Телефонҳои таъҷилии милитсия 02 ва 102

Яке аз рақамҳои таъҷилии телефонӣ барои гирифтани ёрӣ рақамҳои 02 ва 102 мебошанд. Бо чунин рақамҳои телефонӣ метавон таъҷилан ба мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ хабар дод. Аз истифодаи ин рақами телефон дар даврони шуравӣ ҳам бомаврид истифода мекарданд. Вазифаи аввалиндараҷаи ин телефон таъҷилан расонидан кӯмак мебошад. Албатта, дар даврони шуравӣ барои занг задан ба милитсия танҳо рақами 02 рақамгирӣ мешуд. Њоло бошад шаҳрвандон ба ғайр аз телефонҳои хонагӣ (идоравӣ)  телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)-ро зиёдтар истифода мебаранд. Вале, то ҳол на ҳамаи шаҳрвандон медонанд, ки аз телефонҳои ҳамроҳ ба милитсия чи тавр бояд занг зананд.

Дар ҳолатҳои таъҷилӣ ба милитсия бо кадом рақам телефон кардан лозим аст?

Бо рақами «02» муштариёни ширкатҳои «Мегафон» ва «Тселл» ва бо рақами «102» муштариёни ширкатҳои «Билайн», «Вавилон мобайл», «Тека мобайл» ва «М-теко» занг зада, ба телефони таъҷилии милитсия пайваст мегарданд. Тариқи телефонҳои шаҳрӣ бошад, шаҳрвандон мисли пештара ба рақами «02» занг зада ба милитсия таъҷилан муроҷиат карда метавонанд.  

Шаҳрвандони муҳтарам бояд донанд, ки дар мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо кормандони алоҳида ҳамчун мутахассиси телефони 02 ба вазифа таъин гардида, иҷрои вазифа менамоянд. Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор Президенти мамлакат,  Љаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Љумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсияро бо аҳолӣ хеле муҳим шумориданд. Бо мақсади дар ҳаёт амалӣ намудани талаботи мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари ба дигар самтҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа аҳамият додан, ба фаъолияти телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02», ки шабонарӯзӣ фаъолият доранд, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Дар 11 моҳи соли 2014 тариқи телефонҳои таъҷилӣ ба милитсия 18466 маротиба шаҳрвандон занг задаанд. Аз ин шумора хабарҳои тариқи телефони таъҷилӣ расонидашуда 9052 хабар тасдиқи худро ёфтааст. Дар натиҷаи сари вақт расидани чунин хабарҳо 1182 ҳуқуқвайронкунӣ фавран (дар гармогармӣ) чораандешӣ гардидааст.

Омӯзиш нишон дод, ки дар 6119 ҳолат шаҳрвандон оиди содиршавии ҷиноятҳо тариқи телефони таъҷилии милитсия хабар додаанд, ки дар 5559 ҳолат онҳо тасдиқи худро ёфта, дар 1011 ҳолат сари вақт кушода шудаанд.

Таҳлил нишон дод, ки дар 42 маврид оиди содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ, дар 191 маврид оиди содиршавии расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ, дар 73 маврид оиди содиршавии таҷовуз ба номус, дар 397 маврид оиди содиршавии гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор, дар 19 маврид оиди содиршавии тамаъҷӯӣ, дар 13 маврид оиди содиршавии роҳзанӣ, дар 83 маврид оиди содиршавии ғоратгарӣ, дар 355 маврид оиди содиршавии авбошӣ, дар 1733 маврид оиди содиршавии дуздӣ, дар 7 маврид оиди ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ, дар 1 маврид оиди ғасби гаравгон, дар 30 маврид оиди рабудани воситаҳои нақлиёт, дар 10 маврид оиди убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва дар 1480 маврид оиди ҷиноятҳои иқтисодӣ тариқи телефони таъҷилии милитсия занг зада хабар дода шудааст.

Дар аксарияти мавридҳои содиршавии ҳодисаю воқеаҳо  шаҳрвандон тариқи телефони таъҷилии 02 ё 102 занг задаанд. Онҳо оиди содиршавии ҳодисаҳои сухтор дар 588 ҳолат, оиди содиршавии худкушиҳо дар 321 ҳолат, оиди бедарак ғайб задани одамон дар 348 ҳолат сари вақт занг зада хабар додаанд. Албатта аз хабарҳои тариқи телефони таъҷилӣ қабул гардида на ҳамаи онҳо тасдиқи худро ёфтаанд. Лекин амали таъҷилан хабар додан ба милитсия нишонаи иҷро намудани қарзи шаҳрвандӣ аст, ки сол аз сол дар шаҳрвандони мо ин масъулият зиёд шуда истодааст.

Махсус қайд намудан бомаврид аст, ки дар баробари афзудани шумораи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ теъдоди содиршавии садамаҳои нақлиётӣ низ зиёд шуда истодааст. Аз он, ки оиди содиршавии 4337 садамаҳои нақлиёти автомобилӣ сари вақт тариқи телефони таъҷилии милитсия хабар дода шудааст ба садҳо нафар таъҷилан кумаки тиббӣ расонида шуда, ҳолатҳои содиршавии садамаҳои нақлиётӣ сари вақт ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст. Дар 8009 маврид шаҳрвандон оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тариқи телефони таъҷилии милитсия занг зада хабар додаанд, ки дар 863 ҳолат онҳо тасдиқи худро ёфтаанд. Аз он ҷумла оиди 1298 ҳолати майдаавбошӣ, 4558 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои санитарӣ ва дар 2121 маврид оиди дигар ҳуқуқвайронкуниҳо хабар додаанд.

Омӯзиш нишон дод, ки боварии мардум ба милитсия сол аз сол зиёд шуда, дар ҳақиқат дар симои кормандони милитсия шаҳрвандон муҳофизатгарони низому тартиботро мебинанд ва барои ҳамин онҳо тариқи телефони таъҷилӣ – 02 занг зада оиди ҳодисаву воқеаҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо сари вақт хабар мерасонанд. Онҳо боварӣ доранд, ки кормандони милитсия ба ягон душворӣ нигоҳ накарда, сари вақт ба кӯмаки онҳо мешитобанд.  

Ғуломов Қ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742767
ИмрӯзИмрӯз750
МоҳМоҳ22469
ХамагиХамаги3742767

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.