Сифат ва самараи муроҷиати шаҳрвандон тариқи телефони боварӣ беҳтар гардидааст

Дар ҳақиқат телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ, ки шабонарӯзӣ фаъолият дорад, барои шаҳрвандон сабукиҳои зиёдеро пеш овард ва ба дарди онҳо дармон гашт. Ҳар як хабари воридгардида, таҳти назорат қарор гирифта, ҳалли қонунии худро пайдо карда истодааст. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 тариқи телефони боварӣ ба Вазири корҳои дохилӣ 621 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, дар 252 ҳолат оиди содиршавии ҷиноятҳо, яъне 5 ҳолати одамкушӣ, 13 ҳолати таҷовуз ба номус, 45 ҳолати дуздӣ, 84 ҳолати лату кӯб, 59 ҳолати бар нагардонидани пули қарз, 19 ҳолати ситонидани ришва, 6 ҳолати гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор ва 21 ҳолати фурухтани замин муроҷиат намудаанд.

Мисол: шаҳрванд Гулмаҳмадов Некрўз Абдуҷабборович оиди лату кӯб шуданаш муроҷиат намуда буд, ки дар ин асос парвандаи ҷиноятӣ таҳти №65503 нисбати Корчаев Ҷамшед Холович ва Султонова Тахмина Холмуродовна бо моддаи 237, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд ва аз рӯи муроҷиати шаҳрванд Шамсов Талбак Хушвахтович, ки оиди содир шудани дуздии молу амвол ворид гардида буд,  парвандаи ҷиноятӣ таҳти №37553 аз 31.05.с.2014 бо моддаи 244 оғоз карда шуда, гумонбари ҷиноят дар кофтуков қарор дорад.

Дар асоси муроҷиати шаҳрванд Олимов Давлатхуҷа Буриевич оиди бар нагардонидани қарз ба маблағи 2000 доллари амрикоӣ нисбати Шамсов Сироҷиддин Рӯзиевич парвандаи ҷиноятӣ таҳти №26660 оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ фиристода шудааст ва дар асоси муроҷиати шаҳрванд Султонов Абдураҳмон  Саидэҳсонович, ки автомашинаи шахсиаш дуздида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ таҳти №48237 нисбати шахсони номаълум оғоз карда шудааст.

Аз рӯи муроҷиати шаҳрванд Давлатов Ифтихор, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтааст, нисбати шаҳрванд Исоев Шоҳин парвандаи ҷиноятӣ таҳти №60368 аз 27.04.с.2014  бо моддаи 109, қисми 2 (ба худкушӣ расонидан) оғоз карда шуда, тафтиши он дар асосҳои қонунгузорӣ ба роҳ монда шуд.        

Дар 117 ҳолат шаҳрвандон оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ хабар додаанд, ки аз ин дар 114 ҳолат оиди кирдорҳои авбошона, яъне таҳқир, дашному ҳақорат буда, дар 3 ҳолат оиди риоя нагардидани тозагӣ мебошад.

Инчунин дар 11 ҳолат шаҳрвандон оиди бедарак ғайб задани хешу табор ё наздикон муроҷиат намудаанд, ки баъди расидани хабар таъҷилан чораҳои оперативӣ андешида шуда, гумшудагон, ки аксарият ноболиғон буданд, дарёфт гардиданд.

Як қисми муроҷиати шаҳрвандон ба Вазири корҳои дохилӣ оиди муносибати ғайриоинномавии кормандони мақомоти корҳои дохилиро ташкил медиҳад. Яъне 165 нафар шаҳрвандон оиди аз тарафи кормандон ба таври дахлдор иҷро нашудани вазифаҳои хизматӣ: сари вақт омода ва пешниҳод накардани шиноснома – 15 ҳолат, бе асос тартиб додани протокол дар бораи вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ – 66 ҳолат, бе асос даъват намудан ба назди корманди милитсия – 10 ҳолат, оиди дағалии кормандон – 29 ҳолат ва аз тарафи кормандон нишон додани зӯроварӣ – 21 ҳолат мебошанд, ки ҳамаи онҳо таҳти санҷиши ҳамаҷониба ва объективонаи мақомотҳои дахлдор қарор гирифтанд.

Албатта, дар вақти санҷишҳо на ҳамаи муроҷиатҳо тасдиқи худро ёфтаанд. Махсус қайд кардан бомаврид аст, ки дар 24 ҳолат шаҳрвандон оиди муносибати дағал ва ғайриоинномавии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ муроҷиат кардаанд. Дар ин асос нисбати 10 нафари онҳо ҷазоҳои сахти интизомӣ андешида шуда, дар ҳолатҳои боқимонда кормандон аз рӯи кирдор дар назди роҳбарият ё ҳайати шахсӣ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.

Санҷишҳои мақсадноки гузаронидашуда нишон дод, ки дар бисёр ҳолатҳо баъзе шаҳрвандон беасос аз болои кирдорҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шикоят оварда, худро аз ҷавобгарӣ дур карданӣ мешаванд. Ҳамин тавр, ҷамъ дар 138 ҳолат шикоятҳо тасдиқ нагардидаанд.     

Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки ҳар як муроҷиат сари вақт қабул карда шуда, мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, аз рӯи онҳо қарорҳои қонунӣ қабул карда шавад.  

Ғуломов Қ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.

 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3826319
ИмрӯзИмрӯз885
МоҳМоҳ25824
ХамагиХамаги3826319

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.