (22121) фаъолият доранд. Ба воситаи ин телефони боэътимод сокинони кишварамон имконияти васеъ доранд, ки ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои номбаршуда муроҷиат намоянд. Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби кормандони телефони боварӣ қабул гардида, дар китобҳои махсус ба қайд гирифта мешаванд ва ҳамарӯза ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳо пешниҳод мегарданд.

Фаъолияти телефонҳои боварӣ мунтазам ҷамъбаст гардида, аз натиҷаи он дар воситаҳои ахбори омма маълумотҳо пешниҳод карда мешаванд. Љамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин телефонҳо нишон дода истодааст, ки шаҳрвандон аз ин воситаи алоқаи боэътимод самаранок истифода менамоянд. Дар давоми соли 2015 дар ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон ба телефонҳои боварӣ 2539 нафар муроҷиат намудаанд, аз ҷумла ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 1340 нафар, ба телефони боварии сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе 30 нафар, вилоятҳои Хатлон 356 нафар, Суғд 728 нафар, ВМКБ 50 нафар ва минтақа ва ноҳияи Рашт 35 нафар мебошад.

Зимни баррасӣ дар 884 ҳолат арзу шикоятҳо тасдиқ гардида, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои қонунӣ андешида шудааст, аз ҷумла аз муроҷиатҳои ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳодшуда дар 338 ҳолат, аз муроҷиатҳои ба сардорони РВКД дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда 26 ҳолат, аз вилояти Хатлон 131 ҳолат, вилояти Суғд 296 ҳолат, ВМКБ 38 ҳолат, минтақа ва ноҳияи Рашт 35 ҳолат.

Омӯзиш нишон дод, ки муроҷиати шаҳрвандон масъалаҳои гуногунро дар бар мегиранд, вале бештари онҳо оиди содиршавии ҷиноятҳо мебошанд. Дар давоми соли 2015 оиди ҷинояти одамкушӣ 8 нафар, таҷовуз ба номус 18 нафар, дуздӣ 225 нафар, лату кӯб 292 нафар, оиди бар нагардонидани қарз 257 нафар, оиди ситонидани ришва 41 нафар, оиди гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор 38 нафар, оиди ғайриқонунӣ фурӯхтани замин 26 нафар, қаллобӣ 11 нафар, дигар намуди ҷиноятҳо 78 нафар, оиди сухтор 3 нафар муроҷиат намудаанд. Инчунин 548 муроҷиатҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд, аз ҷумла 372 муроҷиатҳо дар бораи майдаавбошиҳо, 1 муроҷиат оиди ғайриқонунӣ ҷалб намудани ноболиғон ба таълимоти динӣ, 39 муроҷиат оиди бе ному нишон гум шудани одамон, 30 муроҷиат оиди вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, 2 муроҷиат оиди ғайриқонунӣ истифода намудани хатти барқ, 15 муроҷиат оиди риоя накардани тозагӣ, 5 муроҷиат оиди бе иҷозат истифода бурдани замин, 2 муроҷиат оиди қиморбозӣ, 3 муроҷиат оиди фаъолияти марказҳои дилхушӣ, 84 муроҷиат оиди дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошанд, ки нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.   

Аз муроҷиатҳо ба телефонҳои боварии ВКД дар ҷумҳурӣ дар 1389 ҳолат, ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ҷой надоштанд, вале дар асоси ин муроҷиатҳо дар ҷойҳо корҳои пешгирӣ ва огоҳсозӣ анҷом дода шуданд.

Албатта дар муроҷиатҳо ба Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Раёсатҳо шикоятҳо аз амалҳои ғайриоинномавии кормандони милитсия ҳам ҳастанд. Дар асоси чунин шикоятҳо нисбати 211 корманд чораҳои интизомӣ андешида шудааст, аз ҷумла аз рӯи муроҷиатҳо ба Вазири корҳои дохилӣ 94 нафар, аз рӯи муроҷиатҳо ба сардорони Раёсатҳои вилоятҳои Суғд 90 нафар, Хатлон 18 нафар, минтақа ва ноҳияи Рашт 9 нафар ба ҷазоҳои интизомӣ ҷалб карда шудаанд.

Махсус қайд намудан бо маврид аст, ки ҳар як муроҷиат дар назорат буда, аз болои онҳо ҳатман санҷиш гузаронида мешавад. Аз рӯи моҳияти шикоятҳо дар 1201 ҳолат муроҷиатҳо вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва дар 455 ҳолат вобаста ба ҷиноятҳо пешниҳод гардидаанд. Дар ин асос 481 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 176 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гунаҳгорон ба ҷазоҳои сазовор ҷалб гардидаанд. Дар ҳолати санҷиш 119 муроҷиат қарор дорад.

Вазъи ҷаҳонӣ босуръат тағйирёбанда, хатару таҳдидҳои муосир, проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, пайи ҳам такрор шудани офатҳои табиӣ ва амсоли инҳо ҳар як сокини диёрамонро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар сари вақт бо телефони боварӣ, телефони 02 ё телефонҳои қисмҳои навбатдорӣ ба навбатдорон оиди ҳодисаю воқеаҳо, ҷиноятҳо муроҷиат намоем. Аз амали ҳар яки мо оромии ҷомеа ва тартибу низом дар кишварамон вобаста аст.

Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742787
ИмрӯзИмрӯз770
МоҳМоҳ22489
ХамагиХамаги3742787

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.