Муроҷиатҳо ба рақами телефони боварӣ таҳти назорати махсус мебошанд

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ бо рақами 221-21-21 шабонарӯзӣ фаъолият дорад. Шаҳрвандони ҷумҳурии азизамон ба ин рақам занг зада оиди мушкилиҳо, ки вобаста ба мубориза бо ҷинояткорӣ, таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо муроҷиат менамоянд. Ҳар як муроҷиати ба ин рақами телефон пешниҳод гардида таҳти назорат қарор дода мешавад ва дар мӯҳлати 10 шабонарӯз аз ҷониби мақомотҳои дахлдори вобасташуда баррасӣ гардида, аз рӯи он қарори қонунӣ қабул шуда, ба унвони шаҳрванд ҷавоби хаттӣ ирсол карда мешавад.

Дар давоми 11 моҳ ба рақами 221-21-21 (телефони боварӣ) 1033 нафар шаҳрвандон занг зада муроҷиат намудаанд. Ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ аз истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе 325 нафар, аз истиқоматкунандагони вилояти Хатлон 143 нафар, аз истиқоматкунандагони вилояти Суғд 105 нафар, аз истиқоматкунандагони ВМКБ 3 нафар, аз истиқоматкунандагони ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 167 нафар ва дигарон муроҷиат намудаанд.

Дар 428 маврид шаҳрвандон дар бораи ҷиноят, ки аз онҳо 9 муроҷиат оиди одамкушӣ, 19 муроҷиат оиди таҷовуз ба номус, 86 муроҷиат оиди дуздӣ, 166 муроҷиат оиди лату кӯб, 88 муроҷиат оиди бар нагардонидани қарз, 26 муроҷиат оиди ситонидани ришва, 7 муроҷиат оиди гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор, 27 муроҷиат оиди ғайриқонунӣ фурухтани замин мебошад, муроҷиат намудаанд. Дар 210 ҳолат шаҳрвандон дар бораи содиршавии амалҳои маъмурӣ, ки дар 192 ҳолат оиди майдаавбошӣ, дар 3 ҳолат оиди риоя нагардидани тозагӣ, дар 15 ҳолат оиди бедарак гумшавии одамон мебошад, муроҷиат намудаанд.

Ҳар як ҳолати дар муроҷиатҳо арзшуда дақиқ ва ҳаматарафа санҷида шудааст. Мутаасифона на ҳамаи онҳо  тасдиқи худро ёфтаанд. Хушбахтона дар 422 маврид ҳолати дар муроҷиатҳо арзшуда тасдиқи худро ёфтаанд, ки аз онҳо дар 2 маврид оиди одамкушӣ, дар 4 маврид оиди таҷовуз ба номус, дар 14 маврид оиди дуздӣ, дар 63 маврид оиди лату кӯб, дар 39 маврид оиди бар нагардонидани пули қарз, дар 24 маврид оиди ситонидани ришва, дар 1 маврид оиди гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор ва дар 4 маврид оиди ғайриқонунӣ фурухтани замин мебошад. Аз 210 муроҷиат, ки оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ буданд, дар 137 ҳолат тасдиқи худро ёфтаанд.

Ҳолати овардашуда нишон дода истодааст, ки шаҳрвандон бо боварӣ занг зада, арзу шикояти худро ба Вазири корҳои дохилӣ расонида истодаанд. Албатта чунин муроҷиат дар ҳолатҳои зарурӣ мебошад, чунки асосан арзу шикояти шаҳрвандон оиди ҷиноятҳо тариқи Қисмҳои навбатдории мақомоти корҳои дохилӣ, нозирони минтақавӣ, кормандон қабул гардида сари вақт чораандешӣ мешаванд. Ба ғайр аз ин муроҷиатҳои бо ҷиноятҳо вобаста набуда дар Котиботҳои мақомотҳои дохилӣ ҳамарӯза ба ғайр аз рӯзҳои якшанбе қабул гардида, баррасӣ мегарданд. Инчунин рӯзҳои шанбе роҳбарони ҳамаи мақомотҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо шаҳрвандонро шахсан қабул намуда, арзу шикояти онҳоро шунида, қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад. 

Ба ғайр аз телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ дар Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, дар вилоятҳо телефонҳои боварии сардорони Раёсатҳо ташкил шуда амал доранд, ки шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ муроҷиат менамоянд. Мутаасифона ба телефони боварии сардорони Раёсатҳо камтар муроҷиат шудааст. Ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ, 11 муроҷиатӣ, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон 192 муроҷиат ва ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд 467 муроҷиат оварда шудааст.

Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия. 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742769
ИмрӯзИмрӯз752
МоҳМоҳ22471
ХамагиХамаги3742769

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.